Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

ОҒОЗИ ДАВРАИ СЕЮМИ БАҚАЙДГИРИИ ДОВТАЛАБОН БАРОИ ИШТИРОК ДАР ИМД-2023

Нашр шуд: 04 Сентябри 2023
Диданд: 5094

Душанбе, 4-уми сентябри соли 2023

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 4‑уми сентябр бақайдгирии довталабонро барои иштирок дар даври сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 (ИМД-2023) оғоз кард.

Нуқтаҳо барои бақайдгирии довталабон (давраи сеюм) дар 9 шаҳру ноҳияи интихобшудаи ҷумҳурӣ – Хоруғ, Хуҷанд, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб, Сино, Шоҳмансур, Данғара ва Рашт, ки рӯйхати онҳо дар зер оварда шудааст, ташкил карда шудааст.

Дар ин давра шахсони зерин худро номнавис карда метавонанд:

- шахсоне, ки дар давраҳои якум ва дуюми бақайдгирӣ худро номнавис накардаанд;

- довталабони дар давраҳои якум ва дуюми бақайдгирӣ номнависшудае, ки дар имтиҳонҳо (даврҳои якум ва дуюм) иштирок накардаанд;

- довталабони дар даврҳои якум ва дуюми имтиҳонҳо иштироккардае, ки ба озмун роҳ наёфтаанд, яъне аз як ё якчанд субтест ба холи гузариш соҳиб нашудаанд;

- довталабони дар асоси яке аз озмунҳо – тақсимоти асосӣ, такрорӣ ва такрории иловагӣ комёбшудае, ки барои қабул дар муассисаҳои таълимии дахлдор ҳозир нашудаанд;

- довталабоне, ки дар асоси дар яке аз озмунҳо – тақсимоти асосӣ, такрорӣ ва такрории иловагӣ аз рӯйи ихтисосҳои самти тиб гузаштаанду вале бинобар гирифториашон ба бемориҳое, ки шахсони ба онҳо мубталогашта ҳуқуқи таҳсил карданро дар муассисаҳои таълимии тиббӣ надоранд, ба ин муассисаҳои таълимӣ қабул нашудаанд.

Шахси хоҳишманди иштирок дар даври сеюми ИМД-2023 бояд бо ҳуҷҷатҳои зарурӣ, ки рӯйхати онҳо дар зер оварда шудааст, дар яке аз нуқтаҳои бақайдгирӣ ҳозир шавад, зеро мувофиқи тартиби муқарраргардида бақайдгирӣ бо ҳузури ҳатмии довталаб сурат мегирад. Хотиррасон мекунем, ки бо мақсади осонии раванди бақайдгирӣ ва сарфаи вақти худу корманди нуқтаи бақайдгирӣ довталаб метавонад бо истифода аз хизматрасонии “Пешномнависӣ” қаблан худро сабти ном карда, баъдан барои бақайдгирии расмӣ дар нуқтаи бақайдгирӣ ҳозир шавад.

Муҳлати давраи сеюми бақайдгирӣ дар шаҳри Душанбе то 13-уми сентябр ва дар шаҳру ноҳияҳои дигар то 12-уми сентябр муқаррар гардидааст. Хотиррасон мекунем, ки агар довталаби дар ин давра номнависшуда хоҳиши иваз кардани интихобҳои аввалаашро дошта бошад, метавонад ин корро анҷом диҳад. Барои азнавбақайдгирӣ довталаб бояд ба нуқтаи бақайдгирие, ки дар он худро сабти ном кардааст, муроҷиат кунад.

Дар давраи сеюми бақайдгирӣ барои интихоби довталабон ҷойҳое, ки тибқи нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ баъд аз се озмун – тақсимоти асосӣ, такрорӣ ва такрории иловагии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар соли 2023 холӣ мондаанд, пешниҳод карда мешавад. Довталабон дар интихоби ихтисосҳо озод буда, то 12 комбинатсияи ихтисоси ба худ писандро танҳо аз як гурӯҳи ихтисосҳо интихоб карда метавонанд. Дар вақти бақайдгирӣ яке аз забонҳо (русӣ ва тоҷикӣ) ва маконҳои имтиҳонсупорӣ ва макони фиристодани даъватномаро бояд интихоб кард. Инчунин, довталабоне, ки ихтисосҳоро аз гурӯҳҳои ихтисосҳои 2-юм (иқтисод ва география), 3-юм (филология, педагогика ва санъат) ва 4-ум (ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ) интихоб мекунанд, барои имтиҳон аз забони хориҷӣ яке аз забонҳои хориҷӣ – англисӣ/немисӣ/франсавӣ/арабиро интихоб карда метавонанд.

Падару модарон бояд аз интихобҳои фарзандонашон ҳангоми бақайдгирӣ ва моҳияти онҳо, бахусус аз комбинатсиҳои ихтисосҳо, муассисаҳои таълимӣ, шакл ва намуди таҳсил огаҳии кофӣ дошта бошанд. Тавре ки борҳо таъкид кардаем ва онро натиҷаҳои кори қариб даҳсолаи Марказ низ собит сохтааст, ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз ба натиҷаҳои аз имтиҳонҳо бадастовардаи довталабон ягон таъсире расонида наметавонад. Барои донишҷӯй гардидан довталабон бояд танҳо ба дониш ва маҳорату малакаи худ такя кунанд.

Тибқи нақшаи пешакӣ, довталабоне, ки дар давраи сеюми бақайдгирӣ худро номнавис мекунанд, имтиҳонҳо – қисмҳои А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) ва Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ)-ро дар даври сеюм – 17-уми сентябр месупоранд. Дар ин давраи бақайдгирӣ ба довталабон 4 шаҳр – Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб ҳамчун макони имтиҳонсупорӣ пешниҳод карда мешавад, ки онҳо яке аз инҳоро интихоб карда метавонанд.

Инчунин, барои довталабоне, ки дар ин давра ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсусро интихоб мекунанд, имтиҳонҳои мазкур – қисми В рӯзи 18-уми сентябр дар муассисаҳои таълимии дахлдор гузаронда мешавад.

Арзиши хизматрасонӣ барои шахсоне, ки бо мақсади иштирок дар ИМД-2023 аз қайд гузаштан мехоҳанд, тибқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шахсони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ё миёнаи касбӣ 300 сомонӣ ва барои шахсони дорои таҳсилоти умумии асосӣ (хатмкунанда ё хатмкардаи синфи 9-ум) 210 сомонӣ муқаррар гардидааст. Маблағи барои азнавбақайдгирӣ дар ин давра пардохтшаванда 25 сомонӣ аст. Маълумоти муфассал дар бораи маблағи хизматрасонӣ дар ИМД-2023, аз ҷумла дар бораи шахсони дар пардохти маблағи мазкур имтиёздошта, дар зер оварда шудааст.

Маблағи хизматрасонӣ барои иштирок дар ИМД дар яке аз марказҳои хизматрасонӣ ё филиалҳои Амонатбонк ё тавассути барномаи мобилии “Амонат мобайл” бояд пешакӣ пардохта, рақами расиди пардохт ба шахси масъули нуқтаи бақайдгирӣ пешниҳод карда шавад.

Маълумоти муфассалро дар бораи масъалаҳои марбут ба ИМД аз дастури иттилоотию методии “Роҳнамои довталаб”, ки шакли чопии онро Марказ ба муассисаҳои таълимӣ ройгон дастрас гардонида, гунаи электронияшро дар сомонаи худ ҷой додааст, пайдо кардан мумкин аст.

Рӯйхати муассисаҳои таълимӣ ва бахшҳои минтақавии Маркази миллии тестӣ ва рақами нуқтаҳои бақайдгирӣ барои сабти номи довталабон ҷиҳати иштирок дар даври сеюми ИМД-2023

Р/т

Рақами НБ

Муассисаи таълимӣ/ бахши минтақавии Маркази миллии тестӣ, ки дар заминаи он НБ ташкил карда мешавад

ном

нишонӣ

нуқтаи роҳнамо

Шаҳри Душанбе

1  

01/01

Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 25-и ба номи Убайд Раҷаби ноҳияи Сино

шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 59

беморхонаи “Қаряи боло”, Ширкати саҳомии холдингии кушодаи “Барқи  Тоҷик”

2   

01/02

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 100-и ноҳияи Шоҳмансур

шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаи Назаршоев, 17

маркази савдои “Ёқут-2000”, чойхонаи “Вохӯрӣ” (саристгоҳи роҳи оҳан)

Шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ

3   

01/03

Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 1-и ба номи Хоҷа Абдулхайрови ноҳияи Рашт

ноҳияи Рашт, шаҳраки Ғарм, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 27

маркази ноҳия (шаҳраки Ғарм)

Вилояти Суғд

4

02/01

Бахши минтақавии раёсати ташкил ва идораи имтиҳони Маркази миллии тестӣ дар шаҳри Хуҷанд

шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Мадади Сино, 5

муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 2-и ба номи Зайниддин Осимӣ, маҳаллаи Бофанда (Шелкокомбинат)

5

02/02

Бахши минтақавии раёсати ташкил ва идораи имтиҳони Маркази миллии тестӣ дар шаҳри Панҷакент

шаҳри Панҷакент, кӯчаи Лоиқ Шералӣ, 105

муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 30-и ба номи Исмоили Сомонӣ, тарабхонаи “Обод”

Вилояти Хатлон

6

03/01

Бахши минтақавии раёсати ташкил ва идораи имтиҳони Маркази миллии тестӣ дар шаҳри Бохтар

шаҳри Бохтар, кӯчаи А. Расулов, 35

муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 4, боғчаи кӯдаконаи № 10, комбинати орд

7

03/02

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1-и шаҳри Кӯлоб

шаҳри Кӯлоб, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 40

боғи фарҳангӣ

8

03/03

Литсейи тамоюли техникии ба номи Афлотун

ноҳияи Данғара, кӯчаи Марказӣ, 30

шуъбаи маориф

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

9

04/01

Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев

шаҳри Хоруғ, кӯчаи Ленин, 28

маркази шаҳр

 

Ҳуҷҷатҳое, ки барои бақайдгирӣ бояд пешниҳод карда шаванд

1. Шиносномаи миллӣ ё маълумотнома бо муҳру сурат аз ШВКД ва нусхаи он – барои шахсоне, ки синнашон ба 16 расидааст (барои шахсони то 16-сола – шаҳодатномаи таваллуд, маълумотнома бо муҳру сурат аз ҷойи зист ва нусхаи онҳо).

2. Ҳуҷҷат дар бораи таҳсилот:

- аттестат (шаҳодатнома) дар бораи таҳсилоти умумии асосӣ ва нусхаи он (барои онҳое, ки синфи 9-умро хатм намудаанд);

- аттестат (шаҳодатнома) дар бораи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва нусхаи он (барои онҳое, ки синфи 11-умро хатм кардаанд);

- диплом ва замимааш дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва нусхаи онҳо (барои онҳое, ки муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбиро хатм кардаанд);

- диплом ва замимааш дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ ва нусхаи онҳо (барои онҳое, ки муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбиро хатм намудаанд).

3. Рақами расид (квитансия)-и пардохти маблағ аз яке аз марказҳои хизматрасонӣ ё филиалҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”, ё аз барномаи мобилии “Амонат мобайл”. Ҳаҷми маблағ ‒ арзиши хизматрасониро Марказ ҳар сол, то оғози давраи бақайдгирӣ, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

4. Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи имтиёзҳо (агар дошта бошад).

Маълумот дар бораи арзиши хизматрасонӣ ба довталабон барои иштирок дар ИМД-2023 (қисми А – имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ ва қисми Б имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ)

 

1. Маблағе, ки довталаб бораи хизматрасонӣ дар ИМД-2023 ҳангоми бақайдгирӣ месупорад.

 

Р/т

Гурӯҳи довталабон

Маблағ

шахсони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ё миёнаи касбӣ

шахсони дорои таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9‑ум)

1

Довталабони беимтиёз

300

210

2

Кӯдакони маъюб ва маъюбони гурӯҳҳои I ва II

150

105

3

Шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба синни 22 нарасида, ки падар ё модарашон маъюби гурӯҳи I ё II мебошад

150

105

4

Шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба синни 22 нарасида, ки падар ё модарашон вафот кардааст ё падар ё модари танҳо доранд

150

105

5

Шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба синни 22 нарасида, ки падару модарашон ва ё падар ё модари танҳояшон вафот кардаанд

-*

-*

6

Шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба синни 22 нарасида, ки бо сабабҳои маҳдуд ё маҳрум карда шудани падару модар, падар ё модари танҳояшон аз ҳуқуқи падарумодарӣ, бедарак ғоиб эътироф ё фавтида эълон гардидани падару модар, ғайри қобили амал дониста шудани онҳо, барои адои ҷазо дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ қарор доштани падару модар, саркашӣ кардани падару модар аз тарбияи кӯдак ё ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ӯ, аз ҷумла ҳангоми рад кардани гирифтани кӯдаки худ аз муассисаҳои таълимӣ-тарбиявӣ ва ё табобатӣ бе падару модар мондаанд

-*

-*

7

Кӯдакони маъюб ва маъюбони гурӯҳҳои I ва II, ки падар ё модарашон вафот кардааст ва ё падар ё модари танҳо доранд

-*

-*

8

Кӯдакони маъюб ва маъюбони гурӯҳҳои I ва II, ки падару модари маъюби гурӯҳи I ё II ва ё падар ё модари танҳои маъюби гурӯҳи I ё II доранд

-*

-*

9

Шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба синни 22 нарасида, ки падару модарашон маъюби гурӯҳи I ё II ва ё падар ё модари танҳояшон маъюби гурӯҳи I ё II мебошад (мебошанд)

-*

-*

 

Азнавбақайдгирии довталабоне, ки дар давраи сеюми бақайдгирӣ (аз 4-ум то 13-уми сентябр) номнавис карда мешаванд.

 

Р/т

Гурӯҳи довталабон

Маблағ

шахсони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ё миёнаи касбӣ

шахсони дорои таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9‑ум)

1

Довталабони беимтиёз

25

25

2

Шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба синни 22 нарасида, ки падару модарашон ва ё падар ё модари танҳояшон вафот кардаанд

-*

-*

3

Шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба синни 22 нарасида, ки бо сабабҳои маҳдуд ё маҳрум карда шудани падару модар, падар ё модари танҳояшон аз ҳуқуқи падарумодарӣ, бедарак ғоиб эътироф ё фавтида эълон гардидани падару модар, ғайри қобили амал дониста шудани онҳо, барои адои ҷазо дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ қарор доштани падару модар, саркашӣ кардани падару модар аз тарбияи кӯдак ё ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ӯ, аз ҷумла ҳангоми рад кардани гирифтани кӯдаки худ аз муассисаҳои таълимӣ-тарбиявӣ ва ё табобатӣ бе падару модар мондаанд

-*

-*

4

Кӯдакони маъюб ва маъюбони гурӯҳҳои I ва II, ки падар ё модарашон вафот кардааст ва ё падар ё модари танҳо доранд

-*

-*

5

Кӯдакони маъюб ва маъюбони гурӯҳҳои I ва II, ки падару модари маъюби гурӯҳи I ё II ва ё падар ё модари танҳои маъюби гурӯҳи I ё II доранд

-*

-*

6

Шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба синни 22 нарасида, ки падару модарашон маъюби гурӯҳи I ё II ва ё падар ё модари танҳояшон маъюби гурӯҳи I ё II мебошад (мебошанд)

-*

-*

* ин гурӯҳи довталабон аз пардохти маблағ барои хизматрасонӣ дар ИМД-2023 озоданд. Агар вобаста ба мансуб будани довталаб ба ин ё он гурӯҳи шахсони дар пардохти маблағи хизматрасонӣ имтиёздошта шубҳа ҷой дошта бошад, барои маълум кардани ин масъала довталаб бо ҳуҷҷатҳои дахлдор ба яке аз нуқтаҳои бақайдгирии наздиктарин ё тавассути телефони 224 53 68 ё 224 53 67 ба Марказ муроҷиат кунад.

 

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон