Душанбе, 3-юми апрели соли 2023
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол дар марҳалаи асосии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (ИМД) ба алоқамандони ин имтиҳонҳо муроҷиат мекунад. Ҳадаф аз ин пешгирӣ аз ҳама гуна амалҳои номатлуби марбут ба ИМД ва таъкиди довталабон барои дуруст амал кардани онҳо дар марҳалаи номнависӣ ва имтиҳонҳо аст.
Марказ шаффофияту адолатро аз муҳимтарин усули кори худ қарор дода, таъмини онро дар ҳамаи раванду марҳалаҳои ИМД кафолат медиҳад. Вобаста ба ин, Марказ дониш ва малакаю маҳорати ҳар яке аз довталабонро воқеӣ (объективона) арзёбӣ карда, ҳеҷ гоҳ ба дахолати инсонӣ (аз берун), тақаллуб ва амалҳои ба ин монандро дар ИМД роҳ намедиҳад. Барои пешгирӣ аз ҳар гуна амалҳои номатлуб дар раванди ИМД бо камоли масъулият тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.
Бо вуҷуди ин ҳама, эҳтимоли рух додани амалҳои ғаразноку қаллобона ва авомфиребию ваъдаҳои бардурӯғ аз ҷониби баъзе шахсон дар бобати дохил кардани довталабон ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ мавҷуд аст. Дар ҳолати ба чунин қаллобон, ки бо мақсади ба даст овардани маблағи муфт баъзе аз довталабон ва падару модари онҳоро фиреб дода, ба онҳо ваъдаи кумак карданро барои дохилшавӣ ба донишгоҳу донишкада ва коллеҷҳо медиҳанд, дучор шудан, ҳаргиз набояд фирефта шуд.
Тавре ки борҳо таъкид кардаем ва онро натиҷаҳои кори қариб даҳсолаи Марказ низ собит сохтааст, ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз ба натиҷаҳои аз имтиҳонҳо бадастовардаи довталабон ягон таъсире расонида наметавонад.
Вобаста ба ин, барои пешгирӣ аз амалҳои қаллобии марбут ба ИМД ва паҳн шудани фикру андешаи беасос нисбат ба фаъолияти Марказ дар байни ҷомеа аз ҳар яки Шумо – алоқамандони низоми ИМД хоҳишмандем, ки нисбат ба ин масъала бетараф набошед! Ба қаллобоне, ки бо ниятҳои нопок Шумо ва ё ҳар каси дигареро бовар кунонданӣ мешаванд, ки гӯё, барои довталабро ба мактаби дилхоҳаш дохил кардан ёрӣ расонда метавонанд, ҳатто агар онҳо, воқеан, корманди Марказ ҳам бошанд, ҳаргиз бовар накунед! Чунин қавлу ваъдаҳо ба ҷуз фиреби маҳз дигар чизе буда наметавонад!
Агар довталаб ё шахси дигаре бо чунин ҳолат рӯ ба рӯ гардад, аз касе дар мардумфиребию қаллобӣ гумонбар шавад, бояд ҳатман ва таъҷилан ба Марказ ва ниҳодҳои дахлдори давлатӣ муроҷиат кунад. Марказ омода аст, ки оид ба ҳар масъалаю номафҳумие вобаста ба чунин ҳолатҳо муроҷиати шаҳрвандонро бишунавад ва барои ҳалли он ё равшанӣ андохтан дар он тамоми чораҳои заруриро биандешад.
Ҳамаи раванду марҳалаҳои ИМД – аз сабти номи довталабон то коркарди варақаҳои ҷавобҳо, ҷамъбасти имтиҳонҳо, арзёбии кори довталабон ва тақсимоти онҳо ба муассисаҳои таълимӣ бо истифодаи воситаю технологияҳои замонавӣ ва тавассути барномаҳои компютерӣ сурат гирифта, тибқи тартибу қоидаҳои муқарраргардида баргузор шудани имтиҳонҳоро таъмин месозанд. Бехатарию махфияти иттилоот низ бо риояи тамоми ҷузъиёташ таъмин мешавад. Рафти имтиҳонҳо дар ҳамаи синфхонаҳои имтиҳон бо камераҳои назорати видеоӣ сабт ва мушоҳида мегардад, ки ҳамасола довталабон, падару модарон, омӯзгорон, фаъолони ҷамъиятӣ, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва алоқамандони дигари ИМД бевосита худ шоҳиди чунин ташкили кор дар марказҳои имтиҳонӣ мешаванд. Ҳар шахси солимақл дарк мекунад, ки бо ин ҳама шароит ва тартибу талабот имкони ёрӣ расонидани касе ба довталаб вуҷуд надорад.
Агар довталабон аз имконоти барояшон фароҳамовардаи Марказ огаҳ бошанду онро ҳадафмандона ва дуруст истифода кунанд, имкони амалҳои номатлуб аз ҷониби қаллобону мардумфиребон ба вуҷуд нахоҳад омад. Дар ин маврид, иттилооти зарурӣ ва тартибу қоидаҳои муқарраршуда, бахусус шумораи холҳои бадастовардаи худ ва ба чанд бал баробар будани онҳоро донистани довталаб, зарур аст. Бо огаҳӣ аз ин, ки тақсимоти довталаб ба муассисаи таълимӣ аз рӯйи ихтисосҳои интихобкардааш дар асоси бали соҳибшудааш сурат мегирад, довталаб, пеш аз ҳама, бояд варақаи ҷавобҳоро аз кабинети инфиродӣ ва ҷавобҳои дурусти саволҳои масъалаҳои тести дар имтиҳонҳо истифодашударо аз сомонаи Марказ дастрас карда, холҳои аз ҳар субтест бадастовардаашро мустақилона ҳисоб намояд. Баъдан аз рӯйи ин холҳо миқдори балҳоро бо истифода аз ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ва балҳо, ки пас аз эълони натиҷаҳо дар сомонаи Марказ ҷой дода мешавад, муайян созад.
Дар баробари дониши арзанда доштан воқиф будан аз тартибу қоидаҳои дахлдор барои бақайдгирӣ ва имтиҳонот, аз ҷумла дуруст ва дурандешона интихоб кардани ихтисосу муассисаҳо бо дарназардошти донишу маҳорат ва имконоти худ ва риояи ин шарту қоидаҳо барои ҳар як довталаб муҳим мебошад. Барои ин ҳадафмандона аз дастури иттилоотию методии «Роҳнамои довталаб» корбарӣ бояд кард. Истифода аз маҷмуаи саволу масъалаҳои таҳиякардаи Марказ барои омодагии шоиста дидани довталабон ба ин имтиҳонот ёрирасон хоҳад буд. Бояд қайд кард, ки дар ҳар яке аз субтестҳои имтиҳонҳои воқеӣ (ИМД) соли ҷорӣ қариб 40 %-и саволу масъалаҳо аз ҳамин маҷмуаҳо такроран истифода карда мешаванд.
Барои тайёр шудани довталаб ба имтиҳонҳо истифода аз хизматрасонии “Худро бисанҷ”, низ воситаи хубест.
Аз довталабон ва ҳамаи алоқамандони низоми ИМД хоҳиш менамоем, ки барои шаффофу одилона баргузор гаштани имтиҳонҳо саҳмгузор бошанд ва дар ҳолати дучор шудан бо шахсоне, ки ба амалҳои номатлуб даст мезананд ё барои ин мақсад мекӯшанд, бетараф набошанд ва бо телефонҳои 224-53-68 ё 224-53-66 ба мо хабар диҳанд.
Ба ҳамаи шумо барои супоридани имтиҳонҳо барор мехоҳем!
Маркази миллии тестии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон