Муроҷиатномаи махсуси Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ба довталабон ва алоқамандони дигари имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба
муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021
Барои Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон анъана шудааст, ки ҳамасола дар оғози марҳалаи асосии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (ИМД) ба ҳамаи хоҳишмандони иштирок дар ин имтиҳонҳо ва алоқамандони дигари ИМД муроҷиати хос кунад. Муроҷиати Марказ, пеш аз ҳама, бо мақсади огаҳ кардани мардум дар масъалаҳои ИМД барои фирефтаи ашхоси қаллоб нашуданашон ва пешгирӣ аз ҳама гуна амалҳои номатлуби марбут ба ин имтиҳонҳо, таъкиди довталабон барои дуруст амал кардан дар марҳалаи номнависӣ ва имтиҳоноти мавриди назар аст.
Аҳли ҷомеа дар тӯли ҳафт соли фаъолияти Марказ ба устувору боэътимод будани низоми ИМД ва таъмини шаффофияту адолат ва дастрасии баробар дар тамоми раванду марҳалаҳои имтиҳонҳои мазкур бовари комил пайдо кардаанд. Танҳо ҳамин нукта, ки аз қариб 113 000 довталаби дар имтиҳонҳои соли 2020 ширкаткарда ҳатто як нафар ҳам дар бораи вайрон гардидани тартиби баргузории имтиҳонҳо ба Марказ аризаи апеллятсионӣ пешниҳод накардааст ва шумораи аризаҳои апеллятсионӣ дар бораи норозӣ будан аз холҳои гузоштаи Марказ ҳамагӣ 13-торо ташкил додааст, худ далели равшану инкорнашавандаи ин гуфтаҳост.
Шаффофияту адолат аз муҳимтарин усулҳои кори Марказ дар ҳамаи раванду марҳалаҳои имтиҳонҳои мазкур асту ин ниҳод таъмини онро ҳамеша кафолат медиҳад. Дониш ва малакаю маҳорати ҳар яке аз довталабон воқеӣ (объективона) арзёбӣ карда шуда, имкони дахолати инсонӣ (аз берун), тақаллуб ва амалҳои ба ин монанд дар ИМД ҷой надорад. Бар замми ҳамаи ин, Марказ барои пешгирӣ аз ҳар гуна амалҳои номатлуб дар раванди ИМД бо камоли масъулият тамоми тадбирҳои заруриро меандешад. Бо ин ҳама, бо шарти эҳтиёт ва таъкид довталабон, падару модари онҳо ва тамоми алоқамандони ИМД огаҳ карда мешаванд, ки эҳтимоли рух додани амалҳои ғаразноку қаллобона ва авомфиребию ваъдаҳои бардурӯғ аз ҷониби зумрае дар бобати довталабонро дохил кардан ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ мавҷуд аст. Ба такрор таъкид месозем, ки ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз ба натиҷаҳои аз имтиҳонҳо бадастовардаи довталабон ҳаргиз таъсире расонида наметавонад. Хоҳишмандем, ки дар ин масъала ҳушёру боэҳтиёт бошед, то фирефтаи қаллобон нашавед!
Ба фаъолияти Марказ баҳои баланд додани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамасола афзоиш ёфтани шумораи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаю олии касбии ба низом воридшаванда ва ташкилу баргузории имтиҳонҳоро хуб арзёбӣ кардани фаъолони ҷомеаи академӣ ва комиссияҳои ҷамъиятӣ ва монанди инҳо гувоҳи шаффофияту адолатро таъмин кардани Марказ, сол то сол бештар шудани эътибору нуфузаш ва эътимоди аҳли ҷомеа ба он аст.
Аз ҳар яки Шумо – алоқамандони низоми ИМД хоҳишмандем, ки нисбат ба ин масъала бетараф набошед! Ба қаллобоне, ки бо ниятҳои нопок Шуморо бовар кунонданӣ мешаванд, ки гӯё барои довталабро ба мактаби дилхоҳаш дохил кардан ёрӣ расонда метавонанд, ҳатто агар онҳо воқеан корманди Марказ ҳам бошанд, ҳаргиз бовар накунед, зеро он фиреби маҳз асту бас ва ба ҷуз ин чизи дигаре нест!
Вобаста ба ин, агар довталабе ё шахси дигаре бо чунин ҳолат рӯбарӯ гардад, аз касе дар мардумфиребию қаллобӣ гумонбар шавад, бояд ҳатман ва таъҷилан ба Марказ ва ниҳодҳои дахлдори давлатӣ муроҷиат кунад.
Ёдовар мешавем, ки ҳамаи раванду марҳалаҳои ИМД – аз сабти номи довталабон то коркарди варақаҳои ҷавобҳо, ҷамъбасти имтиҳонҳо, арзёбии кори довталабон ва тақсимоти онҳо ба муассисаҳои таълимӣ бо истифодаи воситаю технологияҳои замонавӣ ва тавассути барномаҳои компютерӣ сурат гирифта, чораҳои бехатарии пешбинигардида дар сатҳи баланд, шаффофу одилона ва тибқи тартибу қоидаҳои муқарраргардида баргузор шудани имтиҳонҳоро таъмин месозанд. Бехатарию махфияти иттилоот низ таъмин ва бо тамоми ҷузъиёташ риоя мегардад. Рафти имтиҳонҳо дар ҳамаи синфхонаҳои имтиҳон бо камераҳои назорати видеоӣ сабт ва мушоҳида мегардад, ки ҳамасола довталабон, падару модарон, омӯзгорон, фаъолони ҷамъиятӣ, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва алоқамандони дигари ИМД бевосита худ шоҳиди чунин ташкили кор дар марказҳои имтиҳонӣ мешаванд. Барои шахси солимақл маълум аст, ки бо ин ҳама шароит ва тартибу талабот ёрӣ расонидани касе ба довталаб имкон надорад.
Агар довталабон аз имконоти барояшон фароҳамовардаи Марказ огаҳ бошанду онро ҳадафмандона ва дуруст истифода кунанд, рух додани амалҳои номатлуб аз ҷониби қаллобону мардумфиребон аз байн хоҳад рафт. Дар ин маврид, бахусус шумораи холҳои бадастовардаи худ ва ба чанд бал баробар будани онҳоро донистани довталаб, зарур аст. Бо огаҳӣ аз ин, ки тақсимоти довталаб ба муассисаи таълимӣ аз рӯйи ихтисосҳои интихобкардааш дар асоси бали соҳибшудааш сурат мегирад, довталаб, пеш аз ҳама, бояд варақаи ҷавобҳоро аз кабинети инфиродӣ ва калидҳо (ҷавобҳои дуруст)-и саволҳои масъалаҳои тести дар имтиҳонҳо истифодашударо аз сомонаи Марказ дастрас карда, холҳои аз ҳар субтест бадастовардаашро мустақилона ҳисоб намояд. Баъдан аз рӯйи ин холҳо миқдори балҳоро бо истифода аз ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ва балҳо, ки пас аз эълони натиҷаҳо дар сомонаи Марказ ҷой дода мешавад, муайян созад.
Дар баробари дониши арзанда доштан воқиф будан аз тартибу қоидаҳои дахлдор барои бақайдгирӣ ва имтиҳонот, аз ҷумла интихоби дурусту дурандешонаи ихтисосу муассисаҳо бо ба эътибор гирифтани донишу маҳорат ва имконоти худ ва риояи ин шарту қоидаҳо барои ҳар як довталаб муҳим мебошад. Барои ин ҳадафмандона аз дастури иттилоотию методии «Роҳнамои довталаб» корбарӣ бояд кард. Истифода аз маҷмӯаи саволу масъалаҳои таҳиякардаи Марказ барои омодагии шоиста дидани довталабон ба ин имтиҳонот ёрирасон хоҳад буд. Бояд қайд кард, ки дар ҳар яке аз субтестҳои имтиҳонҳои воқеӣ (ИМД) соли ҷорӣ қариб 40 %-и саволу масъалаҳо аз ҳамин маҷмӯаҳо такроран истифода карда мешаванд.
Барои тайёр шудани довталаб ба имтиҳонҳо истифода кардан аз хизматрасонии “Худро бисанҷ”, ки ҳоло фаъол аст, низ воситаи хубест.
Аз довталабон ва ҳамаи алоқамандони низоми ИМД хоҳиш менамоем, ки барои шаффофу одилона баргузор гаштани имтиҳонҳо саҳмгузор бошанд. Имрӯзҳо, ки омодагӣ ба марҳалаи бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2021 идома дорад, аз ҳамаи шаҳрвандон хоҳишмандем, ки дар ҳолати дучор шудан бо шахсоне, ки ба амалҳои номатлуб даст мезананд ё барои ин мақсад мекӯшанд, бетараф набошанд ва бо телефони боварӣ – 224-53-68 ё 224-53-66 ба мо иттилоъ диҳанд.
Довталабони гиромиро барои дар ҳама раванду марҳалаҳои ИМД фаъолу бодиққат будан даъват карда, ба онҳо дар супоридани имтиҳонҳо барор мехоҳем!
Фаромӯш насозед: дониш ва малакаю маҳорат кафилати ягона барои донишҷӯй шудани довталаб аст!
Маркази миллии тестии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон