Душанбе, 27-уми январи соли 2025
27-уми январи соли 2026, тибқи Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо мутобиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2005, № АП-1677, оид ба ҷамъбасти соли 2025 дар дафтари асосии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор шуд.
Дар нишаст директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаъфарзода Сабзалӣ Файзалӣ, мушовири калони бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуллозода Масрур Аҳмад, муовини якуми директор, сардорони раёсату шуъба ва бахшҳои Марказ ва намояндагони ВАО-и ватанию хориҷӣ иштирок намуданд.
Дар оғози нишасти матбуотӣ директори Марказ Ҷаъфарзода Сабзалӣ дар бораи дастовардҳо дар фаъолияти Марказ, корҳои анҷомдодаи Марказ дар соли 2025 ва нақшаҳои оянда ба таври мухтасар ба рӯзноманигорон иттилоъ дод.
Зимни нишаст аз ҷониби намояндагони ВАО дар бораи марҳалаҳои бақайдгирӣ ва имтиҳонҳо, озмунҳои тақсимоти асосиву такрорӣ, дар бораи нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, ихтисосҳои каминтихоб аз ҷониби довталабон, кушодани ихтисосҳои нав вобаста ба ҳуши сунъӣ, истифодаи варақаи ҷавобҳо, роҳандозии давраҳои сеюм ва чоруми бақайдгирӣ дар ИМД, имтиҳонҳои озмоишӣ барои хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ ва масъалаҳои дигари марбут ба имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон саволҳо пешниҳод карда шуд, ки роҳбарияти Марказ ба онҳо посух гуфт.
Дар фарҷом директори Марказ Ҷаъфарзода Сабзалӣ ба намояндагони ВАО барои иштироки фаъолона дар нишаст ва ҳамкориҳои судманд изҳори миннатдорӣ намуд.








