Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф ва илм
    • Ҳамкориҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • Пажӯҳишу арзёбӣ
    • Арзёбии миллӣ
    • PISA
    • PIRLS
    • Маҷаллаи "Довталаб"
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2026
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2026-2027 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳои таҳлилию иттилоотӣ
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб
  • Муроҷиат

Натиҷаҳои озмуни тақсимоти довталабон

Нашр шуд: 14 Августи 2014
Диданд: 1457

Душанбе, 14 августи соли 2014

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати довталабон мерасонад, ки 15 август натиҷаҳои озмуни тақсимоти довталабон ба ихтисосҳои интихобкарда эълон карда мешавад.

Барои фаҳмидани натиҷаҳои тақсимот довталабон метавонанд аз кабинетҳои инфиродии худ истифода баранд.

Воридшавӣ ба кабинети  инфиродӣ тавассути сомонаи расмии марказ – www.ntc.tj ва ё нишонии интернетии http://cabinet.ntc.tj сурат мегирад.

Ба довталабон хизматрасонии SMS-паёмак низ дастрас мебошад. Барои фаҳмидани натиҷаи озмуни тақсимот довталаб метавонад SMS-дархости мувофиқро аз рӯйи қолаби n<рақами назоратӣ> (масалан, nxxxxxxxxxxxx) ба рақами кӯтоҳи 1617 ирсол намояд. Дар ҷавоб натиҷаи тақсимоти довталаб ҳамчун SMS-паёмак ба телефони мобилии ӯ равон карда мешавад. Арзиши як SMS-дархост – 1 сомонию 70 дирам.

Лозим ба қайд аст, ки маълумоти дар ҳуҷраҳои инфиродии довталабон гузошташуда нисбатан муфассалтар аст.

Довталабоне, ки тибқи натиҷаҳои озмуни тақсимот ба ин ё он ихтисоси интихобкардаашон тақсим карда мешаванд, бояд на дертар аз 25 август ба муассисаи таҳсилоти олии касбии дахлдор ҳозир шуда, аз қайди комисияи қабули он гузаранд.

Хотиррасон менамоем, ки тибқи Тартиб ва тарзи қабули имтиҳонҳои қабул барои муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикстон аз 25 ноябри соли 2013, №2935 тасдиқ гардида, дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2013, №722 ба қайд гирифта шудааст, муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ донишҷӯёнро дар асоси рӯйхатҳои пешниҳоднамудаи Маркази миллии тестӣ ба курси якум қабул намуда, фармоиш ба имзо мерасонанд.

Маълумоти муфассалро метавонед аз эълонҳои қаблии сомонаи марказ ва ё бо телефонҳои 224-53-66 ва 224-53-67 пайдо кунед.

Паёми Президент

Паёмҳо ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Роҳнамои довталаб – 2026Роҳнамои довталаб – 2026
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2026Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2026
  • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус – 2026Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус – 2026
  • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтисосҳои тиб)Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтисосҳои тиб)
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2026ТАҚВИМИ ИМД – 2026

СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2030

БАРНОМАИ МИЁНАМУҲЛАТИ РУШДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2026-2030

СТРАТЕГИЯИ ДАВЛАТИИ МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2030

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2026 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон