Душанбе, 3-юми июли соли 2023
3-юми августи соли 2023 тибқи Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо оид ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2023 мутобиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04 марти соли 2005, № АП-1677 дар дафтари асосии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони ВАО нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти Марказ дар нимсолаи якуми соли 2023 сурат гирифт.
Дар нишаст Ҷаъфарзода Сабзалӣ Файзалӣ – директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони директор, сардорони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ, раиси Иттифоқи касабаи кормандони Марказ ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.
Нишасти матбуотӣ бо маърузаи муқаддамотии кӯтоҳи директори Марказ оғоз гардида, дар шакли савол ва ҷавоб сурат гирифт.
Намояндагони расонаҳои хабарӣ ба саволҳои пешниҳодкардаашон посухҳои мукаммал гирифтанд.