Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

НАҚШИ СОҲАИ МАОРИФ ВА ИЛМ ДАР ТАШАККУЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ-ЗИДДИКОРРУПСИОНИИ АҲОЛӢ

Нашр шуд: 06 Марти 2024
Диданд: 12828

Душанбе, 5-уми марти соли 2024

Бо ин унвон 5-уми марти соли 2024 дар толори Муассисаи давлатии “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино” бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи муштараки ҷумҳуриявӣ доир гардид.

Дар конференсия вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Султонзода, директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтоир Саидзода, директори маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабзалӣ Ҷаъфарзода, раиси Муассисаи давлатии “Комиссияи олии аттестатсионии назди президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” Сайфиддин Давлатзода, раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода, муовинони вазири маориф ва илм, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илм, роҳбарони муасисаҳои тобеи вазорат, ректорон ва директорони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, кормандони гуногуни соҳаи маориф ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок карданд. style="text-align: justify; text-indent: 27pt;"Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Султонзода, директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтоир Саидзода, директори маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабзалӣ Ҷаъфарзода, раиси Муассисаи давлатии “Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” Сайфиддин Давлатзода, раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода дар конференсия сухан гуфтанд.

Аз ҷумла, Ҷаъфарзода Сабзалӣ, директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, гуфт, ки коррупсия ҳамчун падидаи манфӣ яке аз мушкилоти ҷиддиест, ки дар замони муосир хатари он бештар гардида, хусусияти таҳдиди муназзамро ба ҷаҳону амнияти инсон касб намудааст. Коррупсия, ки ба ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъият таъсири манфӣ мерасонад, давлатҳоро водор мекунад, ки барои муқовимат ба он чораҳо андешанд.

Дар фаъолияти амалисозандаи худ Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирӣ аз амалҳои дорои хусусияти коррупсионӣ чораҳои зарурӣ андешида, роҳҳои гуногунеро пеш мегирад, ки ба таври комплексӣ амалисозии онҳо дар бартараф намудани ин зуҳуроти манфӣ, дар ҳақиқат, таъсир ва натиҷаи самарабахш медиҳад. Таъмини шаффофияти тамоми корҳо дар доираи имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ яке аз принсипҳои асосии фаъолияти Марказ буда, бевосита омили хубе барои бартараф намудани шубҳаҳо ва зуҳуроти номатлуб низ ба ҳисоб меравад, – дар идомаи суханронӣ қайд кард, Ҷаъфарзода С.

Ҳамчунин, дар конференсия  муовинони вазири маориф ва илм ва дигар иштирокдорон вобаста ба пешгирии ин амали номатлуб дар ҷомеа маъруза карданд.

Ҳадаф аз баргузории конференсияи мазкур боло бурдани маърифати ҳуқуқии кормандони соҳаи маориф, хонандагону донишҷуёни муассисаҳои таълимӣ ва сокинони ҷумҳурӣ аст.

 

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Коэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳоКоэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳо
  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон