Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

Натиҷаҳои озмоиш муаррифӣ шуд

Нашр шуд: 03 Сентябри 2013
Диданд: 1101

Дар толори маҷлисгоҳи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовинони вазири маориф, сардорони раёсатҳо ва мудирони шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат, роҳбарони муассиса ва ташкилотҳои зертобеи вазорат, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар шаҳри Душанбе, директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, сардори раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои Душанбе ва кормандони Муассисаи давлатии «Маркази миллии тестӣ» (ММТ) муаррифии натиҷаҳои Озмоиши калони низоми нави имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ (ИМД) ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ доир гардид.

Сараввал, директори ММТ С. Ҷаъфаров оид ба натиҷаҳои бастоварда дар доираи Озмоиши калон ва бурду бохти он суханронӣ намуда, бо аксҳо ва ҷадвалу диаграммаҳо корҳои ба субут расонидаро намоиш дод. Аз таҳлилҳо маълум гардид, ки мутобиқи фармоиши вазири маориф дар байни хонандагони синфҳои 10-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми моҳҳои март-августи соли 2013 Озмоиши калони низоми нави ИМД гузаронида шудааст. Озмоиши мазкур дар чор минтақаи ҷумҳурӣ (шаҳрҳои Душанбе, Хоруғ, Қӯрғонтеппа ва Хуҷанд) ба нақша гирифта шуда буд. Вобаста ба ин, аз тарафи ММТ дар чор минтақаи ҷумҳурӣ 7 нуқта бо 22 истгоҳи бақайдгирӣ таъсис дода шуд. Аз 15 то 30 апрели соли ҷорӣ давраи бақайдгирӣ гузаронида шуд, ки 7115 нафар хоҳишмандон аз ҳисоби хонандагони синфҳои 10 аз қайд гузаштанд. Шумораи зиёди аз қайд гузаштагон дар шаҳри Душанбе ба қайд гирифта шудааст, ки 37 фоизро ташкил медиҳад.

Барои дар сатҳи баланд гузарондани имтиҳонҳои Озмоиши калон, ММТ дар чор минтақаи ҷумҳурӣ 7 маркази имтиҳонӣ таъсис дода, барои ташкил ва назорати раванди имтиҳонҳо зиёда аз 240 нафарро аз ҳисоби омӯзгорон ва кормандони соҳаи маориф ба ҳайси маъмурони имтиҳон интихоб намуд.

Аз 15 то 22 июни соли ҷорӣ марҳилаи супоридани имтиҳонҳо доир гардид. Дар раванди имтиҳонҳо 4231 нафар хоҳишмандоне, ки аз қайд гузашта буданд, иштирок намуданд. Дар 180 синфхонаи 7 маркази имтиҳонӣ 1495 маротиба аз тарафи маъмурон имтиҳон гузаронида шуд. Аз тарафи хонандагон дар раванди имтиҳонҳо 11117 варақаи ҷавобҳо пешниҳод шудааст.

          Натиҷаҳои имтиҳонҳои Озмоиши калон 1 августи соли 2013 дар сомонаи расмии ММТ (www.ntc.tj)  нашр гардид.

Дар фарҷоми баромади худ, директори ММТ қайд намуд, ки дар ташкил ва гузаронидани Озмоиши калон норасоии назаррасе мушоҳида нагардид. Тибқи натиҷаҳои Озмоиши калон низоми нави ИМД мавриди такмилу таҷдид қарор дода мешавад ва низоми такмилёфта барои истифода дар соли 2014 омода мегардад.

Сипас, дар мавриди саволу ҷавоб ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.  Айнӣ Раҳмонов А., ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи А. Сино Қурбонов А. ба директори ММТ саволҳо пешниҳод намуданд, ки аз тарафи директор ва кормандони ММТ посухҳои мушаххас дода шуд.

Дар охир, муовини аввали вазири маориф Ф. Раҳимов қайд намуд, ки Озмоиши калон дар сатҳи хуб гузаронида шуд ва тамоми расмиёт ва ҷузъиёти низом санҷида шуд. Танҳо қисман самтҳое, ки зарурати таҷдид доранд, коркард шавад ва аз ҳамаи иштирокчиён хоҳиш намуданд, ки баҳри амалӣ шудани низоми нави ИМД бо ҷомеа корро фаъолона ба роҳ монанд.

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Коэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳоКоэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳо
  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон