Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

ЭЪЛОН

Нашр шуд: 26 Июли 2015
Диданд: 1202

ЭЪЛОН

НАТИҶАҲОИ ИМТИҲОНҲОИ МАРКАЗОНИДАИ ДОХИЛШАВӢ – 2015

Душанбе, 26-уми июли соли 2015

Маълумот дар бораи натиҷаи имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ 25-уми июли соли 2015 дар кабинети инфиродии ҳар як довталаб ҷойгир карда шуда, инчунин ба телефони мобилии ҳар як довталаб, ки дар вақти бақайдгирӣ шумораи онро нишон додааст, SMS-паёмаки ройгон бо маълумоти мухтасар дар бораи натиҷаҳои имтиҳонҳо фиристода шуд.

Хотиррасон менамоем, ки маълумоти муфассал дар бораи натиҷаҳои дар имтиҳонҳо аз субтестҳо (фанҳо) ва имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорат (дар ҳолати супоридани чунин имтиҳон) бадастовардаи ҳар довталаб бо нишон додани хол, бал ва маълумот дар бораи соҳиб шудан ё нашудани довталаб ба холҳои гузариш аз субтестҳо ва роҳ ёфтан ё наёфтани ӯ ба озмуни тақсимот дар кабинети инфиродии довталаб гузошта шудааст. Агар дар бахши натиҷаи имтиҳонҳои кабинети инфиродии довталаб матни “Шумо барои иштирок дар озмуни тақсимот РОҲ ЁФТЕД!”, ки ранги пасманзар (фон)-и он сабз аст, дарҷ гардида бошад, пас, довталаб ба озмуни тақсимот ба муассисаҳои таълимӣ аз рӯйи ихтисосҳои интихобкардааш роҳ ёфтааст. Гузаштан ё нагузаштани довталаби ба озмун роҳёфта аз рӯйи ихтисосҳои интихобкардааш танҳо пас аз озмуни тақсимот, ки 8‑уми августи соли 2015 доир мегардад, маълум мешавад. Агар дар бахши натиҷаи имтиҳонҳои кабинети инфиродии довталаб матни “Шумо барои иштирок дар озмуни тақсимот РОҲ НАЁФТЕД!”, ки ранги пасманзар (фон)-и он сурх аст, дарҷ гардида бошад, пас, довталаб бо сабаби аз як ё якчанд субтест соҳиб нагардидан ба холи гузариш ба озмуни тақсимот роҳ наёфтааст.

Дар баробари роҳҳои зикргардидаи дастрас кардани маълумот дар бораи натиҷаҳои имтиҳонҳо ҳар як довталаб имкон дорад, ки ба воситаи телефони мобилии худ SMS-паёмаки пулакиро бо дархост (матни) “t<рақами назоратӣ>” ба рақами кӯтоҳи 1617 фиристода, дар бораи натиҷаҳои имтиҳони худ маълумоти мухтасар гирад.

Барои роҳ ёфтан ба озмуни тақсимоти довталабон ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ мувофиқи натиҷаҳои имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ довталабро зарур аст, ки холҳои гузариш (шумораи ҳадди ақалли холҳо)-ро аз ҳар субтест дар доираи гурӯҳи ихтисосҳо ва имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорат (дар ҳолати супоридани чунин имтиҳон) соҳиб гардад. Бо қарори мушовараи ғайринавбатии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24‑уми июли соли 2015, № 17/1 холҳои гузариш барои ҳар як субтест ва имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорат муқаррар гардидааст.

Холҳои гузариш аз субтестҳои қисми А (имтиҳони умумӣ) барои ҳамаи гурӯҳҳои ихтисосҳо (кластерҳо)

Р/Т

Субтест

Холи гузариш

Шумораи имконпазири ҳадди аксари холҳо

1

Забони тоҷикӣ

6

48

2

Математика

5

38

3

Таърихи халқи тоҷик ва асосҳои давлат ва ҳуқуқ

6

48

 

Холҳои гузариш барои субтестҳои қисми Б (имтиҳони ихтисос) дар доираи гурӯҳҳои ихтисосҳо (кластерҳо)

№ кл.

Гурӯҳи ихтисосҳо (кластер)

Субтест

Холи гузариш

Шумораи имконпазири ҳадди аксари холҳо

1

Табиӣ ва техникӣ

Математика

5

38

Физика

4

42

Химия

3

37

2

Иқтисод ва география

Математика

5

38

География

5

40

Забони хориҷӣ*

4

32

3

Филология, педагогика ва санъат

Забон ва адабиёт**

5

35

Таърих

5

40

Забони хориҷӣ*

4

32

4

Ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ

Таърих

11

40

Ҳуқуқи инсон

11

40

Забони хориҷӣ*

4

32

5

Тиб, биология ва варзиш

Химия

8

37

Биология

9

44

Физика

5

42

* Забони англисӣ/немисӣ/франсавӣ/арабӣ.

** Забон ва адабиёти тоҷик /рус/ӯзбек.

Инчунин, бо қарори мазкур холи гузариш барои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорат 50 хол муқаррар карда шудааст (новобаста аз ихтисосҳои супоридани имтиҳонҳои мазкурро талабмекарда ва муассисаҳои таълимӣ).

Тавре довталабон ва дигар алоқамандони имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ хабар доранд, холҳои бадастовардаи ҳар як довталаб бо роҳи миқёсгузорӣ (шкалабандӣ) ба балҳо баргардонида мешавад. Вобаста аз ин, аз рӯйи натиҷаи шкалабандӣ дар доираи ҳар гурӯҳи ихтисосҳо ва ҳар як ихтисос барои ҳар субтест ҷадвали мувофиқати холҳо ва балҳо тартиб дода шуда, дар сомонаи Марказ ҷой дода шудааст. Ҳар як довталаб имкон дорад, ки холҳои бадастовардаашро бо истифода аз ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ва балҳои ҳар субтест дар доираи ҳар гурӯҳи ихтисосҳо ва ҳар як ихтисос бо маълумоти дар кабинети инфиродиаш ҷойдошта муқоиса намояд.

Лозим ба қайд аст, дар дафтар (офис)-и асосии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшҳои минтақавии он дар шаҳрҳои Хуҷанд, Қӯрғонтеппа ва Хоруғ ва муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Кӯлоб, Данғара ва Рашт, ки нишонии онҳо дар зер нишон дода шудааст, нуқтаҳои иттилоърасонӣ ташкил карда шудааст. Дар зарурат довталабон метавонанд вобаста аз макони зисташон ба яке аз нуқтаҳои иттилоърасонӣ муроҷиат карда, дар бораи натиҷаҳои имтиҳонсупории худ маълумот гиранд.

Довталабон имкон доранд, ки дархост ё саволҳои худро ба нишонии почтаи электронии Марказ – Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. ё Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. пешниҳод намоянд.

Нишонии нуқтаҳои иттилоърасонӣ

1. Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

– ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 192;

– телефонҳо: 224-53-66, 224-53-68, 224-53-73, 224-53-72.

2. Бахши минтақавии Марказ дар шаҳри Хуҷанд:

– вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Ҳаким Карим, 16;

– телефон: (+992 91) 598-00-89.

3. Бахши минтақавии Марказ дар шаҳри Қӯрғонтеппа:

– вилояти Хатлон, шаҳри Қӯрғонтеппа, кӯчаи Борбад, 13;

– телефон: (+992 91) 598-00-58.

4. Бахши минтақавии Марказ дар шаҳри Хоруғ:

– вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ, кӯчаи Иҷубов Мамадато, 234;

– телефон: (+992 91) 598-00-51.

5. Гимназияи № 5 ба номи Раҷаб Амонови шаҳри Истаравшан:

– вилояти Суғд, шаҳри Истаравшан, кӯчаи А. Юсупов, 93 (назди маҳаллаи Қаробек);

– телефон: (+992 91) 598-00-64.

6. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 53 ба номи Саидҷон Ҳакимзодаи шаҳри Кӯлоб:

– вилояти Хатлон, шаҳри Кӯлоб, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 2 (назди терминали мусофирбарии шаҳри Кӯлоб);

–телефон: (+992 91) 598-00-50.

7. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 2‑и ноҳияи Данғара:

– вилояти Хатлон, ноҳияи Данғара, кӯчаи Нуралӣ Миралӣ (дар муқобили клиникаи ҷумҳуриявӣ);

–телефон: (+992 91) 598-00-88.

8. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1 ба номи Хоҷа Абдулхайрови ноҳияи Рашт:

– ноҳияи Рашт, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 27 (назди бозор);

– телефон: (+992 91) 598-00-63.

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон