Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

Муроҷиатномаи махсус

Нашр шуд: 16 Марти 2015
Диданд: 848

МУРОҶИАТНОМАИ МАХСУСИ

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

оид ба пешгирии амалҳои номатлуб дар раванди имтиҳонҳои марказонидаи

дохилшавӣ – 2015

Душанбе, 16-уми марти соли 2015

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон довталабон, падару модарони онҳо ва тамоми алоқамандони имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавиро огоҳ менамояд, ки ба монанди соли гузашта тамоми раванду марҳалаҳои имтиҳонҳои мазкур  ба таври шаффоф ва одилона ба роҳ монда шуда, дониш ва маҳорату малакаи довталабон воқеӣ (объективона) арзёбӣ карда мешавад. Мутмаин бошед, ки имкони дахолати беруна ва тақаллуб дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ҷой надорад ва Марказ барои пешгирӣ аз ҳар гуна ниятҳои нопок ва амалҳои номатлуб дар ин раванд тамоми тадбирҳои амалиро меандешад.

Бо вуҷуди ин, имкон дорад шахсоне пайдо шаванд, ки бо мақсади дарёфти манфиат дохил кардани довталабонро ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ ваъда диҳанд. Бори дигар таъкид менамоем, ки ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз наметавонад ба натиҷаҳои аз имтиҳонҳо бадастовардаи довталабон таъсире расонад. Ва хоҳиш менамоем, ки дар ин масъала ҳушёру боэҳтиёт бошед ва ба доми фиребу ваъдаҳои чунин нафарон наафтед.

Бо камоли масъулият эълон менамоем, ки барои пешгирӣ ва бартараф кардани ҳар гуна  амалҳои номатлуб дар низоми дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбие, ки ба низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ шомил гардидаанд, чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ташкилу баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавии соли 2014 баҳои баланд доданд, ки далели он бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низом шомил гардидани як қатор муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ба низом вориднабуда ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии ҷумҳурӣ мебошад.

Инчунин, мушовирони байналмилалӣ, довталабон, падару модарон, омӯзгорон ва дигар алоқамандон, ки бевосита шоҳиди шаффофу одилона гузаштани имтиҳонҳо гардиданд, ташкилу баргузории имтиҳонҳои соли 2014-ро, бо вуҷуди соли аввали амалишавии ин низоми, бисёр хуб арзёбӣ намуданд.

Вобаста ба ин, барои нигоҳ доштани боварии роҳбарияти мамлакат ва аҳли ҷомеа нисбат ба Марказ ва рушди низоми миллии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ аз ҳар яки Шумо – алоқамандони низоми ИМД хоҳиш мекунем, ки дар ин масъала бетараф набошед. Ба нафароне, ки бо ниятҳои нопок ва бо номҳои сохтаю бардурӯғ Шуморо бовар кунонданӣ мешаванд, ки гӯё дар Маркази миллии тестӣ кор мекунанд ва ё бо ин ё он корманди Марказ ҳамкорӣ доранду метавонанд барои дохил кардани довталаб ёрӣ расонанд, ҳатто агар онҳо воқеан корманди Марказ ҳам бошанд, ҳаргиз бовар накунед. Зеро ин ба ҷуз фиреби маҳз чизе нест!

Чунонки борҳо таъкид карда будем, дар тамоми раванди ташкил ва баргузории имтиҳонҳо технологияҳои нав истифода шуда, як қатор чораҳои бехатарӣ пешбинӣ гардидаанд, ки дар сатҳи баланд, шаффофу одилона ва бе вайрон кардани тартибу қоидаҳои муқарраргардида баргузор шудани имтиҳонҳоро таъмин менамоянд. Инчунин, коркарди варақаҳои ҷавобҳо, ҷамъбаст ва баҳогузорӣ тавассути барномаҳои компютерӣ ва воситаҳои технологияи муосир амалӣ мегардад. Бехатарию махфияти иттилоот таъмин ва бо тамоми ҷузъиёташ риоя мегардад. Рафти имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар ҳамаи синфхонаҳои имтиҳон бо камераҳо сабт ва назорат мегардад, ки соли гузашта довталабон, падару модарон, омӯзгорон, фаъолони ҷамъиятӣ, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва дигар алоқамандон бевосита худ шоҳиди чунин ташкили кор дар марказҳои имтиҳон шуда буданд. Худ қазоват кунед, ки оё дар чунин шароит ва тартибу талабот ба довталаб ёрӣ расонидан имконпазир аст?!

Воситаи ягона барои дохил шудан ба муассисаҳои таълимӣ танҳо донишу маҳорат аст. Донишу қобилияти ҳар нафар ба таври воқеӣ баҳогузорӣ шуда, довталаби арзанда ҳатман соҳиби унвони донишҷӯ хоҳад шуд.

Аз таҷрибаи соли гузашта маълум гардид, ки довталабон ҳангоми интихоби ихтисос ва муассисаҳои таълимӣ ба баъзе нофаҳмию мушкилот дучор омаданд. Бинобар ин, Шуморо ба ҳушёрию бодиққатӣ дар ин самт даъват менамоем.

Ҳангоми интихоби ихтисос омилҳои асосӣ бояд ба эътибор гирифта шаванд. Довталабон дар интихоби касбу ихтисос ва муассисаи таълимӣ озоданд, аммо ҳангоми интихоби касбу ихтисос дурандешона рафтор карда, ихтисосро дуруст бояд интихоб намоянд, зеро ин дар ҳаёти довталаб муҳим ва тақдирсоз аст.

Аз алоқамандони низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ эҳтиромона хоҳиш менамоем, то низоми ИМД-ро, ки барои беҳбуд бахшидан ба сифати таълиму тарбия ва пешрафти соҳаи маорифи кишвар заминаи мусоидро фароҳам меоварад, дастгирӣ намоянд ва дар шаффофу одилона гузаронидани имтиҳонҳо саҳмгузор бошанд. Ва имрӯзҳо, ки марҳалаи бақайдгирии довталабон идома дорад, дар ҳолати пайдо гардидани амалҳои номатлуб  бо телефони боварӣ 224-53-68 ба мо иттилоъ диҳанд  ва дар пешгирию аз байн бурдани ришваю фасод дар ин самт бетараф набошанд.

Тавре борҳо гуфта шуд, довталабони соли 2014 бе дахолати ягон нафар, танҳо бо донишу қобилияти худ комёб шуданд. Шуморо низ дар ҳама марҳалаҳои имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба фаъолу бодиққат будан даъват намуда, бароятон дар супоридани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ барор мехоҳем!

Дониш ва малакаю маҳорат – кафили ягона барои сазовори номи донишҷӯ шудан!

Маркази миллии тестии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон