Душанбе, 13-уми феврали соли 2014. Нуқтаҳои бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2014 муайян гардида, рӯйхати онҳо бо фармоиши вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Нуриддин Саидов тасдиқ шуд.
Тибқи фармоиши вазир дар маҷмӯъ 20 нуқтаи бақайдгирӣ дар 11 шаҳру ноҳияи кишвар, аз ҷумла, дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 7 нуқта, дар вилояти Суғд 6 нуқта, дар вилояти Хатлон 6 нуқта ва дар ВМКБ 1 нуқта барои сабти номи довталабони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ муайян шудааст.
Ёдовар мешавем, ки 1-уми март давраи бақайдгирии довталабони муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар оғоз шуда, то 15-уми апрели соли ҷорӣ идома меёбад.