Душанбе, 2-юми сентябри соли 2024
Ба таваҷҷуҳи шахсони хоҳишманди дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон расонда мешавад, ки Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2‑юми сентябр бақайдгирии довталабонро барои иштирок дар даври сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) ба муассисаҳои таълимии мазкур оғоз кард.
Барои бақайдгирии довталабон дар 10 шаҳру ноҳия – Хоруғ, Хуҷанд, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб, Исмоили Сомонӣ, Сино, Шоҳмансур, Данғара ва Рашт нуқтаҳои доимии бақайдгирӣ ва дар 21 шаҳру ноҳияи дигар – Норак, Роғун, Турсунзода, Истаравшан, Конибодом, Исфара, Ёвон, Қубодиён, Шаҳритус, Нуробод, Лахш, Мастчоҳ, Зафаробод, Ҷаббор Расулов, Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷайҳун, Панҷ, Ховалинг, Фархор, Ҳамадонӣ ва Темурмалик нуқтаҳои сайёри бақайдгирӣ фаъолият мекунанд. Рӯйхати нуқтаҳои бақайдгирӣ дар зер оварда шудааст.
Дар ин давра шахсони зерин худро номнавис карда метавонанд:
- шахсоне, ки дар давраҳои якум ва дуюми бақайдгирӣ худро номнавис накардаанд;
- довталабони дар давраҳои якум ва дуюми бақайдгирӣ номнависшудае, ки дар имтиҳонҳо (даврҳои якум ва дуюм) иштирок накардаанд;
- довталабони дар даврҳои якум ва дуюми имтиҳонҳо иштироккардае, ки ба озмуни тақсимот роҳ наёфтаанд, яъне аз як ё якчанд субтест ба холи гузариш соҳиб нашудаанд;
- довталабони дар асоси яке аз озмунҳо – тақсимоти асосӣ, такрорӣ ва такрории иловагӣ комёбшудае, ки барои қабул дар муассисаҳои таълимии дахлдор ҳозир нашудаанд;
- довталабоне, ки дар яке аз озмунҳо – тақсимоти асосӣ, такрорӣ ва такрории иловагӣ аз рӯйи ихтисосҳои самти тиб гузаштаанду вале бинобар гирифториашон ба бемориҳое, ки шахсони ба онҳо мубталогашта ҳуқуқи таҳсил карданро дар муассисаҳои таълимии тиббӣ надоранд, ба ин муассисаҳои таълимӣ қабул нашудаанд.
Муҳлати бақайдгирӣ барои иштирок дар даври сеюми имтиҳонҳо то 15-уми сентябр муқаррар гардидааст. Хотиррасон мекунем, ки агар довталаби дар ин давра номнависшуда хоҳиши иваз кардани интихобҳои аввалаашро дошта бошад, метавонад ин корро анҷом диҳад. Барои азнавбақайдгирӣ довталаб бояд ба нуқтаи бақайдгирие, ки дар он худро сабти ном кардааст, муроҷиат кунад.
Дар давраи сеюми бақайдгирӣ барои интихоби довталабон ҷойҳое, ки тибқи нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ баъд аз се озмун – тақсимоти асосӣ, такрорӣ ва такрории иловагии даврҳои якум ва дуюми ИМД 2024 холӣ мондаанд, пешниҳод карда мешавад. Довталабон дар интихоби ихтисосҳо озод буда, то 12 комбинатсияи ихтисоси ба худ писандро танҳо аз як гурӯҳи ихтисосҳо интихоб карда метавонанд. Дар вақти бақайдгирӣ яке аз забонҳо (русӣ ва тоҷикӣ) ва маконҳои имтиҳонсупорӣ ва макони фиристодани даъватномаро бояд интихоб кард. Инчунин, довталабоне, ки ихтисосҳоро аз гурӯҳҳои ихтисосҳои 2-юм (иқтисод ва география), 3-юм (филология, педагогика ва санъат) ва 4-ум (ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ) интихоб мекунанд, барои имтиҳон аз забони хориҷӣ яке аз забонҳои хориҷӣ – англисӣ/немисӣ/франсавӣ/арабиро интихоб карда метавонанд.
ТАВАҶҶУҲ! Рӯйхати ихтисосҳои дорои ҷойҳои холӣ, ки барои давраи сеюми бақайдгирии довталабон пешниҳод мегардад, дар сомонаи Марказ гузошта шудааст. Ба довталабон тавсия дода мешавад, ки аз рӯйхати мазкур комбинатсияҳои ихтисосҳоро пешакӣ интихоб намуда, баъдан ба нуқтаҳои бақайдгирӣ муроҷиат кунанд ва тибқи тартиботи муқарраршуда ба бартарии интихобҳо диққат диҳанд ва хато накунанд.
Падару модарон бояд аз интихобҳои фарзандонашон ҳангоми бақайдгирӣ ва моҳияти онҳо, бахусус аз комбинатсияҳои ихтисосҳо, муассисаҳои таълимӣ, шакл ва намуди таҳсил огаҳии кофӣ дошта бошанд. Тавре ки борҳо таъкид кардаем ва онро натиҷаҳои кори даҳсолаи Марказ низ собит сохтааст, ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз ба натиҷаҳои аз имтиҳонҳо бадастовардаи довталабон ягон таъсире расонида наметавонад. Барои донишҷӯй гардидан довталабон бояд танҳо ба дониш ва маҳорату малакаи худ такя кунанд.
Тибқи нақша, довталабоне, ки дар давраи сеюми бақайдгирӣ худро номнавис мекунанд, имтиҳонҳо – қисмҳои А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) ва Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ)-ро дар даври сеюм – 22-юми сентябр месупоранд. Дар ин давраи бақайдгирӣ ба довталабон 8 шаҳру ноҳия – Душанбе, Хоруғ, Хуҷанд, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб, Данғара ва Рашт ҳамчун макони имтиҳонсупорӣ пешниҳод карда мешавад, ки онҳо яке аз инҳоро интихоб карда метавонанд.
Инчунин, барои довталабоне, ки дар ин давра ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсусро интихоб мекунанд, имтиҳонҳои мазкур – қисми В аз 19-ум то 20-уми сентябр дар муассисаҳои таълимии дахлдор гузаронда мешавад.
Арзиши хизматрасонӣ барои шахсоне, ки бо мақсади иштирок дар даври сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ аз қайд гузаштан мехоҳанд, тибқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шахсони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ё миёнаи касбӣ 330 сомонӣ ва барои шахсони дорои таҳсилоти умумии асосӣ (хатмкунанда ё хатмкардаи синфи 9-ум) 230 сомонӣ муқаррар гардидааст. Маблағи барои азнавбақайдгирӣ дар ин давра пардохтшаванда 30 сомонӣ аст. Маълумоти муфассал дар бораи маблағи хизматрасонӣ дар ИМД 2024, аз ҷумла дар бораи шахсони дар пардохти маблағи мазкур имтиёздошта, дар зер оварда шудааст.
Маблағи хизматрасонӣ барои иштирок дар ИМД дар яке аз марказҳои хизматрасонӣ ё филиалҳои Амонатбонк, Бонки “Эсхата” ё тавассути барномаи мобилии “Амонат мобайл” бояд пешакӣ пардохта, рақами расиди пардохт ба шахси масъули нуқтаи бақайдгирӣ пешниҳод карда шавад.
Маълумоти муфассалро дар бораи масъалаҳои марбут ба ИМД аз дастури иттилоотию методии “Роҳнамои довталаб”, ки шакли чопии онро Марказ ба муассисаҳои таълимӣ ройгон дастрас гардонида, гунаи электронияшро дар сомонаи худ ҷой додааст, пайдо кардан мумкин аст.
Рӯйхати муассисаҳои таълимӣ ва бахшҳои минтақавии Маркази миллии тестӣ ва рақами нуқтаҳои бақайдгирӣ барои сабти номи довталабон ҷиҳати иштирок дар даври сеюми ИМД 2024
1. Нуқтаҳои доимии бақайдгирӣ (НДБ)
Рақами НДБ |
Муассиса/сохтори мақомоти маҳаллии идоракунии маориф, ки дар заминаи он НДБ ташкил карда мешавад |
Муҳлати фаъолият |
||||
ном |
нишонӣ |
нуқтаи роҳнамо (ориентир) |
||||
Шаҳри Душанбе |
||||||
1 |
01/01 |
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 70-и ба номи 15-солагии Конститутсияи Тоҷикистони ноҳияи Исмоили Сомонӣ |
шаҳри Душанбе, ноҳияи Исмоили Сомонӣ, кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ, 15 |
хонаҳои Қайроққум дар роҳи бетонӣ (дар муқобили шаҳраки донишҷӯёни ДМТ) |
аз 02.09.2024 то 15.09.2024 |
|
2 |
01/02 |
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 25-и ба номи Убайд Раҷаби ноҳияи Сино |
шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 59 |
беморхонаи “Қаряи боло” |
аз 02.09.2024 то 15.09.2024 |
|
3 |
01/03 |
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 56-и ноҳияи Сино |
шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Абдураҳмони Ҷомӣ, 67а |
бозорчаи “Дӯстӣ” |
аз 02.09.2024 то 15.09.2024 |
|
4 |
01/04 |
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 100-и ноҳияи Шоҳмансур |
шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаи Назаршоев, 17 |
маркази савдои “Ёқут‑2000” |
аз 02.09.2024 то 15.09.2024 |
|
Шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ |
||||||
5 |
01/05 |
Бахши минтақавии Маркази миллии тестӣ дар ноҳияи Рашт |
ноҳияи Рашт, шаҳраки Ғарм, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 79 |
маркази ноҳия |
аз 02.09.2024 то 15.09.2024 |
|
Вилояти Суғд |
||||||
6 |
02/01 |
Бахши минтақавии Маркази миллии тестӣ дар шаҳри Хуҷанд |
шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Мадади Сино, 5 |
маҳаллаи Бофанда (Шелкокомбинат), МТМУ № 2 |
аз 02.09.2024 то 15.09.2024 |
|
7 |
02/02 |
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 3-и ба номи Набӣ Каримови шаҳри Панҷакент |
шаҳри Панҷакент, хиёбони Рӯдакӣ, 208 |
маркази шаҳр |
аз 02.09.2024 то 15.09.2024 |
|
Вилояти Хатлон |
||||||
8 |
03/01 |
Бахши минтақавии Маркази миллии тестӣ дар шаҳри Бохтар |
шаҳри Бохтар, кӯчаи Аминҷон Расулов, 35 |
боғчаи кӯдаконаи № 10, МТМУ № 4 |
аз 02.09.2024 то 15.09.2024 |
|
9 |
03/02 |
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1-и шаҳри Кӯлоб |
шаҳри Кӯлоб, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 40 |
оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (рӯбарӯйи боғи фарҳангӣ) |
аз 02.09.2024 то 15.09.2024 |
|
10 |
03/03 |
Литсейи тамоюли техникии ба номи Афлотуни ноҳияи Данғара |
ноҳияи Данғара, кӯчаи Марказӣ, 30 |
шуъбаи маориф |
аз 02.09.2024 то 15.09.2024 |
|
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон |
||||||
11 |
04/01 |
Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев |
шаҳри Хоруғ, кӯчаи Ленин, 28 |
ҳукумати вилоят |
аз 02.09.2024 то 15.09.2024 |
2. Нуқтаҳои сайёри бақайдгирӣ (НСБ)
Рақами НБ
|
Муассиса/сохтори мақомоти маҳаллии идоракунии маориф, ки дар заминаи он НБ ташкил карда мешавад |
Муҳлати фаъолият |
||||
ном |
нишонӣ |
нуқтаи роҳнамо (ориентир) |
||||
1 |
05/01 |
Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои шаҳри Норак |
шаҳри Норак, кӯчаи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, 22 |
шуъбаи маориф |
аз 04.09.2024 то 06.09.2024 |
|
2 |
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и шаҳри Роғун |
шаҳри Роғун, кӯчаи Истиқлол, 43 |
маркази ноҳия |
аз 10.09.2024 то 12.09.2024 |
||
3 |
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 98-и шаҳри Турсунзода |
шаҳри Турсунзода, маҳаллаи 3-юм |
маркази савдои “Ветеран” |
аз 13.09.2024 то 15.09.2024 |
||
4 |
05/02 |
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1-и ба номи Б. Назурови ноҳияи Ёвон |
ноҳияи Ёвон, кӯчаи Мирзо Турсунзода |
бозори марказӣ |
аз 04.09.2024 то 06.09.2024 |
|
5 |
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ба номи Сайфуддин Мамаҷонов |
ноҳияи Қубодиён, ҷ/ш. Қубодиён, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 182 |
бозори марказӣ |
аз 10.09.2024 то 12.09.2024 |
||
6 |
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1-и ноҳияи Шаҳритус |
ноҳияи Шаҳритус, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 54 |
беморхонаи марказӣ |
аз 13.09.2024 то 15.09.2024 |
||
7 |
05/03 |
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 14-и ноҳияи Нуробод |
ноҳияи Нуробод, шаҳраки Дарбанд, кӯчаи Рӯдакӣ |
маркази ноҳия |
аз 04.09.2024 то 06.09.2024 |
|
8 |
Шуъбаи маорифи ноҳияи Лахш |
ноҳияи Лахш, кӯчаи Лахш, 7 |
маркази ноҳия |
аз 11.09.2024 то 13.09.2024 |
||
9 |
05/04 |
Маркази таҳсилоти иловагии ноҳияи Мастчоҳ |
ноҳияи Мастчоҳ, кӯчаи Ҳаким Раззоқов, 4 |
бинои нави шуъбаи маориф |
аз 04.09.2024 то 06.09.2024 |
|
10 |
Гимназияи № 5-и ба номи Раҷаб Амонови шаҳри Истаравшан |
шаҳри Истаравшан, кӯчаи Аслонхӯҷа Юнусов, 93 |
бинои бонки “Эсхата” |
аз 10.09.2024 то 12.09.2024 |
||
11 |
Коллеҷи политехникии ноҳияи Зафаробод |
ноҳияи Зафаробод, шаҳраки Зафаробод, кӯчаи Б. Ҳамзаев, 3 |
беморхонаи марказӣ |
аз 13.09.2024 то 15.09.2024 |
||
12 |
05/05 |
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 27-и ноҳияи Ҷаббор Расулов |
ноҳияи Ҷаббор Расулов, шаҳраки Меҳробод, кӯчаи Себзор |
варзишгоҳи марказӣ |
аз 04.09.2024 то 06.09.2024 |
|
13 |
Гимназияи № 1-и ба номи Эҳсонбой Бозорови шаҳри Конибодом |
шаҳри Конибодом, кӯчаи 8-уми Март, 11 |
беморхонаи марказӣ |
аз 10.09.2024 то 12.09.2024 |
||
14 |
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 2-и ба номи Абулқосим Лоҳутии шаҳри Исфара |
шаҳри Исфара, кӯчаи Сайидон, 1 |
бинои раёсати маориф |
аз 13.09.2024 то 15.09.2024 |
||
15 |
05/06 |
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 2-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ |
ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, ҷамоати деҳоти Ҳалевард, кӯчаи Н. Носиров, 4 |
бинои ҷамоати деҳоти Ҳалевард |
аз 04.09.2024 то 06.09.2024 |
|
16 |
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 17-и ба номи Шириншоҳ Шоҳтемури ноҳияи Ҷайҳун |
ноҳияи Ҷайҳун, шаҳраки Дӯстӣ, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 10 |
варзишгоҳи марказӣ |
аз 10.09.2024 то 12.09.2024 |
||
17 |
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1-и ноҳияи Панҷ |
ноҳияи Панҷ, кӯчаи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ |
идораи Суди ноҳия |
аз 13.09.2024 то 15.09.2024 |
||
18 |
05/07 |
Гимназияи давлатии ноҳияи Ховалинг |
ноҳияи Ховалинг, шаҳраки Ховалинг, кӯчаи Сайдалӣ Вализода |
маркази ноҳия |
аз 04.09.2024 то 06.09.2024 |
|
19 |
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 2-и ба номи Садриддин Айнии ноҳияи Фархор |
ноҳияи Фархор, кӯчаи А. Рӯдакӣ |
терминали мусофирбарӣ
|
аз 10.09.2024 то 12.09.2024 |
||
20 |
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 2-и ноҳияи Ҳамадонӣ |
ноҳияи Ҳамадонӣ, кӯчаи Мирзо Турсунзода, 128а |
беморхонаи марказӣ |
аз 13.09.2024 то 15.09.2024 |
||
21 |
05/08 |
Гимназияи давлатии ба номи Ҳаким Ҳафизови ноҳияи Темурмалик |
ноҳияи Темурмалик, шаҳраки Совет, кӯчаи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ |
масҷиди ҷомеъ |
аз 11.09.2024 то 13.09.2024 |
РӮЙХАТИ ҲУҶҶАТҲОЕ, КИ БАРОИ НОМНАВИСӢ ҶИҲАТИ ИШТИРОК ДАР ИМД 2024 БОЯД ПЕШНИҲОД КАРДА ШАВАНД
1. Ҳуҷҷатҳои умумӣ
Р/т |
Навъи ҳуҷҷат |
Номи ҳуҷҷат |
Гурӯҳи шахсоне, ки ҳуҷҷатро бояд пешниҳод кунанд |
1 |
Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият |
Шиносномаи миллӣ ва нусхаи он ё маълумотнома бо сурат ва муҳр аз шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нусхаи он |
Шахсони 16-сола |
Шиносномаи хориҷӣ, нусхаи шиносномаи хориҷӣ ва маълумотнома аз ҷойи зист бо сурат ва муҳр |
Шаҳрвандони хориҷии |
||
Шаҳодатномаи таваллуд, маълумотнома бо муҳру сурат аз ҷойи зист ва нусхаи онҳо |
Шахсони ба синни 16 нарасида |
||
2 |
Ҳуҷҷат дар бораи таҳсилот |
Маълумотнома (бо сурат ва муҳр) аз муассисаи таълимӣ дар бораи хатмкунандаи синфи 9-ум будан |
Шахсоне, ки синфи 9-умро дар соли ҷорӣ хатм кардаанд |
Аттестат (шаҳодатнома) дар бораи таҳсилоти умумии асосӣ ва нусхаи он |
Шахсоне, ки синфи 9-умро хатм кардаанд |
||
Аттестат (шаҳодатнома) дар бораи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва нусхаи он |
Шахсоне, ки синфи 11-умро хатм кардаанд |
||
Диплом ва замимааш дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва нусхаи онҳо |
Шахсоне, ки муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбиро хатм кардаанд |
||
Диплом ва замимааш дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ ва нусхаи онҳо |
Шахсоне, ки муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбиро хатм намудаанд |
||
3 |
Баробарарзишии ҳуҷҷати таҳсилоти давлати хориҷӣ |
Шаҳодатнома дар бораи эътироф ва муайян кардани баробарарзишии ҳуҷҷати таҳсилоти давлати хориҷӣ ва нусхаи он |
Шахсоне, ки муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва ё миёнаи касбиро дар давлатҳои хориҷӣ хатм намудаанд |
4 |
Пардохти маблағи хизматрасонӣ |
Рақами расид (квитансия)-и пардохти маблағ аз яке аз филиалҳо ё марказҳои хизматрасонии филиалҳои «Амонатбонк»», ё аз барномаи мобилии «Амонат мобайл»» |
Ҳамаи довталабон, ба истиснои онҳое, ки аз пардохти маблағи хизматрасонӣ дар ИМД озоданд |
5 |
Имтиёзҳо |
Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи имтиёзҳо барои гирифтани балҳои иловагӣ ва (ё) имтиёзҳо дар пардохти маблағи хизматрасонӣ (агар дошта бошад) |
Шахсоне, ки барои гирифтани балҳои иловагӣ ва (ё) имтиёзҳо дар пардохти маблағи хизматрасонӣ ҳуқуқ доранд |
2. Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи имтиёзҳо барои гирифтани балҳои иловагӣ ва (ё) имтиёзҳо дар пардохти маблағи хизматрасонӣ (агар дошта бошад)
Р/т |
Гурӯҳи довталабони имтиёздор |
Ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда |
Намуди нусха |
|
1 |
Шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар ИМД ба синни 22 нарасида, ки падару модарашон вафот кардаанд |
1) |
хатти вафоти падари довталаб |
нусхаи нотариалӣ тасдиқшуда |
2) |
хатти вафоти модари довталаб |
нусхаи нотариалӣ тасдиқшуда |
||
3) |
шаҳодатнома дар бораи таваллуди довталаб |
нусхаи нотариалӣ тасдиқшуда |
||
2 |
Шахсони дар вақти бақайдгирӣ ҷиҳати иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба синни 22 нарасида, ки падар ё модари танҳояшон вафот кардааст |
1) |
хатти вафоти падар ё модари довталаб |
нусхаи нотариалӣ тасдиқшуда |
2) |
шаҳодатнома дар бораи таваллуди довталаб |
нусхаи нотариалӣ тасдиқшуда |
||
3) |
маълумотнома аз шуъба/бахши сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ дар бораи муқаррар нашудани падарӣ* ё ҳуҷҷати дигари марбут ба модар** |
асл/нусха |
||
3 |
Шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба синни 22 нарасида, ки бо сабабҳои маҳдуд ё маҳрум карда шудани падару модар, падар ё модари танҳояшон аз ҳуқуқи падарумодарӣ, бедарак ғоиб эътироф ё фавтида эълон гардидани падару модар, ғайри қобили амал дониста шудани онҳо, барои адои ҷазо дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ қарор доштани падару модар, саркашӣ кардани падару модар аз тарбияи кӯдак ё ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ӯ, аз ҷумла ҳангоми рад кардани гирифтани кӯдаки худ аз муассисаҳои таълимӣ-тарбиявӣ ва ё табобатӣ бе падару модар мондаанд |
1) |
қарори мақоми васояту парастории мақомоти иҷро-ияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ё ноҳияи дахлдор дар бораи бепарастор будани довталаб |
нусхаи нотариалӣ тасдиқшуда |
2) |
ҳуҷҷате, ки барои қабули қарори мазкур асос шудааст |
нусха |
||
3) |
маълумотнома бо муҳр дар бораи бепарастор будани довталаб аз мақомоти мазкур |
асл |
||
4) |
шаҳодатнома дар бораи таваллуди довталаб |
нусхаи нотариалӣ тасдиқшуда |
||
4 |
«Кӯдакони маъюб» ва маъюбони гурӯҳҳои I ва II, ки падар ё модарашон вафот кардааст |
1) |
маълумотномаи силсиладор*** дар бораи кӯдаки маъюб ё маъюби гурӯҳи I ё II будани довталаб |
нусхаи аз ҷониби мақоми дахлдор** тасдиқшуда |
2) |
шаҳодатнома дар бораи таваллуди довталаб |
нусха |
||
3) |
хатти вафоти падар ё модари довталаб |
нусха |
||
5 |
«Кӯдакони маъюб» ва маъюбони гурӯҳҳои I ва II, ки падар ё модари танҳо доранд |
1) |
маълумотномаи силсиладор*** дар бораи кӯдаки маъюб ё маъюби гурӯҳи I ё II будани довталаб |
нусхаи аз ҷониби мақоми дахлдор** тасдиқшуда |
2) |
шаҳодатнома дар бораи таваллуди довталаб |
нусха |
||
3) |
маълумотнома аз шуъба/бахши сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ дар бораи муқаррар нашудани падарӣ* ё ҳуҷҷати дигари марбут ба модар** |
асл/нусха |
||
6 |
«Кӯдакони маъюб» ва маъюбони гурӯҳҳои I ва II, ки падару модари маъюби гурӯҳи I ё II доранд |
1) |
маълумотномаи силсиладор*** дар бораи кӯдаки маъюб ё маъюби гурӯҳи I ё II будани довталаб |
нусхаи аз ҷониби мақоми дахлдор** тасдиқшуда |
2) |
маълумотномаҳои силсиладор*** дар бораи маъюби гурӯҳи I ё II будани падару модари довталаб |
нусхаи аз ҷониби мақоми дахлдор** тасдиқшуда |
||
3) |
шаҳодатнома дар бораи таваллуди довталаб |
нусха |
||
7 |
«Кӯдакони маъюб» ва маъюбони гурӯҳҳои I ва II, ки падар ё модари танҳои маъюби гурӯҳи I ё II доранд |
1) |
маълумотномаи силсиладор*** дар бораи кӯдаки маъюб ё маъюби гурӯҳи I ё II будани довталаб |
нусхаи аз ҷониби мақоми дахлдор** тасдиқшуда |
2) |
маълумотномаи силсиладор*** дар бораи маъюби гурӯҳи I ё II будани падар ё модари танҳои довталаб |
нусхаи аз ҷониби мақоми дахлдор** тасдиқшуда |
||
3) |
маълумотнома аз шуъба/бахши сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ дар бораи муқаррар нашудани падарӣ ё ҳуҷҷати дигари марбут ба модар* |
асл/нусха |
||
4) |
шаҳодатнома дар бораи таваллуди довталаб |
нусха |
||
8 |
Шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба синни 22 нарасида, ки падару модарашон маъюби гурӯҳи I ё II мебошанд |
1) |
маълумотномаи силсиладор*** дар бораи маъюби гурӯҳи I ё II будани падар довталаб |
нусхаи аз ҷониби мақоми дахлдор** тасдиқшуда |
2) |
маълумотномаи силсиладор*** дар бораи маъюби гурӯҳи I ё II будани модари довталаб |
нусхаи аз ҷониби мақоми дахлдор** тасдиқшуда |
||
3) |
шаҳодатнома дар бораи таваллуди довталаб |
нусха |
||
9 |
Шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба синни 22 нарасида, ки падар ё модари танҳояшон маъюби гурӯҳи I ё II мебошад |
1) |
маълумотномаи силсиладор*** дар бораи маъюби гурӯҳи I ё II будани падар ё модари танҳои довталаб |
нусхаи аз ҷониби мақоми дахлдор** тасдиқшуда |
2) |
маълумотнома аз шуъба/бахши сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ дар бораи муқаррар нашудани падарӣ* ё ҳуҷҷати дигари марбут ба модар** |
асл/нусха |
||
3) |
шаҳодатнома дар бораи таваллуди довталаб |
нусха |
||
10 |
«Кӯдакони маъюб» ва маъюбони гурӯҳҳои I ва II, ки падару модарашон солим ва дар қайди ҳаёт мебошанд |
1) |
маълумотномаи силсиладор*** дар бораи кӯдаки маъюб ё маъюби гурӯҳи I ё II будани довталаб |
нусхаи аз ҷониби мақоми дахлдор** тасдиқшуда |
11 |
Шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба синни 22 нарасида, ки падар ё модарашон маъюби гурӯҳи I ё II мебошад |
2) |
маълумотномаи силсиладор*** дар бораи маъюби гурӯҳи I ё II будани падар ё модари довталаб |
нусхаи аз ҷониби мақоми дахлдор** тасдиқшуда |
3) |
шаҳодатнома дар бораи таваллуди довталаб |
нусха |
||
12 |
Шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба синни 22 нарасида, ки падар ё модарашон вафот кардааст |
1) |
хатти вафоти падар ё модар |
нусха |
2) |
шаҳодатнома дар бораи таваллуди довталаб |
нусха |
||
13 |
Шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба синни 22 нарасида, ки падар ё модари танҳо доранд |
1) |
маълумотнома аз шуъба/бахши сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ дар бораи муқаррар нашудани падарӣ* ё ҳуҷҷати дигари марбут ба модар** |
асл/нусха |
2) |
шаҳодатнома дар бораи таваллуди довталаб |
нусха |
||
14 |
Фарзандони хизматчиёни ҳарбие, ки ҳангоми иҷрои уҳдадории хизмати ҳарбӣ ҳалок гардидаанд ё ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои хизмати ҳарбӣ маъюб ё бемор шуда, бар асари он фавтидаанд |
1) |
хатти вафоти падар ё модар |
нусхаи нотариалӣ тасдиқшуда |
2) |
маълумотнома аз мақоми ваколатдори давлатӣ дар бораи ҳангоми иҷрои уҳдадории хизмати ҳарбӣ ҳалок гардидан ё ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои хизмати ҳарбӣ маъюб ё бемор шуда, бар асари он фавтидани хизматчии ҳарбӣ |
нусхаи нотариалӣ тасдиқшуда |
||
3) |
шаҳодатнома дар бораи таваллуди довталаб |
нусхаи нотариалӣ тасдиқшуда
|
||
15 |
Шахсоне, ки дар соҳаи санъат ва фарҳанг дастовард доранд |
1) |
тавсияномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғолибият дар озмун ё фестивалҳои тахассусии ҷумҳуриявӣ ё байналмилалии соҳаи санъат ва фарҳанг |
нусха |
16 |
Шахсони хизмати ҳарбиро дар Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра адокарда |
1) |
билети ҳарбӣ ё шаҳодатномаи муваққатӣ |
нусха |
17 |
Шахсоне, ки дар соҳаи варзиш дастовард доранд |
1) |
шаҳодатнома**** дар бораи дорандаи яке аз унвонҳои “Устоди варзиши дараҷаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Устоди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон” ё дараҷаи “Номзад ба устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон” будани довталаб |
нусха |
МАБЛАҒИ ХИЗМАТРАСОНӢ БАРОИ ИШТИРОК ДАР ИМД 2024
1. Маблағе, ки довталаб дар давраи сеюми бақайдгирӣ (аз 2-юм то 15-уми сентябр) барои хизматрасонӣ ҷиҳати иштирок дар ИМД 2024 месупорад.
№ р/т |
Гурӯҳи довталабон |
Маблағ |
|
шахсони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ё миёнаи касбӣ |
шахсони дорои таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9-ум) |
||
1 |
Довталабони беимтиёз |
330,00 |
230,00 |
2 |
«Кӯдакони маъюб» ва маъюбони гурӯҳҳои I ва II, ки падару модарашон солим ва дар қайди ҳаёт мебошанд |
165,00 |
115,00 |
3 |
Шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳон-ҳои марказонидаи дохилшавӣ ба синни 22 нарасида, ки падар ё модарашон маъюби гурӯҳи I ё II мебошад |
165,00 |
115,00 |
4 |
Шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳон-ҳои марказонидаи дохилшавӣ ба синни 22 нарасида, ки падар ё модарашон вафот кардааст |
165,00 |
115,00 |
5 |
Шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳон-ҳои марказонидаи дохилшавӣ ба синни 22 нарасида, ки падар ё модари танҳо* доранд |
165,00 |
115,00 |
6 |
Шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар ИМД ба синни 22 нарасида, ки падару модарашон вафот кардаанд |
-** |
-** |
7 |
Шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳон-ҳои марказонидаи дохилшавӣ ба синни 22 нарасида, ки падар ё модари танҳояшон* вафот кардааст |
-** |
-** |
8 |
Шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳон-ҳои марказонидаи дохилшавӣ ба синни 22 нарасида, ки бо сабабҳои маҳдуд ё маҳрум карда шудани падару модар, падар ё модари танҳояшон аз ҳуқуқи падарумодарӣ, бедарак ғоиб эътироф ё фавтида эълон гардидани падару модар, ғайри қобили амал дониста шудани онҳо, барои адои ҷазо дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ қарор доштани падару модар, саркашӣ кардани падару модар аз тарбияи кӯдак ё ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ӯ, аз ҷумла ҳангоми рад кардани гирифтани кӯдаки худ аз муассисаҳои таълимӣ-тарбиявӣ ва ё табобатӣ бе падару модар мондаанд |
-** |
-** |
9 |
«Кӯдакони маъюб» ва маъюбони гурӯҳҳои I ва II, ки падар ё модарашон вафот кардааст |
-** |
-** |
10 |
«Кӯдакони маъюб» ва маъюбони гурӯҳҳои I ва II, ки падар ё модари танҳо* доранд |
-** |
-** |
11 |
«Кӯдакони маъюб» ва маъюбони гурӯҳҳои I ва II, ки падару модари маъюби гурӯҳи I ё II доранд |
-** |
-** |
12 |
«Кӯдакони маъюб» ва маъюбони гурӯҳҳои I ва II, ки падар ё модари танҳои* маъюби гурӯҳи I ё II доранд |
-** |
-** |
13 |
Шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба синни 22 нарасида, ки падару модарашон маъюби гурӯҳи I ё II мебошанд |
-** |
-** |
14 |
Шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба синни 22 нарасида, ки падар ё модари танҳояшон* маъюби гурӯҳи I ё II мебошад |
-** |
-** |
2. Маблағе, ки довталаби дар давраи сеюми бақайдгирӣ (аз 2-юм то 15-уми сентябр) номнависшуда барои хизматрасонӣ ҷиҳати тағйир додани интихоби аввала ва (ё) маълумоти шахсияш ҳангоми азнавбақайдгирӣ месупорад.
№ р/т |
Гурӯҳи довталабон |
Маблағ |
|
шахсони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ё миёнаи касбӣ |
шахсони дорои таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9-ум) |
||
1 |
Довталабони беимтиёз |
30,00 |
30,00 |
2 |
Шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар ИМД ба синни 22 нарасида, ки падару модарашон вафот кардаанд |
-** |
-** |
3 |
Шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳон-ҳои марказонидаи дохилшавӣ ба синни 22 нарасида, ки падар ё модари танҳояшон* вафот кардааст |
-** |
-** |
4 |
Шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳон-ҳои марказонидаи дохилшавӣ ба синни 22 нарасида, ки бо сабабҳои маҳдуд ё маҳрум карда шудани падару модар, падар ё модари танҳояшон аз ҳуқуқи падарумодарӣ, бедарак ғоиб эътироф ё фавтида эълон гардидани падару модар, ғайри қобили амал дониста шудани онҳо, барои адои ҷазо дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ қарор доштани падару модар, саркашӣ кардани падару модар аз тарбияи кӯдак ё ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ӯ, аз ҷумла ҳангоми рад кардани гирифтани кӯдаки худ аз муассисаҳои таълимӣ-тарбиявӣ ва ё табобатӣ бе падару модар мондаанд |
-** |
-** |
5 |
«Кӯдакони маъюб» ва маъюбони гурӯҳҳои I ва II, ки падар ё модарашон вафот кардааст |
-** |
-** |
6 |
«Кӯдакони маъюб» ва маъюбони гурӯҳҳои I ва II, ки падар ё модари танҳо* доранд |
-** |
-** |
7 |
«Кӯдакони маъюб» ва маъюбони гурӯҳҳои I ва II, ки падару модари маъюби гурӯҳи I ё II доранд |
-** |
-** |
8 |
«Кӯдакони маъюб» ва маъюбони гурӯҳҳои I ва II, ки падар ё модари танҳои* маъюби гурӯҳи I ё II доранд |
-** |
-** |
9 |
Шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба синни 22 нарасида, ки падару модарашон маъюби гурӯҳи I ё II мебошанд |
-** |
-** |
10 |
Шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба синни 22 нарасида, ки падар ё модари танҳояшон* маъюби гурӯҳи I ё II мебошад |
-** |
-** |
Эзоҳ:
* падар ё модари танҳо шахсест, ки бинобар маҳдуд ё маҳрум карда шудани падар ё модар аз ҳуқуқи падарӣ ё модарӣ, бедарак ғоиб эътироф ё фавтида эълон гардидани падар ё модар, ғайри қобили амал дониста шудани падар ё модар, барои адои ҷазо дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ қарор доштани падар ё модар, муқаррар карда нашудани падарӣ танҳо мондааст;
** ин гурӯҳи довталабон аз пардохти маблағ барои хизматрасонӣ дар ИМД 2024 озоданд.
Таваҷҷуҳ! Агар вобаста ба мансуб будани довталаб ба ин ё он гурӯҳи шахсони дар пардохти маблағи хизматрасонӣ имтиёздошта шубҳа ҷой дошта бошад, барои маълум кардани ин масъала довталаб бо ҳуҷҷатҳои дахлдор ба яке аз нуқтаҳои бақайдгирии наздиктарин ё тавассути телефони 224 53 68 ба Марказ муроҷиат кунад.
Шахсоне, ки аз пардохти маблағи хизматрасонӣ ё қисме аз маблағи мазкур озоданд, ҳангоми бақайдгирӣ бояд ҳуҷҷатҳои дахлдорро пешниҳод кунанд.
Хотиррасон мекунем, ки маблағи хизматрасониро барои иштирок дар ИМД тавассути филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии филиалҳои Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк””, Бонки “Эсхата”, инчунин воситаҳои электронӣ пардохтан мумкин аст.
Вобаста ба ин, шахси хоҳишманди иштирок дар ИМД 2024 бояд маблағи дахлдорро дар яке аз филиалҳо ё марказҳои хизматрасонии филиалҳои Амонатбонк, Бонки “Эсхата” ё тавассути барномаи мобилии “Амонат мобайл” пешакӣ пардохт карда, рақами расиди пардохтро бо ҳуҷҷатҳои дигари зарурӣ ба бақайдгирандаи нуқтаи бақайдгирӣ пешниҳод намояд.
Ҳангоми пардохти маблағи хизматрасонӣ барои иштирок дар ИМД тавассути барномаи “Амонат мобайл” воридшавӣ ба равзанаи пардохти маблағи хизматрасонӣ барои иштирок дар ИМД аз қадамҳо – интихоби бандҳои зерини меню иборат аст:
1) агар забони робит (интерфейс)-и барнома тоҷикӣ бошад:
“Корт” ё “Ҳамёни электронӣ” ► “Пардохт кардан” ► “Пардохти хизматрасониҳо” ► “Таҳсил” ► “Маркази миллии тестӣ”;
2) агар забони робит (интерфейс)-и барнома русӣ бошад:
“Карта” ё “Электронный кошелёк” ► “Оплатить” ► “Оплата услуг” ► “Образование” ► “Маркази миллии тестӣ”.
Равзанаи пайдошуда (“Маркази миллии тестӣ”) аз 3 майдон – (1) “Ному насаби довталаб” (“ФИО абитуриента”), (2) “Рақами телефон” (“Номер телефона”) ва (3) “Маблағ” (“Сумма”), ки дар ҳар яке аз онҳо бояд маълумоти дахлдор ворид карда шавад, инчунин 1 тугма – “Пардохт кардан” (“Оплатить”) иборат аст.
Дар майдони 1-ум насаб, ном ва номи падари довталаб тибқи шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсияташ пурра ворид карда мешавад. Агар маблағи хизматрасониро ба ҷойи довталаб шахси дигар (масалан, нафаре аз хешовандони ӯ) пардохт кунад, ин шахс дар майдони зикргардида бояд насаб, ном ва номи падари довталабро ворид кунад.
Дар майдони 2-юм рақами телефоне, ки дар зарурат барои тамос бо довталаб ва ё ҳамчун як ҷузъи маълумоти ташхисдиҳандаи пардохти довталаб барои бақайдгирӣ истифода мегардад, ворид карда мешавад.
Дар майдони 3-юм андозаи маблағи пардохтшаванда навишта мешавад. Лозим ба зикр аст, ки баъд аз ворид кардани насаб, ном ва номи падари довталаб дар майдони “Ному насаби довталаб” зери ин майдон матни роҳнамо дар бораи андозаи маблағ – “Маблағ барои синфи 11 – 330с. (имтиёздорон: 165с.), синфи 9 – 230с. (имтиёздорон: 115с.), азнавбақайдгирӣ – 30с.” (“Плата для 11 класса – 330с. (льготники: 165с.), 9 класса – 230с. (льготники: 115с.), перерегистрации – 30с.”), ки ранги пасзамина (фон)-и он хокистарӣ аст, намоиш дода мешавад
Таваҷҷуҳ! Ворид кардани маълумот дар ҳар се майдони зикргардида ҳатмӣ аст. Ҳангоми ворид кардани андозаи маблағ бодиққат будан лозим аст ва он бояд бо дарназардошти зинаи таҳсилоти довталаб, инчунин мансубияти довталаб ба гурӯҳи довталабони дар пардохти маблағи хизматрасонӣ имтиёздошта (агар довталаб чунин имтиёзро дошта бошад) ворид карда шавад. Агар довталаб дар бораи мансуб буданаш ба ин ё он гурӯҳи шахсони дар пардохти маблағи хизматрасонӣ имтиёздошта шубҳа дошта бошад, барои маълум кардани ин масъала бо ҳуҷҷатҳои дахлдор ба яке аз нуқтаҳои бақайдгирии наздиктарин ё тавассути телефони 224 53 68 ба Марказ муроҷиат кунад.
Пас аз ворид кардани маълумоти зарурӣ дар ҳар яке аз майдонҳои дахлдор бори дигар дурустии онро санҷида, баъдан тугмаи “Пардохт кардан” (“Оплатить”)-ро пахш кардан лозим аст.