Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашр шуд: 04 Феврали 2025
Диданд: 1802

Душанбе, 4-уми феврали соли 2025

4-уми феврали соли 2025, тибқи Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо мутобиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2005, № АП-1677, оид ба ҷамъбасти соли 2024 дар дафтари асосии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор шуд.

Дар нишаст намояндагони ВАО-и ватанию хориҷӣ, директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаъфарзода Сабзалӣ Файзалӣ, мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуллозода Масрур Аҳмад, муовини якуми директор ва сардорони воҳидҳои сохтории Марказ иштирок намуданд.

Нишасти матбуотӣ бо суханони муқаддамотии кӯтоҳи директори Марказ Ҷаъфарзода Сабзалӣ оғоз гардида, дар шакли савол ва ҷавоб сурат гирифт. Зимни ин суханронӣ директори Марказ оид ба дастовардҳои Марказ дар соли 2024 дар фаъолият дар доираи имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) иттилоъ дода, таъкид кард, ки дар соли 2024-ум дар доираи ИМД нишондиҳандаҳои асосӣ – бақайдгирӣ, иштирок дар имтиҳонҳо, ҳозиршавӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва иҷрои нақшаи қабули донишҷӯён нисбат ба солҳои 2022-2023-юм баланд гардид. Аз ҷумла, дар соли 2024 дар заминаи синфи 11-ум нишондиҳандаи бақайдгирии довталабон – 8904 нафар (11,1 %), иштирок дар имтиҳонҳо – 1,04 %, ҳозиршавӣ  барои қабул дар муассисаҳои таълимӣ – 2,32%, иҷрои нақшаи қабули донишҷӯён ба колеҷҳо – 5,06 % ба донишгоҳу донишкадаҳо 12,86 % нисбат ба соли 2023 баланд аст.

Инчунин, дар соли 2024 дар заминаи синфи 9-ум нишондиҳандаи бақайдгирии довталабон – 5385 нафар (32,5 %), ҳозиршавӣ барои қабул дар муассисаҳои таълимӣ – 1,08 %, иҷрои нақшаи қабули донишҷӯён ба колеҷҳо – 8,2 % нисбат ба соли 2023 баланд аст.

Дар нишаст аз ҷониби намояндагони ВАО дар бораи марҳалаҳои бақайдгирӣ ва имтиҳонҳо, натиҷаҳои озмунҳои тақсимоти асосиву такрорӣ, имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорат, нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва масъалаҳои дигари марбут ба ИМД саволҳо пешниҳод карда шуд, ки роҳбарияти Марказ ба онҳо посух гуфтанд.

Дар фарҷом директори Марказ Ҷаъфарзода Сабзалӣ Файзалӣ ба намояндагони ВАО барои иштироки фаъолона дар нишаст ва ҳамкориҳои судманд изҳори миннатдорӣ намуд.

 

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон