Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф ва илм
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

МУРОҶИАТНОМАИ МАХСУСИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА ДОВТАЛАБОН ВА АЛОҚАМАНДОНИ ДИГАРИ ИМТИҲОНҲОИ МАРКАЗОНИДАИ ДОХИЛШАВӢ БА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНА ВА ОЛИИ КАСБИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛИ 2022

Нашр шуд: 01 Марти 2022
Диданд: 3399

Душанбе, 1-уми марти соли 2022

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол дар оғози марҳалаи асосии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (ИМД) муроҷиат мекунад. Ҳадаф аз ин пешгирӣ аз ҳама гуна амалҳои номатлуби марбут ба ин имтиҳонҳо ва таъкид ба довталабон барои дуруст амал кардан дар марҳалаи номнависӣ ва имтиҳонҳо аст.

Марказ шаффофияту адолатро аз муҳимтарин усули кори худ қарор дода, таъмини онро дар ҳамаи раванду марҳалаҳои ИМД кафолат медиҳад. Вобаста ба ин, Марказ дониш ва малакаю маҳорати ҳар яке аз довталабонро воқеӣ (объективона) арзёбӣ карда, ҳеҷ гоҳ ба дахолати инсонӣ (аз берун), тақаллуб ва амалҳои ба ин монандро дар ИМД роҳ намедиҳад ва барои пешгирӣ аз ҳар гуна амалҳои номатлуб дар раванди ИМД бо камоли масъулият тамоми тадбирҳои заруриро меандешад.

Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда шахсони қаллобе ҳастанд, ки баъзе аз довталабон ва падару модари онҳоро фиреб дода, бо мақсади ба даст овардани маблағи муфт ба онҳо ваъдаи кумак карданро барои дохилшавӣ ба донишгоҳу донишкада ва коллеҷҳо медиҳанд. Аз ин рӯ эҳтимоли рух додани амалҳои ғаразноку қаллобона ва авомфиребию ваъдаҳои бардурӯғ аз ҷониби баъзе шахсон дар бобати дохил кардани довталабон ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ мавҷуд аст.

Тавре ки борҳо таъкид кардаем ва онро натиҷаҳои кори ҳаштсолаи Марказ низ собит сохтааст, ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз ба натиҷаҳои аз имтиҳонҳо бадастовардаи довталабон ҳаргиз таъсире расонида наметавонад.

Вобаста ба ин, барои пешгирӣ аз амалҳои қаллобӣ дар раванди ИМД ва паҳн шудани фикру андешаи нодуруст нисбат ба фаъолияти Марказ дар байни ҷомеа аз ҳар яки Шумо – алоқамандони низоми ИМД хоҳишмандем, ки нисбат ба ин масъала бетараф набошед! Ба қаллобоне, ки бо ниятҳои нопок Шумо ва ё ҳар каси дигареро бовар кунонданӣ мешаванд, ки гӯё барои довталабро ба мактаби дилхоҳаш дохил кардан ёрӣ расонда метавонанд, ҳатто агар онҳо воқеан корманди Марказ ҳам бошанд, ҳаргиз бовар накунед!Он фиреби маҳз асту бас!

Агар довталаб ё шахси дигаре бо чунин ҳолат рӯ ба рӯ гардад, аз касе дар мардумфиребию қаллобӣ гумонбар шавад, бояд ҳатман ва таъҷилан ба Марказ ва ниҳодҳои дахлдори давлатӣ муроҷиат кунад. Марказ омода аст, ки оид ба ҳар масъалаю номафҳумие вобаста ба чунин ҳолатҳо муроҷиати шаҳрвандонро бишунавад ва барои ҳалли он ё равшанӣ андохтан дар он тамоми чораҳои заруриро биандешад.

Ҳамаи раванду марҳалаҳои ИМД – аз сабти номи довталабон то коркарди варақаҳои ҷавобҳо, ҷамъбасти имтиҳонҳо, арзёбии кори довталабон ва тақсимоти онҳо ба муассисаҳои таълимӣ бо истифодаи воситаю технологияҳои замонавӣ ва тавассути барномаҳои компютерӣ сурат гирифта, тибқи тартибу қоидаҳои муқарраргардида баргузор шудани имтиҳонҳоро таъмин месозанд. Бехатарию махфияти иттилоот низ таъмин ва бо тамоми ҷузъиёташ риоя мегардад. Рафти имтиҳонҳо дар ҳамаи синфхонаҳои имтиҳон бо камераҳои назорати видеоӣ сабт ва мушоҳида мегардад, ки ҳамасола довталабон, падару модарон, омӯзгорон, фаъолони ҷамъиятӣ, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва алоқамандони дигари ИМД бевосита худ шоҳиди чунин ташкили кор дар марказҳои имтиҳонӣ мешаванд. Барои шахси солимақл маълум аст, ки бо ин ҳама шароит ва тартибу талабот ёрӣ расонидани касе ба довталаб имкон надорад.

Агар довталабон аз имконоти барояшон фароҳамовардаи Марказ огаҳ бошанду онро ҳадафмандона ва дуруст истифода кунанд, рух додани амалҳои номатлуб аз ҷониби қаллобону мардумфиребон аз байн хоҳад рафт. Дар ин маврид, бахусус шумораи холҳои бадастовардаи худ ва ба чанд бал баробар будани онҳоро донистани довталаб, зарур аст. Бо огаҳӣ аз ин, ки тақсимоти довталаб ба муассисаи таълимӣ аз рӯйи ихтисосҳои интихобкардааш дар асоси бали соҳибшудааш сурат мегирад, довталаб, пеш аз ҳама, бояд варақаи ҷавобҳоро аз кабинети инфиродӣ ва ҷавобҳои дурусти саволҳои масъалаҳои тести дар имтиҳонҳо истифодашударо аз сомонаи Марказ дастрас карда, холҳои аз ҳар субтест бадастовардаашро мустақилона ҳисоб намояд. Баъдан аз рӯйи ин холҳо миқдори балҳоро бо истифода аз ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ва балҳо, ки пас аз эълони натиҷаҳо дар сомонаи Марказ ҷой дода мешавад, муайян созад.

Дар баробари дониши арзанда доштан воқиф будан аз тартибу қоидаҳои дахлдор барои бақайдгирӣ ва имтиҳонот, аз ҷумла интихоби дурусту дурандешонаи ихтисосу муассисаҳо бо ба эътибор гирифтани донишу маҳорат ва имконоти худ ва риояи ин шарту қоидаҳо барои ҳар як довталаб муҳим мебошад. Барои ин ҳадафмандона аз дастури иттилоотию методии «Роҳнамои довталаб» корбарӣ бояд кард. Истифода аз маҷмуаи саволу масъалаҳои таҳиякардаи Марказ барои омодагии шоиста дидани довталабон ба ин имтиҳонот ёрирасон хоҳад буд. Бояд қайд кард, ки дар ҳар яке аз субтестҳои имтиҳонҳои воқеӣ (ИМД) соли ҷорӣ қариб 40 %-и саволу масъалаҳо аз ҳамин маҷмуаҳо такроран истифода карда мешаванд.

Барои тайёр шудани довталаб ба имтиҳонҳо истифода кардан аз хизматрасонии “Худро бисанҷ”, ки ҳоло фаъол аст, низ воситаи хубест.

Аз довталабон ва ҳамаи алоқамандони низоми ИМД хоҳиш менамоем, ки барои шаффофу одилона баргузор гаштани имтиҳонҳо саҳмгузор бошанд ва дар ҳолати дучор шудан бо шахсоне, ки ба амалҳои номатлуб даст мезананд ё барои ин мақсад мекӯшанд, бетараф набошанд ва бо телефонҳои 224-53-68 ё 224-53-66 ба мо иттилоъ диҳанд.

Ба ҳамаи шумо барои супоридани имтиҳонҳо барор мехоҳем!

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Коэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳоКоэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳо
  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹Май 2025›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк
1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон