Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф ва илм
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

ОҒОЗИ ДАВРАИ СЕЮМИ БАҚАЙДГИРИИ ДОВТАЛАБОН БАРОИ ИШТИРОК ДАР ИМД 2025

Нашр шуд: 02 Сентябри 2025
Диданд: 1868

Душанбе, 2-юми сентябри соли 2025

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шахсони хоҳишманди дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 мерасонад, ки бақайдгирии довталабон барои иштирок дар даври сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) аз 2‑юми сентябр оғоз гардид.

Барои бақайдгирии довталабон дар ин давра дар 11 шаҳру ноҳия – Хоруғ, Хуҷанд, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб, Исмоили Сомонӣ, Сино, Шоҳмансур, Фирдавсӣ, Данғара ва Рашт 11 нуқтаи бақайдгирӣ фаъолият мекунад. Рӯйхати нуқтаҳои бақайдгирӣ дар зер оварда шудааст.

Дар ин давра шахсони зерин худро номнавис карда метавонанд:

- шахсоне, ки дар давраҳои якум ва дуюми бақайдгирӣ худро номнавис накардаанд;

- довталабони дар давраҳои якум ва дуюми бақайдгирӣ номнависшудае, ки дар имтиҳонҳо (даврҳои якум ва дуюм) иштирок накардаанд;

- довталабони дар даврҳои якум ва дуюми имтиҳонҳо иштироккардае, ки ба озмуни тақсимот роҳ наёфтаанд, яъне аз як ё якчанд субтест ба холи гузариш соҳиб нашудаанд;

- довталабони дар асоси яке аз озмунҳо – тақсимоти асосӣ, такрорӣ ва такрории иловагӣ комёбшудае, ки барои қабул дар муассисаҳои таълимии дахлдор ҳозир нашудаанд;

- довталабоне, ки дар яке аз озмунҳо – тақсимоти асосӣ, такрорӣ ва такрории иловагӣ аз рӯйи ихтисосҳои самти тиб гузаштаанду вале бинобар гирифториашон ба бемориҳое, ки шахсони ба онҳо мубталогашта ҳуқуқи таҳсил карданро дар муассисаҳои таълимии тиббӣ надоранд, ба ин муассисаҳои таълимӣ қабул нашудаанд.

Муҳлати бақайдгирӣ барои иштирок дар даври сеюми имтиҳонҳо то 13-уми сентябр муқаррар гардидааст. Хотиррасон мекунем, ки агар довталаби дар ин давра номнависшуда хоҳиши иваз кардани интихобҳои аввалаашро дошта бошад, метавонад ин корро анҷом диҳад. Барои азнавбақайдгирӣ довталаб бояд ба нуқтаи бақайдгирие, ки дар он худро сабти ном кардааст, муроҷиат кунад.

Дар давраи сеюми бақайдгирӣ барои интихоби довталабон ҷойҳое, ки тибқи нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ баъд аз се озмун – тақсимоти асосӣ, такрорӣ ва такрории иловагии даврҳои якум ва дуюми ИМД 2025 холӣ мондаанд, пешниҳод карда шудаанд. Довталабон дар интихоби ихтисосҳо озод буда, то 12 комбинатсияи ихтисоси ба худ писандро танҳо аз як гурӯҳи ихтисосҳо интихоб карда метавонанд. Дар вақти бақайдгирӣ яке аз забонҳо (русӣ ва тоҷикӣ) ва маконҳои имтиҳонсупорӣ ва макони фиристодани даъватномаро бояд интихоб кард. Инчунин, довталабоне, ки ихтисосҳоро аз гурӯҳҳои ихтисосҳои 2-юм (иқтисод ва география), 3-юм (филология, педагогика ва санъат) ва 4-ум (ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ) интихоб мекунанд, барои имтиҳон аз забони хориҷӣ яке аз забонҳои хориҷӣ – англисӣ/немисӣ/франсавӣ/арабиро бояд интихоб намоянд.

ТАВАҶҶУҲ! Рӯйхати ихтисосҳои дорои ҷойҳои холӣ, ки барои давраи сеюми бақайдгирии довталабон пешниҳод мегардад, дар сомонаи Марказ гузошта шудааст. Ба довталабон тавсия дода мешавад, ки аз рӯйхати мазкур комбинатсияҳои ихтисосҳоро пешакӣ интихоб намуда, баъдан ба нуқтаҳои бақайдгирӣ муроҷиат кунанд ва тибқи тартиботи муқарраршуда ба бартарии интихобҳо диққат диҳанд ва хато накунанд.

Падару модарон бояд аз интихобҳои фарзандонашон ҳангоми бақайдгирӣ ва моҳияти онҳо, бахусус аз комбинатсияҳои ихтисосҳо, муассисаҳои таълимӣ, шакл ва намуди таҳсил огаҳии кофӣ дошта бошанд. Тавре ки борҳо таъкид кардаем ва онро натиҷаҳои кори дувоздаҳсолаи Марказ низ собит сохтааст, ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз ба натиҷаҳои аз имтиҳонҳо бадастовардаи довталабон ягон таъсире расонида наметавонад. Барои донишҷӯй гардидан довталабон бояд танҳо ба дониш ва маҳорату малакаи худ такя кунанд.

Тибқи нақша, довталабоне, ки дар давраи сеюми бақайдгирӣ худро номнавис мекунанд, имтиҳонҳо – қисмҳои А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) ва Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ)-ро дар даври сеюм – 21-юми сентябр месупоранд. Дар ин давраи бақайдгирӣ ба довталабон 8 шаҳру ноҳия – Душанбе, Хоруғ, Хуҷанд, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб, Данғара ва Рашт ҳамчун макони имтиҳонсупорӣ пешниҳод карда мешавад, ки онҳо яке аз инҳоро интихоб карда метавонанд.

Инчунин, барои довталабоне, ки дар ин давра ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсусро интихоб мекунанд, имтиҳонҳои мазкур – қисми В аз 19-ум то 20-уми сентябр дар муассисаҳои таълимии дахлдор гузаронда мешавад.

Арзиши хизматрасонӣ барои шахсоне, ки бо мақсади иштирок дар даври сеюми ИМД 2025 аз қайд гузаштан мехоҳанд, тибқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шахсони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ё миёнаи касбӣ 370 сомонӣ ва барои шахсони дорои таҳсилоти умумии асосӣ (хатмкардаи синфи 9-ум) 320 сомонӣ муқаррар гардидааст. Маблағи барои азнавбақайдгирӣ дар ин давра пардохтшаванда 30 сомонӣ аст. Маълумоти муфассал дар бораи маблағи хизматрасонӣ дар ИМД 2025, аз ҷумла дар бораи шахсони дар пардохти маблағи мазкур имтиёздошта, дар зер оварда шудааст.

Маблағи хизматрасонӣ барои иштирок дар ИМД дар яке аз марказҳои хизматрасонӣ ё филиалҳои Амонатбонк, Бонки “Эсхата” ё тавассути барномаи мобилии “Амонат мобайл” ё “Эсхата онлайн” бояд пешакӣ пардохта, расиди пардохт ё рақами он ба шахси масъули нуқтаи бақайдгирӣ пешниҳод карда шавад.

Маълумоти муфассалро дар бораи масъалаҳои марбут ба ИМД аз дастури иттилоотию методии “Роҳнамои довталаб”, ки шакли чопии онро Марказ ба муассисаҳои таълимӣ ройгон дастрас гардонида, гунаи электронияшро дар сомонаи худ ҷой додааст, пайдо кардан мумкин аст.

 

Рӯйхати муассисаҳои таълимӣ ва бахшҳои минтақавии Маркази миллии тестӣ ва рақами нуқтаҳои бақайдгирӣ барои сабти номи довталабон ҷиҳати иштирок дар даври сеюми ИМД 2025 

Рақами НДБ

Муассиса/сохтори мақомоти маҳаллии идоракунии маориф, ки дар заминаи он НДБ ташкил карда мешавад

Муҳлати фаъолият

ном

нишонӣ

нуқтаи роҳнамо (ориентир)

Шаҳри Душанбе

1

01/01

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 70-и ба номи 15-солагии Конститутсияи Тоҷикистони ноҳияи Исмоили Сомонӣ

шаҳри Душанбе, ноҳияи Исмоили Сомонӣ, кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ, 15

хонаҳои Қайроққум дар роҳи бетонӣ (дар муқобили шаҳраки донишҷӯёни ДМТ)

аз 02.09.2025 то 13.09.2025

2

01/02

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 25-и ба номи Убайд Раҷаби ноҳияи Сино

шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 59

беморхонаи “Қаряи боло”

аз 02.09.2025 то 13.09.2025

3

01/03

Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 24-и ноҳияи Фирдавсӣ

шаҳри Душанбе, ноҳияи Фирдавсӣ, кӯчаи Фирдавсӣ, 61

бозори “Саховат”, паси тарабхонаи “Суғдиён”

аз 02.09.2025 то 13.09.2025

4

01/04

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 100-и ноҳияи Шоҳмансур

шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаи Назаршоев, 17

маркази савдои “Ёқут-2000”, чойхонаи “Вохӯрӣ” (саристгоҳи роҳи оҳан)

аз 02.09.2025 то 13.09.2025

Шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ

5

01/05

Бахши минтақавии Маркази миллии тестӣ дар ноҳияи Рашт

ноҳияи Рашт, шаҳраки Ғарм, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 79

маркази ноҳия

аз 02.09.2025 то 13.09.2025

Вилояти Суғд

6

02/01

Бахши минтақавии Маркази миллии тестӣ дар шаҳри Хуҷанд

шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Мадади Сино, 5

маҳаллаи Бофанда (Шелкокомбинат), МТМУ № 2

аз 02.09.2025 то 13.09.2025

7

02/02

Бахши минтақавии Маркази миллии тестӣ дар шаҳри шаҳри Панҷакент

шаҳри Панҷакент, хиёбони Рӯдакӣ, 208

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 3-и ба номи Набӣ Каримови

аз 02.09.2025 то 13.09.2025

Вилояти Хатлон

8

03/01

Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 9-и ба номи А. У. Муминови шаҳри Бохтар

Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 9-и ба номи А. У. Муминови шаҳри Бохтар

Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 9-и ба номи А. У. Муминови шаҳри Бохтар

аз 02.09.2025 то 13.09.2025

9

03/04

Бахши минтақавии Маркази миллии тестӣ дар шаҳри шаҳри Кӯлоб

шаҳри Кӯлоб, кӯчаи Даминзода, 385

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 6‑и ба номи Д. Назарови

аз 02.09.2025 то 13.09.2025

10

03/03

Литсейи тамоюли техникии ба номи Афлотуни ноҳияи Данғара

ноҳияи Данғара, кӯчаи Марказӣ, 30

шуъбаи маориф

аз 02.09.2025 то 13.09.2025

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

11 

04/01

Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев

шаҳри Хоруғ, кӯчаи Ленин, 28

ҳукумати вилоят

аз 02.09.2025 то 13.09.2025

 

РӮЙХАТИ ҲУҶҶАТҲОЕ, КИ БАРОИ НОМНАВИСӢ ҶИҲАТИ ИШТИРОК ДАР ИМД 2025 БОЯД ПЕШНИҲОД КАРДА ШАВАНД

1. Ҳуҷҷатҳои умумӣ

Р/т

Навъи ҳуҷҷат

Номи ҳуҷҷат

Гурӯҳи шахсоне, ки ҳуҷҷатро бояд пешниҳод кунанд

1

Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият

Шиносномаи миллӣ ва нусхаи он ё маълумотнома бо сурат ва муҳр аз шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нусхаи он

Шахсони 16-сола

Шиносномаи хориҷӣ, нусхаи шиносномаи хориҷӣ ва маълумотнома аз ҷойи зист бо сурат ва муҳр

Шаҳрвандони хориҷии   
16-сола

Шаҳодатномаи таваллуд, маълумотнома бо муҳру сурат аз ҷойи зист ва нусхаи онҳо

Шахсони ба синни 16 нарасида

2

Ҳуҷҷат дар бораи таҳсилот

Маълумотнома (бо сурат ва муҳр) аз муассисаи таълимӣ дар бораи хатмкунандаи синфи 9-ум будан

Шахсоне, ки синфи 9-умро дар соли ҷорӣ хатм кардаанд

Аттестат (шаҳодатнома) дар бораи таҳсилоти умумии асосӣ ва нусхаи он

Шахсоне, ки синфи 9-умро хатм кардаанд

Аттестат (шаҳодатнома) дар бораи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва нусхаи он

Шахсоне, ки синфи 11-умро хатм кардаанд

Диплом ва замимааш дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва нусхаи онҳо

Шахсоне, ки муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбиро хатм кардаанд

Диплом ва замимааш дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ ва нусхаи онҳо

Шахсоне, ки муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбиро хатм намудаанд

3

Баробарарзишии ҳуҷҷати таҳсилоти давлати хориҷӣ

Шаҳодатнома дар бораи эътироф ва муайян кардани баробарарзишии ҳуҷҷати таҳсилоти давлати хориҷӣ ва нусхаи он

Шахсоне, ки муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва ё миёнаи касбиро дар давлатҳои хориҷӣ хатм намудаанд

4

Пардохти маблағи хизматрасонӣ

Рақами расид (квитансия)-и пардохти маблағ аз яке аз филиалҳо ё марказҳои хизматрасонии филиалҳои  “Амонатбонк” ё Бонки “Эсхата”, ё аз барномаи мобилии “Амонат мобайл” ё “Эсхата онлайн”

Ҳамаи довталабон, ба истиснои онҳое, ки аз пардохти маблағи хизматрасонӣ дар ИМД озоданд

5

Имтиёзҳо

Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи имтиёзҳо барои гирифтани балҳои иловагӣ ва (ё) имтиёзҳо дар пардохти маблағи хизматрасонӣ (агар дошта бошад)

Шахсоне, ки барои гирифтани балҳои иловагӣ ва (ё) имтиёзҳо дар пардохти маблағи хизматрасонӣ ҳуқуқ доранд

 

2. Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи имтиёзҳо барои гирифтани балҳои иловагӣ ва (ё) имтиёзҳо дар пардохти маблағи хизматрасонӣ (агар дошта бошад)

 

Р/т

Гурӯҳи довталабони имтиёздор

Ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда

Намуди нусха

1

Шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар ИМД ба синни 22 нарасида, ки падару модарашон вафот кардаанд

1)

хатти вафоти падари довталаб

нусхаи нотариалӣ тасдиқшуда

2)

хатти вафоти модари довталаб

нусхаи нотариалӣ тасдиқшуда

3)

шаҳодатнома дар бораи таваллуди довталаб

нусхаи нотариалӣ тасдиқшуда

2

Шахсони дар вақти бақайдгирӣ ҷиҳати иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба синни 22 нарасида, ки падар ё модари танҳояшон вафот кардааст

1)

хатти вафоти падар ё модари довталаб

нусхаи нотариалӣ тасдиқшуда

2)

шаҳодатнома дар бораи таваллуди довталаб

нусхаи нотариалӣ тасдиқшуда

3)

маълумотнома аз шуъба/бахши сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ дар бораи муқаррар нашудани падарӣ ё ҳуҷҷати дигари марбут ба модар

асл/нусха

3

Шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба синни 22 нарасида, ки бо сабабҳои маҳдуд ё маҳрум карда шудани падару модар, падар ё модари танҳояшон аз ҳуқуқи падарумодарӣ, бедарак ғоиб эътироф ё фавтида эълон гардидани падару модар, ғайри қобили амал дониста шудани онҳо, барои адои ҷазо дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ қарор доштани падару модар, саркашӣ кардани падару модар аз тарбияи кӯдак ё ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ӯ, аз ҷумла ҳангоми рад кардани гирифтани кӯдаки худ аз муассисаҳои таълимӣ-тарбиявӣ ва ё табобатӣ бе падару модар мондаанд

1)

қарори мақоми васояту парастории мақомоти иҷро-ияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ё ноҳияи дахлдор дар бораи бепарастор будани довталаб

нусхаи нотариалӣ тасдиқшуда

2)

ҳуҷҷате, ки барои қабули қарори мазкур асос шудааст

нусха

3)

маълумотнома бо муҳр дар бораи бепарастор будани довталаб аз мақомоти мазкур

асл

4)

шаҳодатнома дар бораи таваллуди довталаб

нусхаи нотариалӣ тасдиқшуда

4

«Кӯдакони маъюб» ва маъюбони гурӯҳҳои I ва II, ки падар ё модарашон вафот кардааст

1)

маълумотномаи силсиладор дар бораи кӯдаки маъюб ё маъюби гурӯҳи I ё II будани довталаб

нусхаи аз ҷониби мақоми дахлдор тасдиқшуда

2)

шаҳодатнома дар бораи таваллуди довталаб

нусха

3)

хатти вафоти падар ё модари довталаб

нусха

5

«Кӯдакони маъюб» ва маъюбони гурӯҳҳои I ва II, ки падар ё модари танҳо доранд

1)

маълумотномаи силсиладор дар бораи кӯдаки маъюб ё маъюби гурӯҳи I ё II будани довталаб

нусхаи аз ҷониби мақоми дахлдор тасдиқшуда

2)

шаҳодатнома дар бораи таваллуди довталаб

нусха

3)

маълумотнома аз шуъба/бахши сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ дар бораи муқаррар нашудани падарӣ ё ҳуҷҷати дигари марбут ба модар

асл/нусха

6

«Кӯдакони маъюб» ва маъюбони гурӯҳҳои I ва II, ки падару модари маъюби гурӯҳи I ё II доранд

1)

маълумотномаи силсиладордар бораи кӯдаки маъюб ё маъюби гурӯҳи I ё II будани довталаб

нусхаи аз ҷониби мақоми дахлдор тасдиқшуда

2)

маълумотномаҳои силсиладор дар бораи маъюби гурӯҳи I ё II будани падару модари довталаб

нусхаи аз ҷониби мақоми дахлдор тасдиқшуда

3)

шаҳодатнома дар бораи таваллуди довталаб

нусха

7

«Кӯдакони маъюб» ва маъюбони гурӯҳҳои I ва II, ки падар ё модари танҳои маъюби гурӯҳи I ё II доранд

1)

маълумотномаи силсиладордар бораи кӯдаки маъюб ё маъюби гурӯҳи I ё II будани довталаб

нусхаи аз ҷониби мақоми дахлдор тасдиқшуда

2)

маълумотномаи силсиладор дар бораи маъюби гурӯҳи I ё II будани падар ё модари танҳои довталаб

нусхаи аз ҷониби мақоми дахлдор тасдиқшуда

3)

маълумотнома аз шуъба/бахши сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ дар бораи муқаррар нашудани падарӣ ё ҳуҷҷати дигари марбут ба модар

асл/нусха

4)

шаҳодатнома дар бораи таваллуди довталаб

нусха

8

Шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба синни 22 нарасида, ки падару модарашон маъюби гурӯҳи I ё II мебошанд

1)

маълумотномаи силсиладор дар бораи маъюби гурӯҳи I ё II будани падар довталаб

нусхаи аз ҷониби мақоми дахлдор тасдиқшуда

2)

маълумотномаи силсиладор дар бораи маъюби гурӯҳи I ё II будани модари довталаб

нусхаи аз ҷониби мақоми дахлдор тасдиқшуда

3)

шаҳодатнома дар бораи таваллуди довталаб

нусха

9

Шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба синни 22 нарасида, ки падар ё модари танҳояшон маъюби гурӯҳи I ё II мебошад

1)

маълумотномаи силсиладор дар бораи маъюби гурӯҳи I ё II будани падар ё модари танҳои довталаб

нусхаи аз ҷониби мақоми дахлдор тасдиқшуда

2)

маълумотнома аз шуъба/бахши сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ дар бораи муқаррар нашудани падарӣ ё ҳуҷҷати дигари марбут ба модар

асл/нусха

3)

шаҳодатнома дар бораи таваллуди довталаб

нусха

10

«Кӯдакони маъюб» ва маъюбони гурӯҳҳои I ва II, ки падару модарашон солим ва дар қайди ҳаёт мебошанд

1)

маълумотномаи силсиладор дар бораи кӯдаки маъюб ё маъюби гурӯҳи I ё II будани довталаб

нусхаи аз ҷониби мақоми дахлдор тасдиқшуда

11

Шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба синни 22 нарасида, ки падар ё модарашон маъюби гурӯҳи I ё II мебошад

2)

маълумотномаи силсиладор дар бораи маъюби гурӯҳи I ё II будани падар ё модари довталаб

нусхаи аз ҷониби мақоми дахлдор тасдиқшуда

3)

шаҳодатнома дар бораи таваллуди довталаб

нусха

12

Шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба синни 22 нарасида, ки падар ё модарашон вафот кардааст

1)

хатти вафоти падар ё модар

нусха

2)

шаҳодатнома дар бораи таваллуди довталаб

нусха

13

Шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба синни 22 нарасида, ки падар ё модари танҳо доранд

1)

маълумотнома аз шуъба/бахши сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ дар бораи муқаррар нашудани падарӣ ё ҳуҷҷати дигари марбут ба модар

асл/нусха

2)

шаҳодатнома дар бораи таваллуди довталаб

нусха

14

Фарзандони хизматчиёни ҳарбие, ки ҳангоми иҷрои уҳдадории хизмати ҳарбӣ ҳалок гардидаанд ё ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои хизмати ҳарбӣ маъюб ё бемор шуда, бар асари он фавтидаанд

1)

хатти вафоти падар ё модар

нусхаи нотариалӣ тасдиқшуда

2)

маълумотнома аз мақоми ваколатдори давлатӣ дар бораи ҳангоми иҷрои уҳдадории хизмати ҳарбӣ ҳалок гардидан ё ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои хизмати ҳарбӣ маъюб ё бемор шуда, бар асари он фавтидани хизматчии ҳарбӣ

нусхаи нотариалӣ тасдиқшуда

3)

шаҳодатнома дар бораи таваллуди довталаб

нусхаи нотариалӣ тасдиқшуда

 

15

Шахсоне, ки дар соҳаи санъат ва фарҳанг дастовард доранд

1)

тавсияномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғолибият дар озмун ё фестивалҳои тахассусии ҷумҳуриявӣ ё байналмилалии соҳаи санъат ва фарҳанг

нусха

16

Шахсони хизмати ҳарбиро дар Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра адокарда

1)

билети ҳарбӣ ё шаҳодатномаи муваққатӣ

нусха

17

Шахсоне, ки дар соҳаи варзиш дастовард доранд

1)

шаҳодатнома дар бораи дорандаи яке аз унвонҳои “Устоди варзиши дараҷаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Устоди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон” ё дараҷаи “Номзад ба устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон” будани довталаб

нусха

 

 

МАБЛАҒИ ХИЗМАТРАСОНӢ БАРОИ ИШТИРОК ДАР ИМД 2025

Маблағе, ки довталаб дар давраи сеюми бақайдгирӣ (аз 2-юм то 15-уми сентябр) барои хизматрасонӣ ҷиҳати иштирок дар ИМД 2025 месупорад.

 

№ р/т

Гурӯҳи довталабон

Маблағ

шахсони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ё миёнаи касбӣ

шахсони дорои таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9-ум)

1

Довталабони беимтиёз

370,00

320,00

2

«Кӯдакони маъюб» ва маъюбони гурӯҳҳои I ва II, ки падару модарашон солим ва дар қайди ҳаёт мебошанд

185,00

160,00

3

Шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳон-ҳои марказонидаи дохилшавӣ ба синни 22 нарасида, ки падар ё модарашон маъюби гурӯҳи I ё II мебошад

185,00

160,00

4

Шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳон-ҳои марказонидаи дохилшавӣ ба синни 22 нарасида, ки падар ё модарашон вафот кардааст

185,00

160,00

5

Шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳон-ҳои марказонидаи дохилшавӣ ба синни 22 нарасида, ки падар ё модари танҳо* доранд

185,00

160,00

6

Шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар ИМД ба синни 22 нарасида, ки падару модарашон вафот кардаанд

-**

-**

7

Шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳон-ҳои марказонидаи дохилшавӣ ба синни 22 нарасида, ки падар ё модари танҳояшон* вафот кардааст

-**

-**

8

Шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳон-ҳои марказонидаи дохилшавӣ ба синни 22 нарасида, ки бо сабабҳои маҳдуд ё маҳрум карда шудани падару модар, падар ё модари танҳояшон аз ҳуқуқи падарумодарӣ, бедарак ғоиб эътироф ё фавтида эълон гардидани падару модар, ғайри қобили амал дониста шудани онҳо, барои адои ҷазо дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ қарор доштани падару модар, саркашӣ кардани падару модар аз тарбияи кӯдак ё ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ӯ, аз ҷумла ҳангоми рад кардани гирифтани кӯдаки худ аз муассисаҳои таълимӣ-тарбиявӣ ва ё табобатӣ бе падару модар мондаанд

-**

-**

9

«Кӯдакони маъюб» ва маъюбони гурӯҳҳои I ва II, ки падар ё модарашон вафот кардааст

-**

-**

10

«Кӯдакони маъюб» ва маъюбони гурӯҳҳои I ва II, ки падар ё модари танҳо* доранд

-**

-**

11

«Кӯдакони маъюб» ва маъюбони гурӯҳҳои I ва II, ки падару модари маъюби гурӯҳи I ё II доранд

-**

-**

12

«Кӯдакони маъюб» ва маъюбони гурӯҳҳои I ва II, ки падар ё модари танҳои* маъюби гурӯҳи I ё II доранд

-**

-**

13

Шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба синни 22 нарасида, ки падару модарашон маъюби гурӯҳи I ё II мебошанд

-**

-**

14

Шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба синни 22 нарасида, ки падар ё модари танҳояшон* маъюби гурӯҳи I ё II мебошад

-**

-**

 

Маблағе, ки довталаби дар давраи сеюми бақайдгирӣ (аз 2-юм то 15-уми сентябр) номнависшуда барои хизматрасонӣ ҷиҳати тағйир додани интихоби аввала ва (ё) маълумоти шахсияш ҳангоми азнавбақайдгирӣ месупорад.

 

№ р/т

Гурӯҳи довталабон

Маблағ

шахсони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ё миёнаи касбӣ

шахсони дорои таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9-ум)

1

Довталабони беимтиёз

30,00

30,00

2

Шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар ИМД ба синни 22 нарасида, ки падару модарашон вафот кардаанд

-**

-**

3

Шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳон-ҳои марказонидаи дохилшавӣ ба синни 22 нарасида, ки падар ё модари танҳояшон* вафот кардааст

-**

-**

4

Шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳон-ҳои марказонидаи дохилшавӣ ба синни 22 нарасида, ки бо сабабҳои маҳдуд ё маҳрум карда шудани падару модар, падар ё модари танҳояшон аз ҳуқуқи падарумодарӣ, бедарак ғоиб эътироф ё фавтида эълон гардидани падару модар, ғайри қобили амал дониста шудани онҳо, барои адои ҷазо дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ қарор доштани падару модар, саркашӣ кардани падару модар аз тарбияи кӯдак ё ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ӯ, аз ҷумла ҳангоми рад кардани гирифтани кӯдаки худ аз муассисаҳои таълимӣ-тарбиявӣ ва ё табобатӣ бе падару модар мондаанд

-**

-**

5

«Кӯдакони маъюб» ва маъюбони гурӯҳҳои I ва II, ки падар ё модарашон вафот кардааст

-**

-**

6

«Кӯдакони маъюб» ва маъюбони гурӯҳҳои I ва II, ки падар ё модари танҳо* доранд

-**

-**

7

«Кӯдакони маъюб» ва маъюбони гурӯҳҳои I ва II, ки падару модари маъюби гурӯҳи I ё II доранд

-**

-**

8

«Кӯдакони маъюб» ва маъюбони гурӯҳҳои I ва II, ки падар ё модари танҳои* маъюби гурӯҳи I ё II доранд

-**

-**

9

Шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба синни 22 нарасида, ки падару модарашон маъюби гурӯҳи I ё II мебошанд

-**

-**

10

Шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба синни 22 нарасида, ки падар ё модари танҳояшон* маъюби гурӯҳи I ё II мебошад

-**

-**

 Эзоҳ:

* падар ё модари танҳо шахсест, ки бинобар маҳдуд ё маҳрум карда шудани падар ё модар аз ҳуқуқи падарӣ ё модарӣ, бедарак ғоиб эътироф ё фавтида эълон гардидани падар ё модар, ғайри қобили амал дониста шудани падар ё модар, барои адои ҷазо дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ қарор доштани падар ё модар, муқаррар карда нашудани падарӣ танҳо мондааст;

** ин гурӯҳи довталабон аз пардохти маблағ барои хизматрасонӣ дар ИМД 2025 озоданд.

 

Таваҷҷуҳ! Агар вобаста ба мансуб будани довталаб ба ин ё он гурӯҳи шахсони дар пардохти маблағи хизматрасонӣ имтиёздошта шубҳа ҷой дошта бошад, барои маълум кардани ин масъала довталаб бо ҳуҷҷатҳои дахлдор ба яке аз нуқтаҳои бақайдгирии наздиктарин ё тавассути телефони 224 53 68 ба Марказ муроҷиат кунад.

Шахсоне, ки аз пардохти маблағи хизматрасонӣ ё қисме аз маблағи мазкур озоданд, ҳангоми бақайдгирӣ бояд ҳуҷҷатҳои дахлдорро пешниҳод кунанд.

Хотиррасон мекунем, ки маблағи хизматрасониро барои иштирок дар ИМД тавассути филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии филиалҳои Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк””, Бонки “Эсхата”, инчунин воситаҳои электронӣ пардохтан мумкин аст.

Вобаста ба ин, шахси хоҳишманди иштирок дар ИМД 2025 бояд маблағи дахлдорро дар яке аз филиалҳо ё марказҳои хизматрасонии филиалҳои Амонатбонк, Бонки “Эсхата”  ё тавассути барномаи мобилии “Амонат мобайл” пешакӣ пардохт карда, рақами расиди пардохтро бо ҳуҷҷатҳои дигари зарурӣ ба бақайдгирандаи нуқтаи бақайдгирӣ пешниҳод намояд.

Ҳангоми пардохти маблағи хизматрасонӣ барои иштирок дар ИМД тавассути барномаи “Амонат мобайл” воридшавӣ ба равзанаи пардохти маблағи хизматрасонӣ барои иштирок дар ИМД аз қадамҳо – интихоби бандҳои зерини меню иборат аст:

1) агар забони робит (интерфейс)-и барнома тоҷикӣ бошад:

“Корт” ё “Ҳамёни электронӣ” ► “Пардохт кардан” ► “Пардохти хизматрасониҳо” ► “Таҳсил” ► “Маркази миллии тестӣ”;

2) агар забони робит (интерфейс)-и барнома русӣ бошад:

 “Карта” ё “Электронный кошелёк” ► “Оплатить” ► “Оплата услуг” ► “Образование” ► “Маркази миллии тестӣ”.

Равзанаи пайдошуда (“Маркази миллии тестӣ”) аз 3 майдон – (1) “Ному насаби довталаб” (“ФИО абитуриента”), (2) “Рақами телефон” (“Номер телефона”) ва (3) “Маблағ” (“Сумма”), ки дар ҳар яке аз онҳо бояд маълумоти дахлдор ворид карда шавад, инчунин 1 тугма – “Пардохт кардан” (“Оплатить”) иборат аст.

Дар майдони 1-ум насаб, ном ва номи падари довталаб тибқи шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсияташ пурра ворид карда мешавад. Агар маблағи хизматрасониро ба ҷойи довталаб шахси дигар (масалан, нафаре аз хешовандони ӯ) пардохт кунад, ин шахс дар майдони зикргардида бояд насаб, ном ва номи падари довталабро ворид кунад.

Дар майдони 2-юм рақами телефоне, ки дар зарурат барои тамос бо довталаб ва ё ҳамчун як ҷузъи маълумоти ташхисдиҳандаи пардохти довталаб барои бақайдгирӣ истифода мегардад, ворид карда мешавад.

Дар майдони 3-юм андозаи маблағи пардохтшаванда навишта мешавад. Лозим ба зикр аст, ки баъд аз ворид кардани насаб, ном ва номи падари довталаб дар майдони “Ному насаби довталаб” зери ин майдон матни роҳнамо дар бораи андозаи маблағ – “Маблағ барои синфи 11 – 370с. (имтиёздорон: 185с.), синфи 9 – 320с. (имтиёздорон: 160с.), азнавбақайдгирӣ – 30с.” (“Плата для 11 класса – 370с. (льготники: 185с.), 9 класса – 320с. (льготники: 160с.), перерегистрации – 30с.”), ки ранги пасзамина (фон)-и он хокистарӣ аст, намоиш дода мешавад

Таваҷҷуҳ! Ворид кардани маълумот дар ҳар се майдони зикргардида ҳатмӣ аст. Ҳангоми ворид кардани андозаи маблағ бодиққат будан лозим аст ва он бояд бо дарназардошти зинаи таҳсилоти довталаб, инчунин мансубияти довталаб ба гурӯҳи довталабони дар пардохти маблағи хизматрасонӣ имтиёздошта (агар довталаб чунин имтиёзро дошта бошад) ворид карда шавад. Агар довталаб дар бораи мансуб буданаш ба ин ё он гурӯҳи шахсони дар пардохти маблағи хизматрасонӣ имтиёздошта шубҳа дошта бошад, барои маълум кардани ин масъала бо ҳуҷҷатҳои дахлдор ба яке аз нуқтаҳои бақайдгирии наздиктарин ё тавассути телефони 224 53 68 ба Марказ муроҷиат кунад.

Пас аз ворид кардани маълумоти зарурӣ дар ҳар яке аз майдонҳои дахлдор бори дигар дурустии онро санҷида, баъдан тугмаи “Пардохт кардан” (“Оплатить”)-ро пахш кардан лозим аст.

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Рӯйхати комбинатсияҳои ихтисосҳои давраи сеюми бақайдгирӣРӯйхати комбинатсияҳои ихтисосҳои давраи сеюми бақайдгирӣ
  • Феҳристи ихтисосҳо ва вазни субтестҳоФеҳристи ихтисосҳо ва вазни субтестҳо
  • Коэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳоКоэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳо
  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳои давраи дуюми бақайдгирӣ)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳои давраи дуюми бақайдгирӣ)
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо – 2025Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон