Душанбе, 5-уми апрели соли 2018
Ба таваҷҷуҳи шумо мерасонем, ки Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон байни довталабони дар ИМД-2017 комёбшуда, яъне донишҷӯёни курси якуми муассисаҳои таълимӣ миёна ва олии касбӣ барои муайян кардани мушкилоту камбудиҳо дар низоми ИМД ва бартараф кардани онҳо дар фаъолияти минбаъда пурсиш гузаронд (тавассути пурсишнома).
Чунин пурсиш дар аксари муассисаҳои таълимӣ анҷом ёфт ва дар чанде аз онҳо идома дорад. Пурсишҳоро барномаи махсуси компютерӣ баррасӣ хоҳад кард ва натиҷаи он таҳлилу баррасӣ мешавад.