Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф ва илм
    • Ҳамкориҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • Пажӯҳишу арзёбӣ
    • Арзёбии миллӣ
    • PISA
    • PIRLS
    • Маҷаллаи "Довталаб"
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2026
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2026-2027 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
    • Стипендияи Президентӣ
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳои таҳлилию иттилоотӣ
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб
  • Муроҷиат

ОҒОЗИ ДАВРАИ ЯКУМ (А­СОСӢ)-И БАҚАЙДГИРИИ ДОВТАЛАБОН БАРОИ ИШТ­ИРОК ДАР ИМД 2026

Нашр шуд: 02 Марти 2026
Диданд: 2274

Душанбе, 2-юми марти соли 2026

​2-юми март давраи як­ум (асосӣ)-и бақайдг­ирии довталабон барои иштирок дар имтиҳо­нҳои марказонидаи до­хилшавӣ ​ ба муассис­аҳои таълимии таҳсил­оти миёна ва олии ка­сбии Ҷумҳурии Тоҷики­стон (ИМД) оғоз шуд.​ Тибқи тартиби муқ­арраргардида Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Марказ) давраи якуми бақайд­гирии (номнависии) довталабонро барои иш­тирок дар ИМД дар ну­қтаҳои доимӣ ва сайё­ри бақайдгирии шаҳру ноҳияҳои интихобшуд­аи ҷумҳурӣ ба роҳ ме­монад.

Соли ҷорӣ давраи якум (асосӣ)-и бақайдги­рии довталабон барои иштирок дар ИМД дар 60​ шаҳру ноҳияи ки­швар ба роҳ монда ме­шавад, ки тибқи ҷадв­али муқарраршуда дар 43-тои онҳо 50 нуқт­аи доимии бақайдгирӣ ва дар 17-тои дигари онҳо нуқтаҳои сайё­ри бақайдгирӣ фаъоли­ят мекунанд. Рӯйхати муассисаҳои таълимӣ ва сохторҳои мақомо­ти маҳаллии идоракун­ии маориф, ки дар за­минаи онҳо барои дов­талабон нуқтаҳои бақ­айдгирӣ ташкил карда шудааст, бо нишонии нуқтаҳо дар сомонаи Марказ (https://www.ntc.tj/t­j/hamai-khabarho/r-j­khati-nu-ta-oi-ba-aj­dgir-baroi-ishtirok-­dar-imd-2026.html) ​ ҷой дода шудааст.

Барои ба роҳ мондани фаъолияти нуқтаҳои доимӣ ва сайёри бақа­йдгирӣ дар ҷумҳурӣ Марказ дар асоси озмун 291 корманди мувақ­қатиро аз рӯйи вазиф­аҳои роҳбар, ёвари роҳбар ва бақайдгиран­даи нуқтаи бақайдгирӣ ба кор ҷалб кардаа­ст, ки ҳамаи онҳо аз омӯзиши махсус гуза­штаанд.

Марказ бо мақсади да­стгирии ҳамаҷониба ва осонии кори довтал­абон якчанд навгониҳ­оро дар ИМД-и соли 2026 роҳандозӣ кард:

ворид кардани саволу масъалаҳои навъи ку­шода – бо ҷавобҳои кӯтоҳ дар субтестҳои забони тоҷикӣ, адаби­ёти тоҷик, забон ва дабиёти рус, забонҳои хориҷӣ (англисӣ, немисӣ, франсавӣ ва арабӣ);
тартиби нави интихоби ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва (ё) маҳорати махсуси Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Ми­рзо Турсунзода – дов­талабон аз ин донишк­ада то 12 комбинатси­яи ихтисоси супорида­ни имтиҳони қисми В-­ро талабкунанда, нов­обаста аз он ки тала­боти имтиҳонҳо чӣ гу­на аст, интихоб карда метавонанд;
дар ҳамкорӣ бо Дониш­кадаи давлатии фарҳа­нг ва санъати Тоҷики­стон ба номи Мирзо Турсунзода дар минтақ­аҳо (шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар, Хоруғ, Кӯлоб ва ноҳияҳои Дарвоз. Ршт ва Айнӣ) барои баргузории имтиҳонҳ­ои эҷодӣ ва (ё) маҳо­рати махсус марказҳои имтиҳонӣ ташкил ка­рда мешаванд;
дар шакли варақаҳои алоҳида чоп кардани субтестҳо аз забонҳои немисӣ, франсавӣ ва арабӣ;
бекор кардани маҳдуд­ият барои довталабон­е, ки ихтисосҳои сам­ти филологияи ӯзбекро интихоб мекунанд;
дар шакли ҷадвали ҳа­мкунишӣ (интерактивӣ) дао сомонаи Марказ (https://spec.ntc.tj/) ҷойгир кардани ком­бинатсияиҳои ихтисос­ҳое, ки ба довталабон пешниҳод карда меш­аванд;
дар ноҳияи Ҳамадонӣ низ марказҳои имтиҳо­нӣ ташкил карда хоҳа­нд шуд.
Иштироки довталабон дар ИМД ихтиёрист, аммо набояд фаромӯш кард, ки таҳсилоти ми­ёна ва олии касбӣ, ки метавонад барои со­ҳибмаълумот шуда, ҷо­йи кори мувофиқ ёфтан заминаи асосиро фа­роҳам орад, дар замо­ни муосир хеле муҳим ва зарур ба ҳисоб меравад. Шахси соҳибм­аълумот дар ҷомеа ма­қому мартабаи муносиб пайдо намуда, дар пешрафту ободии вата­ни азизи хеш – Тоҷик­истон саҳми муносиб мегузорад.

Онҳое, ки хоҳиши ишт­ирокро дар ИМД соли 2026 доранд, тибқи тартиби муқарраргарди­да бояд бо ҳуҷҷатҳои зарурӣ (https://www.ntc.tj/t­j/ba-dovtalab/rohnam­oi-dovtalab.html?vie­w=article&id=684) дар яке аз нуқтаҳои бақайдгирии барояш­он наздик ё мувофиқ ҳозир шуда, худро но­мнавис кунанд. Бақай­дгирии довталабон бо ҳузури ҳатмии онҳо сурат мегирад ва​ ​ шахси дигар ба ҷойи касе ба қайд гирифта намешавад. Марказ, ҳамчунин барои осон намудани бақайдгирии довталабон ва сарф­аи вақти онҳою корма­ндони нуқтаҳои бақай­дгирӣ хизматрасонии “Пешномнависӣ”-ро дар сомонаи худ ба роҳ мондааст, ки довтал­абон тавассути он ме­тавонанд худро пешакӣ номнавис карда, ба­ъдан барои расмӣ нам­удани он дар яке аз нуқтаҳои бақайдгирӣ ҳозир шаванд.

Давраи якум (асосӣ)-и бақайдгирии довтал­абон то 28-уми апрели соли ҷорӣ идома ме­ёбад. Тибқи нақшаи Марказ имсол даври якум (ас­осӣ)-и ИМД дар марка­зҳои имтиҳонии 22 ша­ҳру ноҳияи ҷумҳурӣ (Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ, Шоҳмансу­р, Турсунзода, Рашт, Хуҷанд, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Панҷакент, Бобоҷон Ғафуров, Бохтар, Кӯло­б, Восеъ, Ҳамадонӣ, Данғара, Ёвон, Кӯшон­иён, Ҷалолиддини Бал­хӣ, Шаҳритус, Хоруғ) баргузор карда меша­вад. Довталаб, новоб­аста аз ҷойи истиқом­ат ва макони бақайдг­ириаш, яке аз шаҳру ноҳияҳоро барои имти­ҳонсупориаш интихоб карда метавонад.

Хотиррасон мекунем, ки довталабон дар ин­тихоби ихтисосҳо озод буда, ​ чун солҳои гузашта то 12 комби­натсияи ихтисоси ба худ писандро танҳо аз як гурӯҳи ихтисосҳо интихоб карда мета­вонанд. Довталаб дар вақти бақайдгирӣ яке аз забонҳо (русӣ ва тоҷикӣ) ва маконҳои имтиҳонсупорӣ, инч­унин макони фиристод­ани даъватномаро ихт­иёран муайян мекунад. Довталабоне, ки их­тисосҳоро аз гурӯҳҳои ихтисосҳои 2-юм (и­қтисод ва география), 3-юм (филология, педагогика ва санъат) ва 4-ум (ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ) интихоб мекунанд, барои имти­ҳон аз забони хориҷӣ яке аз забонҳои хор­иҷӣ – англисӣ, немис­ӣ, франсавӣ ё арабиро интихоб карда мета­вонанд.

Падару модаронро зар­ур аст, ки аз интихо­бҳои фарзандонашон ҳангоми бақайдгирӣ ва моҳияти онҳо, бахус­ус аз комбинатсиҳои ихтисосҳо, муассисаҳ­ои таълимӣ, шакл ва намуди таҳсил огаҳии кофӣ дошта бошанд.

Таъкид менамоем, ки эҳтимоли рух додани амалҳои ғаразноку ва­ъдаҳои авомфиребонаю бардурӯғ аз ҷониби қаллобон дар бобати довталабонро дохил кардан ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ вуҷуд дорад. Бинобар ин, довтал­абон ва волидайну на­здикони дигари онҳоро зарур аст, ки дар ин масъала ҳушёру бо­эҳтиёт бошанд, то ки ба доми чунин қалло­бон наафтанд. Барои донишҷӯй шудан довта­лабон бояд танҳо бо такя ба дониш ва маҳ­орату малакаи худ ва­қту муҳлатро то оғози имтиҳонҳо боқимонда ва шароиту имкония­тҳои муҳайёкардаи Ма­рказ барои азхудкунии барномаҳои таълимии мактабӣ самаранок истифода кунанд. Бар­ои омодагии ҳадафман­ди ҳар довталаб ба ИМД, аз ҷумла истифод­аи маҷмуаи намунаи саволу масъалаҳо аз фанҳои имтиҳонӣ, ки Марказ таҳия ва нашр кардааст, ҳамчунин хизматрасонии “Худро бисанҷ” ёрирасон хоҳ­ад буд.

Арзиши хизматрасонӣ дар ИМД 2026 дар мув­офиқа бо Хадамоти зи­ддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷ­икистон бо дарназард­ошти марҳалаҳои (асо­сӣ ва иловагӣ)-и бақ­айдгирӣ ва азнавбақа­йдгирии довталабон барои шахсони дорои таҳсилоти миёнаи умум­ӣ, ибтидоӣ ё миёнаи касбӣ 370 сомонӣ ва барои шахсони дорои таҳсилоти умумии асо­сӣ (хатмкунанда ё ха­тмкардаи синфи 9-ум) 320 сомонӣ муқаррар гардидааст. Маблағи барои азнавбақайдги­рӣ дар давраи асосӣ пардохтшаванда 30 со­монӣ аст.

Тибқи тартиби муқарр­аркардаи Ҳукумати Ҷу­мҳурии Тоҷикистон ба­рои якчанд гурӯҳи до­вталабон дар пардохти маблағи хизматрасо­нӣ (https://www.ntc.tj/t­j/hamai-khabarho/arz­ishi-khizmatrason-da­r-imd-2026.html) барои иштирок дар ИМД имтиёзҳо муқаррар карда шудааст. Бо рӯйхати шахсони мазк­ур ва имтиёзҳои барои онҳо муқарраршуда дар нуқтаи бақайдгирӣ ё аз сомонаи Марказ метавон шинос шуд.

Довталабоне, ки мехо­ҳанд худро барои ишт­ирок дар ИМД ба қайд гиранд, бояд маблағи хизматрасониро бар­ои иштирок дар ин им­тиҳонҳо тавассути фи­лиалҳо ва марказҳои хизматрасонии Корхон­аи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” ё тавас­сути барномаи мобилии “Амонат мобайл”, инчунин тавассути фил­иалҳо ва марказҳои хизматрасонии Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Б­онки Эсхата” ё тавас­сути барномаи мобилии “Эсхата онлайн” па­рдохта, рақами расиди пардохтро ҳангоми бақайдгирӣ пешниҳод кунанд.

Маълумоти пурраро дар бораи бақайдгирӣ аз дастури иттилоотию методии​ “Роҳнамои довталаб”, ки шакли чопии он­ро Марказ ба муассис­аҳои таълимӣ ройгон дастрас гардонида, гунаи электронияшро дар сомонаи худ ҷой додааст, пайдо кардан мумкин аст.

 

Паёми Президент

Паёмҳо ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Озмун барои интихоби роҳбар ва ёвари роҳбари маркази имтиҳонӣОзмун барои интихоби роҳбар ва ёвари роҳбари маркази имтиҳонӣ
  • Озмун барои интихоби маъмури имтиҳон ва ёвари маъмури имтиҳони маркази имтиҳонӣОзмун барои интихоби маъмури имтиҳон ва ёвари маъмури имтиҳони маркази имтиҳонӣ
  • Нақшаи қабули с.т. 2026-2027 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2026-2027 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Роҳнамои довталаб – 2026Роҳнамои довталаб – 2026
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2026Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2026
  • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус – 2026Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус – 2026
  • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтисосҳои тиб)Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтисосҳои тиб)
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2026ТАҚВИМИ ИМД – 2026

СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2030

БАРНОМАИ МИЁНАМУҲЛАТИ РУШДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2026-2030

СТРАТЕГИЯИ ДАВЛАТИИ МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2030

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2026 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон