Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф ва илм
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

Низоми нави ИМД дар вазорати маориф муаррифӣ шуд

Нашр шуд: 13 Сентябри 2013
Диданд: 1064

Бо ташаббуси Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 сентябри соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи вазорат бо иштироки муовинони вазири маориф, сардорон ва мутахассисони раёсатҳои кадрҳо ва корҳои махсус, таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ ва дигар шуъбаҳою бахшҳо муаррифии низоми нави “Имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ (ИМД) ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ (МТОК)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон” доир гардид.

     Сараввал, директори Муассисаи давлатии “Маркази миллии тестӣ” (ММТ) С.Ҷаъфаров, ки низоми нави ИМД аз тарафи маркази мазкур дар ҳамкорӣ бо мутахассисони вазорати маориф, намояндагони ташкилотҳои хориҷӣ ва мушовирони байналмилалӣ таҳия гардидааст, ба таври мушаххас оид ба паҳлӯҳо ва хусусиятҳои хоси он маърӯза намуд. Ӯ аз ҷумла қайд намуд, ки “Имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ низоми муҷаҳҳаз ба технологияи муосир буда, бо мақсади арзёбии дониш ва интихоби одилона, шаффоф ва дастрасии баробари довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ таҳия гардидааст. Дар раванди таҳияи низоми мазкур тамоми расму ойнҳо ва хусусиятҳои мардуми Тоҷикистон ба инобат гирифта шудааст”.

      Бояд қайд намуд, ки низоми нав ба тариқи мутамарказ қабули довталабонро ба МТОК-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мемонад. Довталабон аз нуқтаҳои бақайдгирӣ ва марказҳои имтиҳонӣ, ки аз тарафи ММТ дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ таъсис дода мешавад, истифода бурда, барои дохил шудан ба МТОК дар нуқтаҳои бақайдгирӣ аз қайд гузашта, дар марказҳои имтиҳонӣ имтиҳон месупоранд. Ба ҳар як довталабе, ки аз қайд мегузарад, вобаста ба ҷойи макони зист даъватнома барои иштирок дар супоридани имтиҳонҳо фиристода мешавад.

        Низоми нави ИМД аз 14 марҳиллаи асосӣ иборат буда, аз моҳи ноябр оғоз ёфта то моҳи августи соли оянда давом меёбад.

        Яке аз хусусиятҳои хоси низоми нави ИМД дар он аст, ки довталаб имкони дар доираи гурӯҳбандии ихтисосҳои монанд (кластер) то 10 ихтисосро вобаста ба афзалият, шакли таҳсил, намуд ва муассисаи таълимӣ интихоб намояд.

    Хусусияти дигари низоми нав дар он аст, ки ба довталаби дорои ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи иловагӣ (ғолибияти олимпиадаҳои фаннӣ ва мусобиқаҳои варзишии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, дараҷаи маъюбӣ аз КНТ, дорандаи медалли тилло ва нуқра, ятимони кул, фарзандони иштирокчиёни фоҷиаи Чернобил ва ғайра) имтиёзҳо пешбинӣ шудааст.

        Сипас, баъд аз маърӯзаи С.Ҷаъфаров байни иштирокчиён ва кормандони ММТ баҳсу муҳокимаҳо ва саволу ҷавобҳо доир гардид.

      Дар фарҷоми чорабинии мазкур, муовини аввали Вазири маориф Ф.Раҳимов гузаронидани чунин чорабиниро қобили қабул дониста пешниҳод намуд, ки “Чунин муаррифӣ дар оянда на танҳо барои кормандон ва мутахассисони дастгоҳи вазорат, балки барои муассиса ва ташкилотҳои тобеи вазорат ва вазорату кумитаҳои давлатӣ, ки дар тобеяти онҳо муассисаҳои олӣ фаъолият менамоянд, ташкил ва гузаронида шавад ва бо ҳамин роҳ мо имконият пайдо менамоем, ки дар ҷомеа низоми нави ИМД ба МТОК-ро муаррифӣ намоем”.

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Коэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳоКоэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳо
  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон