Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф ва илм
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

Низоми нави имтиҳон – таъмини шаффофият

Нашр шуд: 19 Июли 2013
Диданд: 1372

(Суҳбати директори Маркази миллии тестӣ бо рӯзноманигори рӯзномаи “Ҷумҳурият”, аз 13 июли соли 2013, №94)

Чанде қабл дар доираи озмоиши калони низоми нави имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 7 маркази имтиҳонӣ, ки аз тарафи Муассисаи давлатии “Маркази миллии тестӣ” дар чор минтақаи ҷумҳурӣ – шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа, Хоруғ ва Хуҷанд таъсис дода шуд, имтиҳонҳо баргузор гардиданд. Озмоиши мазкур дар асоси амалӣ намудани банди 12 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 январи соли 2013 №23 “Дар бораи аз соли 2014 ба таври мутамарказ ба роҳ мондани қабули довталабон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ” ва иҷрои Фармоиши вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 январи соли 2013 №161 “Оид ба озмоиши низоми имтиҳонҳои марказонидашудаи қабул ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ” сурат гирифт.

Роҷеъ ба вижагиҳои низоми нав ва дар бораи он маълумоти бештар пайдо намудани аҳолии кишвар суҳбате доштем бо Савзалӣ Ҷаъфаров, директори Маркази миллии тестӣ.

Низоми нави имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ кай ва чӣ гуна ба роҳ монда мешавад?

Низоми мазкур дар доираи лоиҳаи грантии «Барномаи ҳамкории рушди таҳсилоти Федератсияи Русия», ки аз тарафи Бонки ҷаҳонӣ татбиқ мегардад, ба роҳ монда шудааст. Барои амалисозии ин низом маблағҳои муайян низ ҷудо шудаанд. Васоити техникӣ, омода намудани иқтидори кадрӣ тибқи лоиҳа аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти Ҷамъияти кушода дастгирӣ ёфтанд.

Маркази миллии тестӣ бо роҳандозии лоиҳаи мазкур дар шаҳрҳои Қӯрғонтеппа, Хуҷанд, Хоруғ ва Душанбе раёсатҳои худро боз намуд Имтиҳонҳои қабули довталабон ба муассисаҳои олии кишвар дар ҳамаи минтақаҳо ташкил карда мешавад ва зарурияти барои супурдани имтиҳон аз дигар минтақа ба шаҳри Душанбе омадани довталабон аз байн меравад. Бо сабаби он ки аксарияти донишгоҳҳои олӣ дар пойтахти кишвар ҷойгиранд, довталаб ҳангоми дохилшавӣ ба Душанбе омада, имтиҳон месупурд ва бо амалӣ гардидани низоми нав ин мушкил аз байн меравад.

 

Низоми нави санҷиши дониши довталабон аз низоми анъанавӣ чӣ фарқ дорад?

   Низоми нав аз низоми анъанавӣ фарқи зиёд дорад. То ба имрӯз довталаб барои дохил шудан ба муассисаҳои олӣ 2 имтиҳон месупорид.

  Дар низоми нав он аз рӯи як стандарти муайян, дар асоси барномаҳои таълимии мактаби миёна омода мегардад ва аз якчанд намуд иборат аст: тестҳое, ки дар як савол 4 ҷавоб навишта шудааст ва ҷавоби дурусташ интихоб мешавад; тестҳои шакли мутобиқатдошта; тестҳои шакли кушод, яъне савол ҳасту вариантҳои ҷавоб нест ва довталаб ҷавоби онро вобаста ба сатҳи донишаш менависад. Бартарии дигаре, ки дар низоми нав дида мешавад, ин бо расмҳои таърихӣ тартиб додани саволномаҳои фанни таърих мебошад.

  Ҳамчунин дар низоми нав ба довталабе, ки дар марҳилаи муайяни бақайдгирӣ, яъне моҳҳои марту апрел ҳуҷҷатҳои худро ба Маркази миллии тестӣ месупорад, моҳи май аз ҷониби марказ даъватнома равон карда мешавад. Дар даъватнома макон, замон ва фанҳое, ки аз рӯи онҳо саволномаҳои тестӣ ташкил ёфтаанд, қайд гардидааст. Довталаб дар асоси он ба имтиҳон ҳозир мешавад. Варақаи ҷавоб аз ҷониби компютер – системаи иттилоотӣ омӯхтаву санҷида ва баҳогузорӣ мешавад. Яъне дар ин ҷо омили таъсири инсонӣ хеле кам аст.

  

Баҳри омодасозии маъмурон марказ чӣ тадбирҳо андешидааст?

   Аз соли 2010 сар карда, марказ мутахассисони фанниро аз ҳисоби мутахассисони варзидаи кишвар барои қабули имтиҳон ҷалб намуд. Бо дастгирии Институти Ҷамъияти кушода, ки яке аз муассисаҳои бонуфузи ҷаҳонӣ мебошад, мутахассисони Англия, тайи 2 сол барои муаллимони тоҷик курсҳои омӯзишӣ гузаронданд. Дар натиҷа миқдори муайяни мутахасисони маҳаллии мо ба татбиқи амалии ин низом омода шуданд.

   Ҳадаф аз татбиқи низоми нав дар интихоби довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таъмини шаффофият, дастрасии баробари ҳамаи хонандагон ва воқеъбинона гузарондани имтиҳонҳои марказонидашудаи қабул ба муассисаҳои олии касбӣ мебошад. 

 

Гулрухсори Файзулло,

«Ҷумҳурият»

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Коэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳоКоэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳо
  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон