Душанбе, 22-юми феврали соли 2016
Ба диққати алоқамандони имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ – 2016 расонида мешавад, ки рӯйхати нуқтаҳои бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои мазкур тасдиқ гардид.
Тибқи рӯйхати мазкур, ки дар асоси таҳлили шумораи умумии хатмкунандагон вобаста аз шаҳру ноҳияҳо дар соли 2016 ва ҷиҳати таъмини дастрасии хоҳишмандон таҳия гардидааст, барои аз қайд гузаштани довталабон дар 26 шаҳру ноҳияи интихобии ҷумҳурӣ 28 нуқтаи доимии бақайдгирӣ ва дар 21 шаҳру ноҳия нуқтаҳои сайёри бақайдгирӣ ташкил карда мешавад.
Хотиррасон мекунем, ки бақайдгирии довталабон аз 1-уми марти соли ҷорӣ оғоз мегардад ва ҳар хоҳишманд имкон дорад, ки дар яке аз нуқтаҳои бақайдгирии барояш наздик аз қайд гузарад.