Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

Муроҷиатномаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тамоми довталабон

Нашр шуд: 29 Майи 2014
Диданд: 1342

Довталабони азиз!

Инак, Шумо барои супоридани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии интихобкардаатон ба қайд гирифта шудед. Тамоми маълумотҳои инфиродӣ ва интихоби Шумо дар варақаи бақайдгирӣ, ки дар даст доред, дарҷ гардидааст. Ин интихоби озоду оқилонаи Шумо аст, ки ояндаатонро тавассути азхуд намудани касбҳои дӯстдошта ва гирифтани маълумоти олии касбӣ муайян менамоед. Мо боварӣ дорем, ки интихоби Шумо дуруст аст ва барои бомуваффақият супоридани имтиҳонҳои дохилшавӣ омодаед.

Вобаста ба нишондодҳои худ дар варақаи бақайдгирӣ Шумо метавонед, то 31 майи соли ҷорӣ даъватномаи худро барои иштирок дар имтиҳонҳои тестӣ ва имтиҳонҳои эҷодию маҳорат дар шакли чопӣ тариқи мактабҳо, шуъбаҳои минтақавии Маркази миллии тестӣ, шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо ва нуқтаҳои бақайдгирие, ки аз қайд гузашта будед, дастрас намоед. Дар баробари ин, шакли электронии даъватномаро тариқи “ҳуҷраи инфиродӣ”-и худ дар сомонаи Маркази миллии тестӣ низ дастрас карда метавонед.

Тавре Шумо огоҳӣ доред, аз 1 то 12 июли соли соли ҷорӣ имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар марказҳои имтиҳоние, ки худатон интихоб намудаед, гузаронида мешавад. Баъд аз имтиҳонҳои тестӣ довталабоне, ки аз рўйи қоидаҳои қабул барои дохилшавӣ ба ихтисосҳое, ки омодагии эҷодӣ ва маҳорат дар онҳо ҳатмӣ мебошад, дар худи донишгоҳу донишкадаҳои интихобнамуда аз 10 то 19 июли соли ҷорӣ вобаста ба гурӯҳи ихтисос(кластер)-ҳо имтиҳонҳои эҷодию маҳорат месупоранд.

Аз ин рў, ба Шумо лозим аст, ки то оғози имтиҳонҳо вақтро барои тақвияти дониш ва азхуд намудани тарзи иҷрои тест сарф намуда, ба имтиҳонҳо тайёрии ҷиддӣ бинед. Пеш аз ҳама, барои омодагӣ ба имтиҳонҳо аз китобҳои дарсӣ самаранок истифода намоед. Барои тақвият ва мустаҳакам намудани дониши худ, инчунин, аз маводҳои ёрирасон ба монанди маҷмўаи намунаҳои тест ва барномаҳои имтиҳонҳо аз рўйи фанҳои имтиҳонӣ, ки дар сомонаи Маркази миллии тестӣ ҷой дода шудааст, оқилона истифода намоед. Мазмун ва мундариҷаи намунаҳои тест ба талаботи барномаҳои таълимӣ мувофиқат мекунад. Инчунин, имконияти аз устодони фанҳои таълимӣ гирифтани дарсҳои иловагиро низ аз даст надиҳед.

Дар ин замина, таъкид менамоем, ки имтиҳонҳо ба таври ҷадид ба роҳ монда шуда, коркард ва санҷиши натиҷаҳо тавассути техникаю таҷҳизоти навин бе дахолати шахс амалӣ мегардад.

Дар низоми нави имтиҳонсупорӣ тамоми имконоти дахолати беруна ва тақаллуб аз миён бардошта шудааст. Дар варақаҳои имтиҳонӣ ному насаб ва ё ягон маълумоти дигар дар бораи довталаб навишта намешавад, ки имконияти шахсони назораткунандаро низ барои расонидани кӯмак ба довталаб имконнопазир менамояд. Ба ҷойи ному насаби довталаб танҳо штрихкод навишта мешавад ва ба кӣ тааллуқ доштани варақаи имтиҳонӣ танҳо пас аз баҳогузорӣ тавассути барномаи махсуси рамзкушо муайян карда мешавад. Ҷараёни санҷиши натиҷаҳо, ҷамъбаст ва баҳогузорӣ аз ҷониби барномаҳои компютерӣ бе дахолати инсон анҷом дода мешавад, ки расонидани ягон намуди ёрӣ ба довталаб аз имкон берун аст. Ҳамзамон, Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тамоми масъулият изҳор менамояд, ки имтиҳонҳои дохилшавӣ ба таври шаффоф ва одилона ба роҳ монда мешавад. Ҷиҳати роҳ надодан ба амалҳои номатлуб дар раванди баргузории имтиҳонҳо чораҳои қатъӣ андешидааст, ки ба ҳар гуна беадолатиҳоро хотима мебахшад.

Аз ин рӯ, ба падару модарон муроҷиат карда хоҳиш менамоем, ки ба одилона ва ҳаққонӣ гузаштани имтиҳонҳо бовар кунанд. Ба фарзандон дар беҳтар намудани сатҳи дониш, қавӣ намудани боварии онҳо ба худ ва омодагии равониашон барои супоридани имтиҳонҳои дохилшавӣ мусоидат намоянд. Аз тарафи дигар, ба шахсоне, ки ваъдаи бардурӯғ оид ба расонидани ёрӣ дар имтиҳонҳоро медиҳанд, бовар накунанд, чунки иҷрои чунин ваъда ва кафолатҳо аз ҷиҳати дастрасӣ ва техникӣ аз имкон берун аст. Ин танҳо тақаллубкорӣ ва амалҳои коррупсионӣ асту халос. Аз додани ҳар гуна пулу туҳфа барои расонидани ёрӣ дар имтиҳонҳо худдорӣ намоед.

Дар ин замина, дар ҳолати пайдо гардидани чунин амалҳои номатлуб аз ҷониби касе кӣ набошад, аз Шумо хоҳиш карда мешавад, ки бо телефонҳои боварии Маркази миллии тестӣ (224 53 66, 224 53 67, +992 501 502 255 ва +992 985 11 72 27) ба мо иттилоъ диҳед. Дар шаффофу одилона гузаштани имтиҳонҳо, ки метавонанд дар баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон ва таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ таъсири мусбат расонад ва ҷиҳати аз байн бурдани ришваю фасод мусоидат намояд, саҳмгузор бошед.

Ба ҳамаи Шумо, довталабони азиз, барои ба даст овардани натиҷаҳои беҳтарин дар имтиҳонҳоти дохилшавӣ барору комёбӣ орзу менамоем.

 

Директори Маркази миллии тестии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Х. Тешаев

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон