Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2023
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2023
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2023-2024 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
  • Саволу ҷавоб

Низоми ИМД муаррифӣ шуд

Нашр шуд: 28 Ноябри 2013
Диданд: 598

27 ноябри соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи бинои “Душанбе-Плаза”-и шаҳри Душанбе муаррифии “Низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон” доир гардид. Муаррифӣ аз тарафи Маркази миллии тестӣ гузаронида шуда, дар он мудири шуъбаи илм ва маорифи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Нозимов А., роҳбари Барномаи ҳамкории рушди таҳсилоти Россия (READ) дар Тоҷикистон Бозорова С., роҳбари Шуъбаи Институти «Ҷамъияти Кушода» - Бунёди мадад Ҳалимова З., Сафири фавқулода ва мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Лякин-Фролов И., муовинони Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмонов Ф. ва Маҳмадова Т., роҳбарони мактабҳои олӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, кормандони сохторҳои соҳаи маориф, мушовирони байналмилалӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Муаррифиро муовини вазири маориф ва илм Исмонов Ф. ифтитоҳ намуда, оид ба мақсад ва вазифаҳои чорабинии мазкур ба ҳозирин иттилоъ дод. Бо сухани ифтитоҳӣ Нозимов А., Лякин-Фролов И., Ҳалимова З. ва Бозорова С. баромад намуданд.

Вобаста ба тартибу қоида ва расмиёти низоми ИМД директори Маркази миллии тестӣ Ҷаъфаров С. баромад намуда, тариқи слайдҳо оид ба моҳияти низом, таъсири он ба рушди соҳаи маориф ва ҳаёти иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ гуфта гузаштанд.

Дар баромади муовини аввали директори Маркази миллии тестӣ Менглиев Б. оид ба ташкил ва идораи имтиҳонҳои марказонидашуда маълумот дода шуд. Аз баромад маълум гардид, ки низоми нави ИМД аз низоми амалкунанда бо хусусиятҳои хоси худ фарқ мекунад. Яке аз хусусиятҳои хоси низоми ИМД интихоби васеи ихтисосҳо аз ҷониби довталабон мебошад. Ҳар як довталаб ҳуқуқ дорад, ки вобаста ба гурӯҳи ихтисосҳо то 10 ихтисос ва донишгоҳу донишкадаҳоро интихоб намояд. Хусусияти дигари низом дар он аст, ки довталаб дар макони зисти худ аз қайд гузашта, имтиҳонҳои дохилшавиро дар он ҷо месупорад.

Дар ҷараёни муаррифӣ сардорони шуъбаҳои Маркази миллии тестӣ Азимов Ҷ., Шодиев М., Назаров Р. ва Асоев Р. баромад намуда, оид ба давра ба давра амалӣ намудани низом, таҳияи саволу супоришҳои тестӣ, раванди супоридани имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорат, автоматикунонии раванди бақайдгирӣ ва тақсимоти донишҷӯён ба донишгоҳу донишкадаҳо ва таъмини бехатарӣ дар марҳалаҳои низом маълумот доданд.

Баъд аз баромадҳо байни иштирокчиён ва кормандони Маркази миллии тестӣ саволу ҷавоб ва баҳсу муҳокимаҳо доир гардид. 

Аз ҷараёни муаррифӣ хулоса баровардан мумкин аст, ки ҷорӣ намудани низоми ИМД ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар заминаи иҷрои қарору супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуда истодааст, таъсири мусбӣ ба тамоми қиширҳои ҷомеа расонида шуда, ба пешрафти соҳаи маориф замима мегузорад.

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (даври сеюм)Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (даври сеюм)
  • Рӯйхати ихтисосҳои дорои ҷойҳои холӣ (бақайдгирии давраи 3-юм)Рӯйхати ихтисосҳои дорои ҷойҳои холӣ (бақайдгирии давраи 3-юм)
  • Балҳои гузариш дар комбинатсияи ихтисосҳо дар ИМД-2023Балҳои гузариш дар комбинатсияи ихтисосҳо дар ИМД-2023
  • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо – 2023Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо – 2023
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2023ТАҚВИМИ ИМД – 2023
  • Феҳристи ихтисосҳо ва вазни субтестҳоФеҳристи ихтисосҳо ва вазни субтестҳо
  • Тарзи истифодаи кабинети инфиродӣТарзи истифодаи кабинети инфиродӣ

Мақолаҳо

 Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2023 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон