Душанбе, 10-уми октябри соли 2023
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 10‑уми октябр давраи сеюми иловагии бақайдгирии довталабонро барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 (ИМД-2023) оғоз кард.
Барои довталабони дар ин давра номнависшаванда даври сеюми иловагии имтиҳонҳо роҳандозӣ мешавад. Таърихи баргузории он баъд аз таҳлили раванди бақайдгирӣ муқаррар мегардад. Дар ин давраи бақайдгирӣ ихтисосҳои дорои ҷойҳои холӣ ва ё ихтисосҳои нав аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Коллеҷи омӯзгории шаҳри Турсунзода, Коллеҷи тиббии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров (ғайридавлатӣ), Коллеҷи тиббии шаҳри Конибодом, Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар, Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоии шаҳри Левакант (ғайридавлатӣ) ва филиали Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоии шаҳри Левакант (ғайридавлатӣ) дар шаҳри Норак пешниҳод карда шудаанд.
Бо дарназардошти маҳдудият дар интихоби муассисаҳои таълимӣ ва имкониятҳои Марказ нуқтаҳо барои давраи сеюми иловагии бақайдгирии довталабон дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Турсунзода, Бохтар, Норак ва Бобоҷон Ғафуров, ки рӯйхати онҳо дар зер оварда мешавад, ташкил карда шудааст.
Дар ин давра шахсони зерин худро номнавис карда метавонанд:
- шахсоне, ки дар ИМД-2023 ягон бор худро номнавис накардаанд;
- довталабони дар давраҳои якум, дуюм ва сеюм (асосӣ)-и бақайдгирӣ номнависшудае, ки дар имтиҳонҳо (даврҳои якум, дуюм ва сеюми асосӣ) иштирок накардаанд;
- довталабони дар яке аз даврҳои имтиҳонҳо иштироккардае, ки ба озмун роҳ наёфтаанд, яъне аз як ё якчанд субтест холи гузаришро соҳиб нашудаанд;
- довталабони дар асоси яке аз озмунҳо – тақсимоти асосӣ, такрорӣ ва такрории иловагӣ комёбшудае, ки барои қабул дар муассисаҳои таълимии дахлдор ҳозир нашудаанд;
- довталабоне, ки дар асоси яке аз озмунҳо – тақсимоти асосӣ, такрорӣ ва такрории иловагӣ аз рӯйи ихтисосҳои самти тиб гузаштаанду вале бинобар гирифториашон ба бемориҳое, ки шахсони ба онҳо мубталогашта ҳуқуқи таҳсил карданро дар муассисаҳои таълимии тиббӣ надоранд, ба ин муассисаҳои таълимӣ қабул нашудаанд.
Шахси хоҳишманди иштирок дар даври сеюми иловагии ИМД-2023 бояд бо ҳуҷҷатҳои зарурӣ, ки рӯйхати онҳо дар зер оварда шудааст, дар яке аз нуқтаҳои бақайдгирӣ ҳозир шавад, яъне ҳузури ҳатмии довталаб ҳатмист.
Рӯзи охирини давраи сеюми бақайдгирӣ дар шаҳри Душанбе 14-уми октябр муқаррар гардидааст. Нуқтаҳои бақайдгирӣ дар шаҳру ноҳияҳои дигар вобаста ба теъдоди довталабон фаъолият мекунанд. Хотиррасон мекунем, ки агар довталаби дар ин давра номнависшуда хоҳиши иваз кардани интихобҳои аввалаашро дошта бошад, метавонад ин корродар ҳамин муҳлат анҷом диҳад. Барои азнавбақайдгирӣ довталаб бояд ба нуқтаи бақайдгирие муроҷиат кунад, ки дар он худро сабти ном кардааст.
Довталабон дар интихоби ихтисосҳо озод буда, то 12 комбинатсияи ихтисоси ба худ писандро танҳо аз як гурӯҳи ихтисосҳо интихоб карда метавонанд. Дар вақти бақайдгирӣ яке аз забонҳо (русӣ ва тоҷикӣ) ва маконҳои имтиҳонсупорӣ ва ҷойи фиристодани даъватномаро бояд интихоб кард. Инчунин, довталабоне, ки ихтисосҳоро аз гурӯҳҳои ихтисосҳои 2-юм (иқтисод ва география), 3-юм (филология, педагогика ва санъат) ва 4-ум (ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ) интихоб мекунанд, барои имтиҳон аз забони хориҷӣ яке аз забонҳои хориҷӣ – англисӣ/немисӣ/франсавӣ/арабиро интихоб карда метавонанд.
Падару модарон бояд аз интихобҳои фарзандонашон ҳангоми бақайдгирӣ ва моҳияти онҳо, бахусус аз комбинатсияҳои ихтисосҳо, муассисаҳои таълимӣ, шакл ва намуди таҳсил огаҳии кофӣ дошта бошанд. Тавре ки борҳо таъкид кардаем ва онро натиҷаҳои кори қариб даҳсолаи Марказ низ собит сохтааст, ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз ба натиҷаҳои аз имтиҳонҳо бадастовардаи довталабон ягон таъсире расонида наметавонад. Барои донишҷӯй гардидан довталабон бояд танҳо ба дониш ва маҳорату малакаи худ такя кунанд.
Тибқи нақшаи пешакӣ, довталабоне, ки дар ин давраи бақайдгирӣ худро номнавис мекунанд, имтиҳонҳо – қисмҳои А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) ва Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ)-ро дар даври сеюми иловагӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Турсунзода, Бохтар, Норак ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки дар вақти бақайдгирӣ ҳамчун макони имтиҳонсупорӣ пешниҳод карда мешавад, месупоранд.
Арзиши хизматрасонӣ барои шахсоне, ки бо мақсади иштирок дар ИМД-2023 аз қайд гузаштан мехоҳанд, тибқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шахсони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ё миёнаи касбӣ 300 сомонӣ ва барои шахсони дорои таҳсилоти умумии асосӣ (хатмкунанда ё хатмкардаи синфи 9-ум) 210 сомонӣ муқаррар гардидааст. Маблағи дар ин давра барои азнавбақайдгирӣ пардохтшаванда 25 сомонӣ аст. Маълумоти муфассал дар бораи маблағи хизматрасонӣ дар ИМД-2023, аз ҷумла шахсони дар пардохти маблағи мазкур имтиёздошта, дар зер оварда шудааст.
Маблағи хизматрасонӣ барои иштирок дар ИМД дар яке аз марказҳои хизматрасонӣ ё филиалҳои Амонатбонк ё тавассути барномаи мобилии “Амонат мобайл” бояд пешакӣ пардохта, рақами расиди пардохт ба шахси масъули нуқтаи бақайдгирӣ пешниҳод карда шавад.
Маълумоти муфассалро дар бораи масъалаҳои марбут ба ИМД аз дастури иттилоотию методии “Роҳнамои довталаб”, ки шакли чопии онро Марказ ба муассисаҳои таълимӣ ройгон дастрас гардонида, гунаи электронияшро дар сомонаи худ ҷой додааст, пайдо кардан мумкин аст.
Рӯйхати муассисаҳои таълимӣ ва бахшҳои минтақавии Маркази миллии тестӣ ва рақами нуқтаҳои бақайдгирӣ (НБ) барои сабти номи довталабон ҷиҳати иштирок дар даври сеюми ИМД-2023
Р/т |
Муассисаи таълимӣ/ бахши минтақавии Маркази миллии тестӣ, ки дар заминаи он НБ ташкил карда мешавад |
||
ном |
нишонӣ |
нуқтаи роҳнамо |
|
|
Шаҳри Душанбе |
||
1 |
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон |
шаҳри Душанбе, ноҳияи Исмоили Сомонӣ, хиёбони Рӯдакӣ, 192 |
боғи Айнӣ, истгоҳи охирини троллейбусҳои № 1 |
2 |
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |
шаҳри Душанбе, ноҳияи Исмоили Сомонӣ, хиёбони Рӯдакӣ, 17 |
сафоратхонаи Туркия (бинои асосии донишгоҳ) |
|
Шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ |
||
3 |
Коллеҷи омӯзгории шаҳри Турсунзода |
шаҳри Турсунзода, ҷ.д. ба номи Т. Туйчиев, деҳаи Дӯстӣ |
ошхонаи “Саркор” |
|
Вилояти Суғд |
||
4 |
Гимназияи № 1-и ба номи Абдурасул Нозирови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров |
ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, кӯчаи Абдурасул Нозиров, 44 |
комиссариати ҳарбӣ |
|
Вилояти Хатлон |
||
5 |
Бахши минтақавии раёсати ташкил ва идораи имтиҳони Маркази миллии тестӣ дар шаҳри Бохтар |
шаҳри Бохтар, кӯчаи А. Расулов, 35 |
муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 4, боғчаи кӯдаконаи № 10, комбинати орд |
Ҳуҷҷатҳое, ки барои бақайдгирӣ бояд пешниҳод карда шаванд
1. Шиносномаи миллӣ ё маълумотнома бо муҳру сурат аз ШВКД ва нусхаи он – барои шахсоне, ки синнашон ба 16 расидааст (барои шахсони то 16-сола – шаҳодатномаи таваллуд, маълумотнома бо муҳру сурат аз ҷойи зист ва нусхаи онҳо).
2. Ҳуҷҷат дар бораи таҳсилот:
- аттестат (шаҳодатнома) дар бораи таҳсилоти умумии асосӣ ва нусхаи он (барои онҳое, ки синфи 9-умро хатм намудаанд);
- аттестат (шаҳодатнома) дар бораи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва нусхаи он (барои онҳое, ки синфи 11-умро хатм кардаанд);
- диплом ва замимааш дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва нусхаи онҳо (барои онҳое, ки муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбиро хатм кардаанд);
- диплом ва замимааш дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ ва нусхаи онҳо (барои онҳое, ки муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбиро хатм намудаанд).
3. Рақами расид (квитансия)-и пардохти маблағ аз яке аз марказҳои хизматрасонӣ ё филиалҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”, ё аз барномаи мобилии “Амонат мобайл”. Ҳаҷми маблағ ‒ арзиши хизматрасониро Марказ ҳар сол, то оғози давраи бақайдгирӣ, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
4. Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи имтиёзҳо (агар дошта бошад).
Маълумот дар бораи арзиши хизматрасонӣ ба довталабон барои иштирок дар ИМД-2023
(қисми А – имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ ва қисми Б имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ)
1. Маблағе, ки довталаб бораи хизматрасонӣ дар ИМД-2023 ҳангоми бақайдгирӣ месупорад.
Р/т |
Гурӯҳи довталабон |
Маблағ |
|
шахсони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ё миёнаи касбӣ |
шахсони дорои таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9‑ум) |
||
1 |
Довталабони беимтиёз |
300 |
210 |
2 |
Кӯдакони маъюб ва маъюбони гурӯҳҳои I ва II |
150 |
105 |
3 |
Шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба синни 22 нарасида, ки падар ё модарашон маъюби гурӯҳи I ё II мебошад |
150 |
105 |
4 |
Шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба синни 22 нарасида, ки падар ё модарашон вафот кардааст ё падар ё модари танҳо доранд |
150 |
105 |
5 |
Шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба синни 22 нарасида, ки падару модарашон ва ё падар ё модари танҳояшон вафот кардаанд |
-* |
-* |
6 |
Шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба синни 22 нарасида, ки бо сабабҳои маҳдуд ё маҳрум карда шудани падару модар, падар ё модари танҳояшон аз ҳуқуқи падарумодарӣ, бедарак ғоиб эътироф ё фавтида эълон гардидани падару модар, ғайри қобили амал дониста шудани онҳо, барои адои ҷазо дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ қарор доштани падару модар, саркашӣ кардани падару модар аз тарбияи кӯдак ё ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ӯ, аз ҷумла ҳангоми рад кардани гирифтани кӯдаки худ аз муассисаҳои таълимӣ-тарбиявӣ ва ё табобатӣ бе падару модар мондаанд |
-* |
-* |
7 |
Кӯдакони маъюб ва маъюбони гурӯҳҳои I ва II, ки падар ё модарашон вафот кардааст ва ё падар ё модари танҳо доранд |
-* |
-* |
8 |
Кӯдакони маъюб ва маъюбони гурӯҳҳои I ва II, ки падару модари маъюби гурӯҳи I ё II ва ё падар ё модари танҳои маъюби гурӯҳи I ё II доранд |
-* |
-* |
9 |
Шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба синни 22 нарасида, ки падару модарашон маъюби гурӯҳи I ё II ва ё падар ё модари танҳояшон маъюби гурӯҳи I ё II мебошад (мебошанд) |
-* |
-* |
2. Маблағе, ки довталаб бораи хизматрасонӣ дар ИМД-2023 ҳангоми азнавбақайдгирӣ месупорад.
Р/т |
Гурӯҳи довталабон |
Маблағ |
|
шахсони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ё миёнаи касбӣ |
шахсони дорои таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9‑ум) |
||
1 |
Довталабони беимтиёз |
25 |
25 |
2 |
Шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба синни 22 нарасида, ки падару модарашон ва ё падар ё модари танҳояшон вафот кардаанд |
-* |
-* |
3 |
Шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба синни 22 нарасида, ки бо сабабҳои маҳдуд ё маҳрум карда шудани падару модар, падар ё модари танҳояшон аз ҳуқуқи падарумодарӣ, бедарак ғоиб эътироф ё фавтида эълон гардидани падару модар, ғайри қобили амал дониста шудани онҳо, барои адои ҷазо дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ қарор доштани падару модар, саркашӣ кардани падару модар аз тарбияи кӯдак ё ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ӯ, аз ҷумла ҳангоми рад кардани гирифтани кӯдаки худ аз муассисаҳои таълимӣ-тарбиявӣ ва ё табобатӣ бе падару модар мондаанд |
-* |
-* |
4 |
Кӯдакони маъюб ва маъюбони гурӯҳҳои I ва II, ки падар ё модарашон вафот кардааст ва ё падар ё модари танҳо доранд |
-* |
-* |
5 |
Кӯдакони маъюб ва маъюбони гурӯҳҳои I ва II, ки падару модари маъюби гурӯҳи I ё II ва ё падар ё модари танҳои маъюби гурӯҳи I ё II доранд |
-* |
-* |
6 |
Шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба синни 22 нарасида, ки падару модарашон маъюби гурӯҳи I ё II ва ё падар ё модари танҳояшон маъюби гурӯҳи I ё II мебошад (мебошанд) |
-* |
-* |
* ин гурӯҳи довталабон аз пардохти маблағ барои хизматрасонӣ дар ИМД-2023 озоданд. Агар вобаста ба мансуб будани довталаб ба ин ё он гурӯҳи шахсони дар пардохти маблағи хизматрасонӣ имтиёздошта шубҳа ҷой дошта бошад, барои маълум кардани ин масъала довталаб бо ҳуҷҷатҳои дахлдор ба яке аз нуқтаҳои бақайдгирии наздиктарин ё тавассути телефони 224 53 68 ё 224 53 67 ба Марказ муроҷиат кунад.