Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф ва илм
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

ОҚИБАТИ ГУМРОҲӢ МАРГ АСТ

Нашр шуд: 01 Феврали 2018
Диданд: 1142

Душанбе,  1-уми феврали соли 2018

 

Ҳаст фосиқро се хислат дар ниҳод:

Бошад аввал дар дилаш хубби фасод,

Хислаташ озурдани халқи Худост,

Дур дорад хешро аз роҳи рост.

Ҳаёт барои ҳар як инсон имтиҳон аст. Инсон бояд аз ин имтиҳон бигзарад ва имкони расидан ба хушбахтиро аз даст надиҳад. Инсон гоҳ дар олами ғамҳову гоҳ дар олами хушиву шодмониҳо умр ба сар мебарад. Инсон барои зинда мондану зиндагонӣ кардан талошҳои зиёде мекунад ва набояд аз ин вазифаи муқаддаси худ, яъне зиндагӣ кардан, ки неъмати нотакрор аст, даст кашад ва ҳаёти наздиконашро талх кунад.

Ҳама мавҷудоти зинда барои идомаи ҳаёт таваллуд мешаванд, аммо танҳо инсон қобилияти дарку фаҳм ва арзёбии ҳаётро дорад. Мешавад лаҳзаҳое, ки арзишҳои зиндагӣ ба монанди навозишҳои дасти модар садои сулҳу ваҳдат, садои дӯстон, резиши борон, нағмаи мурғон дар оғӯши Ватан тез эҳсос мешавад. Ва ин моро ба умқи андеша ва зина ба зина ба бедории фикрӣ мебарад. Вақте ин ҳамаро ҳис мекунӣ, аз зиндагии худ лаззат мебарӣ. Инсоне, ки аз зиндагӣ ноумед мешавад, кӯтоҳназарию бехирадиро пеша мекунад. Ӯ қодир аст ба ташкилоту созмонҳои ифротгар дохил шавад, дар дили худ зуҳуроти бегонашавию бегонапарастиро нисбат ба Ватан, модар ва наздиконаш ҷой диҳад.

Имрӯзҳо бархе аз ҷавонону наврасонро гурӯҳҳои манфиатҷӯ барои ба худ ҷалб кардан тарғиб мекунанд. Ин гурӯҳҳо созмонҳову ташкилотҳои ифротгарое ҳастанд, ки барои расидан ба мақсадҳои ғаразноки худ ҷавонону наврасонро бо суханҳои пучу беарзиш, ваъдаҳои дурӯғ ва далелҳои беасос ба сӯи худ мекашанд. Ин гуна созмонҳои ифротгаро наврасонро чунон ба сӯи худ ҷалб мекунанд, ки барои онҳо Ватан, модар ва ифтихори ватану ватандорӣ, умуман ҳисси миллию меҳанпарастӣ бегона мегардад. Ин созмонҳо дар ниҳоди ҷавонон шиква кардан, рӯҳафтодагӣ, тундхӯйӣ, худхоҳӣ, одамгурезӣ, дунёбезорӣ, хилватнишинӣ, муносибати душманона бо атрофиён, ба Ватану модар, бетафовутӣ нисбат ба дарду ранҷи одамон, нобоварӣ ба ҳозираву ояндаро то ба дараҷае ҷой мекунанду вусъат мебахшанд, ки онҳо қобилияти андешиданро гум мекунанд. Созмонҳои ифротгар ба наврасону ҷавонон аз ҷиҳати психологӣ фишор меоранд. Бо чунин суханҳои фитнаангезашон, ки “ҷавонӣ ҳама барбод рафт, кори шумо ҷавонон ба охир расид, шумо ҷавонон, бояд неруи ҷисмонии худро ба кор баред, шумо оҷизу ночиз ва фақиред, иродаи барпо кардани зиндагии навро надоред, ҳеҷ чизро тағйир дода наметавонед, шумо меҳаросед, ки худро ҳимоя кунед” дар дили ҷавонон тухми кинаю адоват мекоранд ва онҳоро нисбат ба атрофиён бадбин месозанд. Бо ҳамин роҳ худро ғамхору дилсӯзи ҷавонон нишон медиҳанд ва онҳоро ба гурӯҳҳои худ ҷалб намуда, хоини давлату миллат, душмани Ватану модар мегардонанд. Бо ҳамин роҳ ба тафаккури некбинонаи ҷавонону наврасон зарбаи психологӣ зада, эҳсосоти онҳоро бармеангезанд. Мутаассифона, ҷавонону наврасоне, ки ба ин гурӯҳҳои ифротгаро дохил шудаанд, дарк намекунанд, ки чӣ гуна зуҳуроти бегонашавӣ ва бегонапарастӣ дар дили онҳо ҷой гирифтааст.

Дуруст аст, ки ҷавонону наврасон на ҳамеша мушкилоти худро мустақилона ва ба таври мусолиматомез ҳал карда метавонанд. Бинобар ин, гурӯҳҳои ифротгаро аз кутоҳназарии ин гуна ҷавонон истифода бурда, роҳи ягонаю дурусти ҳалли мушкилоти онҳоро ба воситаи зӯроварӣ, ҷанҷолу хархаша, занозанӣ, масхараю таҳқиркуниҳо нишон доданӣ мешаванд.

Дар давлат ва ҷомеае, ки фазои дӯстӣ, сулҳу ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ ҳукмрон аст, зӯроварӣ, хоҳ ҷисмонист ва хоҳ психологӣ, роҳ нахоҳад ёфт. Дар чунин давлат ва ҷомеа шахс қурбони зӯроварӣ наиешавад. Аз ин рӯ ҷавонону наврасонро басо зарур аст, ки ба ин гуна зуҳурот ва гурӯҳҳои ифротгаро муқобилият карданро ёд гиранд, то қурбони онҳо нашаванд. Гурӯҳҳои ифротгаро ҷавонону наврасони ноогоҳу камтаҷрибаро бо ваъда додани роҳи осони ба даст овардани давлату сарват, бо нишон додани гӯё “роҳи беҳтар”-и ҳалли мушкилот, ки аслан охираш роҳгумист, ба доми худ мекашанд, ва ба онҳо талқин мекунанд, ки бо ҳамин роҳ метавон соҳиби молу сарват шуд ва ба як зиндагии хуш даст ёфт. Ҷавонону наврасони бетаҷрибаю зудбовар бо чунин хаёлҳои хом гумони сода ба гурӯҳҳои ифротгаро мепайванданд. мешаванд. Дар аввал онҳо ин гуна гурӯҳҳои ифротгароро пушту паноҳи худ меҳисобанд, худ ва пушту паноҳашонро (роҳбарони ин гурӯҳҳоро) муборизони роҳи адолату ҳақиқат, қаҳрамонони давлату миллат медонанд, вале билохира мефаҳманд, ки ин гурӯҳҳо онҳоро на ба сӯйи зиндагии орому тинҷ, ба сӯйи давлату сарват, ба сӯйи хушбахтӣ, балки ба сӯйи маргу нобудӣ, ба сӯйи хиёнат ба давлату миллат, ба Ватан, падару модар, ба ёру дӯстони хеш даъваташон кардаанд. Он гоҳ пушаймон мешаванд, вале ба қавли маъруф “пушаймонӣ суд надорад”.

Ҷавонону наврасон пеш аз он ки ба сафи чунин гурӯҳҳои ифротгаро пайванданд, бояд андеша кунанд, ки Тоҷикистон дар солҳои 1992-1997 дар чӣ гуна вазъият қарор дошт. Гурӯҳҳои мутаассиб ва ифротгаро бо иғвои душманони якпорчагии Тоҷикистону тоҷикистониён силоҳ ба даст гирифта, хостанд, ки давлати тоҷиконро аз байн бибаранд, Тоҷикистонро байни худу хоҷагони хориҷиашон тақсим намоянд. Он вақт ҳам бархе аз ҷавонону наврасон фирефтаи гурӯҳҳои ифротгаро шуданду силоҳ дар даст бар зидди давлату ҳукумат, бар зидди миллати худ ҷангиданд ва ҳаёти ширину орзуҳои дерини худро барҳам заданд. Ҳазорҳо нафар инсони бегуноҳ, ҳазорҳо нафар кӯдаку куҳансол, ҷавонони навхат аз дасти гурӯҳҳои ифротгаро кушта шуданд. Дар он вақт халқи тоҷик парокандаву бадбахт ва бе саробон монда буд. Фарзандонро дар пеши чашми модар мекуштанд, духтаронро дар пеши чашми падар бадном мекарданд. Аз байни ин гурӯҳҳои ифротгаро, ки андешаҳои беарзиш, ҳирси молу сарвату мансаб дилҳояшонро сахту чашмонашонро нобино ва гӯшҳояшонро ношунаво карда буд, нафаре ёфт нашуд, ки халқи тоҷикро аз дарёи пур аз хуну аз миёни алангаи оташ наҷот диҳад.

Билохира бахт ба рӯи тоҷикон нури худро афшонду фарзанди фарзонаи ин миллатро ба сари давлат овард ва ӯ алангаи оташро хомӯш кард, давлати тоҷиконро аз парокандагию нестӣ ва мардуми азияткашидаи тоҷикро аз бадбахтӣ наҷот дод ва он баҳреро, ки ба хун олуда буд, ба оби тоза табдил дод. Парчами Тоҷикистонро бӯса намуда, китоби “ Қуръон”-ро ба чашмонаш молиду дар кишвари тоҷикон сулҳу суботро пойдор кард. Бар дили модарон шодӣ, бар лаби кӯдакон ханда овард ва ба ятимони бепадар падарӣ кард.

Ҷавонону наврасони имрӯзаи мо набояд таърихи худро аз ёд бибаранд. Бояд донанд, ки кӣ киясту кӣ чӣ кор кард. Бояд аз ёд набаранд, ки он солҳо чунин созмонҳои ифротгарою мутаассиб ва тақлидгар ба фарҳанги бегона, ки имрӯзҳо аз худ қаҳрамон метарошанд, душмани давлату миллати тоҷик буданд, дар паси парда буданду хуни инсон мехӯрданд.

Мо бояд Ватану модари хешро ҳифз намоем, дар дили хеш ҳамеша ҳисси ватандӯстиро парвариш диҳем, ифтихор кунем, ки чунин Ватани тинҷу ором, зебову хуррам ва соҳибистиқлол дорем. Мо, ҷавонону наврасон, бояд ҳама барои як кас ва як кас барои ҳама кору фаъолият кунем. Мо бояд сабру қаноатмандиро пеша карда, аз пайи омӯзиши илм, аз худ кардани касбҳои гуногун бошем ва барои ободиву осудагии Тоҷикистони азизамон бикӯшем. Ба даъватҳои ин гурӯҳҳои ифротгарову ҷангандоз ҳаргиз гӯш надиҳем. Ба қадри заҳматҳои гузаштагонамон бояд бирасем, ба касе зарар нарасонем, ба давлату миллати худ хиёнат накунем. Ба навиштаи Рӯдакии бузургвор:

Ангушт макун ранҷа ба дар кӯфтани кас,

То кас накунад ранҷа ба дар кӯфтанат мушт.

 

Корманди Маркази миллии тестии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абдусаломзода З. А.

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Коэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳоКоэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳо
  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон