Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

НИШАСТИ МАТБУОТИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТӢ

Нашр шуд: 04 Августи 2021
Диданд: 2941

3-юми августи соли 2021 дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир ба ҷамъбасти фаъолияти Марказ дар нимсолаи якуми соли 2021 баргузор гардид.

Дар оғози нишасти матбуотӣ директори Марказ Хуршед Икромӣ намояндагони ВАО-ро хушомадед гуфта, оид ба навгониҳо дар фаъолияти Марказ, марҳалаҳои сипаригардидаи имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) дар нимсолаи якуми соли 2021 ва нақшаҳои оянда ба таври мухтасар ба рӯзноманигорон иттилоъ дод. Аз ҷумла, директори Марказ қайд намуд, ки: “Мувофиқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи чорабиниҳои Марказ корҳои иттилоърасонию таблиғотӣ дар шакли курсҳои шиносоӣ ҳамасола аз моҳи январ оғоз гардида, то охири моҳи март дар се сатҳ - миқёси ҷумҳурӣ, миқёси шаҳру ноҳияҳо ва дар миқёси муассисаҳои таълимии дахлдор баргузор карда мешавад. Соли ҷорӣ дар 68 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ бо зиёда аз 200 ҳазор нафар алоқамандони ИМД корҳои иттилоърасонию таблиғотӣ гузаронида шуд. Бо мақсади дар сатҳи баланд роҳандозӣ кардани корҳои иттилоотиву таблиғотӣ ҳамасола Марказ маводди иттилоотиву методӣ таҳия намуда, ба муассисаҳои таълимӣ ройгон тақсим менамояд. Аз ҷумла, соли ҷорӣ 21600 нусха дастури иттилоотиву методии “Роҳнамои довталаб” (20800 нусха ба забони тоҷикӣ ва 800 нусха ба забони русӣ), 10 номгӯй маҷмӯаи саволу масъалаҳои тест – 207000 нусха (аз ҷумла, 201400 нусха ба забони тоҷикӣ ва 5600 нусха ба забони русӣ), 3828 нусха барнома ва модули курси омӯзишии низоми ИМД ва 3828 дона диск бо маводди иттилоотию методӣ омода гардида, дастраси муассисаҳои таълимии дахлдор гардонида шуд”.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки Марказ бо мақсади шаффоф, дастрас ва озод баргузор кардани бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар соли 2021 дар 59 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар 34 шаҳру ноҳия 40 нуқтаи доимии бақайдгирӣ ва дар 25 шаҳру ноҳияи дигар нуқтаҳои сайёри бақайдгирӣ ташкил карда шуд.

Соли ҷорӣ дар марҳалаҳои асосӣ ва иловагии бақайдгирӣ 103777 довталаб худро сабти ном карданд, ки аз инҳо 91531 нафарашон довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11-ум), ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва 12246 нафарашон довталабони дорои таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9-ум) мебошанд. Назар ба соли 2020, соли ҷорӣ шумораи умумии довталабони азқайдгузаштаи дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11-ум), ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ 8867 нафар кам буда, довталабони дорои таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9-ум) 1693 нафар зиёд худро сабти ном карданд.

Зимни нишаст аз ҷониби намояндагони расонаҳои хабарӣ вобаста ба марҳалаҳои бақайдгирӣ ва имтиҳонҳо, тақсимоти асосиву такрорӣ, инчунин таъсири қонуни нави хизмати ҳарбӣ ба шумораи довталабон ва монанди инҳо пурсида шуд, ки роҳбарияти Марказ ба онҳо посух гуфтанд.

Дар фарҷоми нишасти матбуотӣ директори Марказ Хуршед Икромӣ ба намояндагони ВАО барои иштироки фаъолона дар ин нишаст изҳор миннатдорӣ намуда, онҳоро ба ҳамкорӣ даъват намуд.

 

 

 

 

 

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Коэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳоКоэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳо
  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹Май 2025›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк
1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон