Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф ва илм
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

НИШАСТИ МАТБУОТИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашр шуд: 25 Январи 2018
Диданд: 999

Душанбе, 25-уми январи соли 2018

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мактабҳои олӣ, ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба фаъолияти худ, мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми сентябри соли 2011, №АП-1729 дар ҳузури намояндагони воситаҳои ахбори омма дар Маркази матбуотии ҷумҳуриявӣ АМИТ “Ховар” нишасти матбуотӣ доир намуд.

Дар нишасти хабарӣ намояндагони 30 расонаи иттилоотии дохиливу хориҷи кишвар, давлативу мустақил, аз қабили рӯзномаҳои “Ҷумҳурият”, ҳафтаномаи “Тоҷикистон”, ”Халқ овози”, “Азия плюс”, МИА “Россия сегодня”, “Омӯзгор”, расонаи иттилоотии “Ховар”, шабакаҳои телевизионии “Баҳористон”, “Пойтахт” ва ғайраҳо иштирок намуданд. Барои намояндагони воситаҳои ахбори омма варақаҳои иттилоотӣ оид ба фаъолияти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017 бо забони тоҷикӣ дар шакли китобча пешниҳод карда шуд.

Дар нишасти матбуотӣ директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Икромӣ Хуршед, муовини якуми директор Ҷаъфаров С.Ф., муовини директор Раҳмонов М.Н., ёвари директор Юлдошев А.Ш., сардорони шуъбаҳо ва дигар шахсони масъули муассиса ҳузур доштанд.

Дар ибтидо директори Марказ аз ҳамкории рӯзноманигорон бо Марказ ва масъалабардории онҳо аз тариқи ВАО изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид кард, ки оид ба фаъолияти муассиса маълумотнома бо забони давлатӣ омода ва ба ҳозирин пешниҳод гардидааст, аз ин рӯ, зарурати додани маълумоти умумӣ ва музокираҳо нест ва барои сарфаи вақт дарҳол ба посухи хабарнигорон гузаштан ба манфиати кор аст.

Сипас хабарнигорон ба саволҳои худ дар бораи баъзе масъалаҳои марбут ба имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷоришавии кори хаттӣ (эссе) ҳамчун ҷузъи имтиҳонҳои дохилшавӣ ва навгониҳои дигар дар низоми ин имтиҳонҳо, аз байн рафтани падидаҳои номатлуби қаллобию фасод ҳангоми дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимӣ ва ғайра посух гирифтанд. Ба саволҳои хабарнигорон директори Марказ ва мутасаддиёни дигар ҷавобҳои қаноаткунанда доданд.

Маълумотнома оид ба фаъолияти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли китобча чоп ва дастраси намояндагони ВАО-и дар нишасти матбуотӣ ҳузурдошта гардонида шуд. Он дар сомонаи расми Марказ низ гузошта мешавад.

Маълумоти мухтасар дар бораи фаъолияти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Коэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳоКоэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳо
  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон