Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф ва илм
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

МУРОҶИАТНОМАИ МАХСУСИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА АЛОҚАМАНДОНИ ИМТИҲОНҲОИ МАРКАЗОНИДАИ ДОХИЛШАВӢ БА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНА ВА ОЛИИ КАСБИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛИ 2024

Нашр шуд: 15 Марти 2024
Диданд: 21478

Душанбе, 15-уми марти соли 2024

Мақсад аз ин муроҷиатномаи ҳамасолаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Марказ) ба довталабон ва алоқамандони имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (ИМД) пешгирӣ аз ҳама гуна амалҳои номатлуби марбут ба ИМД, ҳамчунин таъкиди довталабон барои дуруст амал кардани онҳо дар давраҳои бақайдгирӣ ва имтиҳонҳо аст.

Аҳли ҷомеа огоҳ аст, ки шаффофияту адолат муҳимтарин усули кори Марказ аст, аз ин рӯ таъмини онро дар ҳамаи раванду марҳалаҳои ИМД Марказ кафолат медиҳад. Вобаста ба ин, дониш ва малакаю маҳорати ҳар яке аз довталабон воқеӣ (объективона) арзёбӣ гардида, ҳеҷ гоҳ ба дахолати инсонӣ (аз берун), тақаллуб ва амалҳои ба ин монанд дар ИМД роҳ дода намешавад.

Гарчанде ки Марказ барои пешгирӣ аз ҳар гуна амалҳои номатлуб дар раванди ИМД бо камоли масъулият тамоми тадбирҳои заруриро меандешад, эҳтимоли рух додани амалҳои ғаразнок ва авомфиребию ваъдаҳои бардурӯғ аз ҷониби баъзе шахсони қаллоб дар бобати дохил кардани довталабон ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ вуҷуд дорад. Довталабон ва падару модарон бояд ҳушёру огоҳ бошанд ва фирефтаи чунин қаллобоне нашаванд, ки бо мақсади ба даст овардани маблағи муфт ба онҳо ваъдаи кумак карданро барои дохилшавӣ ба донишгоҳу донишкада ва коллеҷҳо медиҳанд.

Мо борҳо таъкид кардаем, ки ҳеҷ кас ва ҳеҷ чизе ба натиҷаҳои аз имтиҳонҳо бадастовардаи довталабон ягон таъсире расонида наметавонад. Бинобар ин, аз ҳамаи алоқамандони низоми ИМД ва аҳли ҷомеа хоҳишмандем, ки нисбат ба масъалаи пешгирӣ аз амалҳои қаллобии марбут ба ИМД ва паҳн шудани фикру андешаи беасос нисбат ба фаъолияти Марказ дар байни ҷомеа бетараф набошанд. Ба қаллобоне, ки бо ниятҳои нопок Шумо ва ё ҳар каси дигареро бовар кунонданӣ мешаванд, ки гӯё, барои довталабро ба мактаби дилхоҳаш дохил кардан ёрӣ расонда метавонанд, ҳатто агар онҳо, воқеан, ба Марказ алоқамандие дошта бошанд ҳам, ҳаргиз бовар накунед! Чунин қавлу ваъдаҳо ба ҷуз фиреби маҳз дигар чизе буда наметавонад!

Дар ҳолати бо чунин ҳолат рӯ ба рӯ гардидан, яъне аз касе дар мардумфиребию қаллобӣ гумонбар шудан, бояд ҳатман ва таъҷилан ба Марказ ва ниҳодҳои дахлдори давлатӣ муроҷиат карда шавад. Марказ омода аст, ки оид ба ҳар масъалаю номафҳумие вобаста ба чунин ҳолатҳо муроҷиати шаҳрвандонро бишунавад ва барои ҳалли он ё равшанӣ андохтан дар он тамоми чораҳои заруриро биандешад.

Аз сабти номи довталабон то коркарди варақаҳои ҷавобҳо, ҷамъбасти имтиҳонҳо, арзёбии кори довталабон ва тақсимоти онҳо ба муассисаҳои таълимӣ – ҳамаи раванду марҳалаҳои ИМД бо истифодаи воситаю технологияҳои замонавӣ ва тавассути барномаҳои компютерӣ сурат гирифта, тибқи тартибу қоидаҳои муқарраргардида баргузор шудани имтиҳонҳоро таъмин месозанд. Бехатарию махфияти иттилоот низ бо риояи тамоми ҷузъиёташ таъмин мешавад. Рафти имтиҳонҳо дар ҳамаи синфхонаҳои имтиҳонӣ бо камераҳои назорати видеоӣ сабт ва мушоҳида мегардад, ки ҳамасола довталабон, падару модарон, омӯзгорон, фаъолони ҷамъиятӣ, намояндагони расонаҳои хабарӣ ва алоқамандони дигари ИМД бевосита худ шоҳиди чунин ташкили кор дар марказҳои имтиҳонӣ мешаванд. Ҳар шахси солимақл дарк мекунад, ки бо ин ҳама шароит ва тартибу талабот имкони ёрӣ расонидани касе ба довталаб вуҷуд надорад.

Агар довталабон аз имкониятҳои барояшон фароҳамовардаи Марказ ҳадафмандонаю дуруст истифода кунанд, имкони амалҳои номатлуб аз ҷониби қаллобону мардумфиребон ба вуҷуд нахоҳад омад. Дар ин маврид, иттилооти зарурӣ ва тартибу қоидаҳои муқарраршуда, бахусус шумораи холҳои бадастовардаи худ ва ба чанд бал баробар будани онҳоро донистани довталаб, зарур аст. Азбаски тақсимоти довталаб ба муассисаи таълимӣ аз рӯйи ихтисосҳои интихобкардааш дар асоси бали соҳибшудааш сурат мегирад, довталаб, пеш аз ҳама, бояд варақаи ҷавобҳоро аз кабинети инфиродӣ ва ҷавобҳои дурусти саволҳои масъалаҳои тести дар имтиҳонҳо истифодашударо аз сомонаи Марказ дастрас карда, холҳои аз ҳар субтест бадастовардаашро мустақилона ҳисоб намояд. Аз рӯйи ин холҳо баъдан миқдори балҳоро бо истифода аз ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ва балҳо, ки пас аз эълони натиҷаҳо дар сомонаи Марказ ҷой дода мешавад, муайян кардан мумкин аст.

Бояд донист, ки дар баробари дониши арзанда доштан донистани тартибу қоидаҳои дахлдор барои бақайдгирӣ ва имтиҳонот, аз ҷумла дуруст ва дурандешона интихоб кардани ихтисосу муассисаҳо бо дарназардошти донишу маҳорат ва имконоти худ ва риояи ин шарту қоидаҳо барои ҳар як довталаб зарур аст. Барои ин ҳадафмандона аз дастури иттилоотию методии «Роҳнамои довталаб» корбарӣ бояд кард. Бо маълумоти муфассал дар бораи ИМД ва маводди дигари зарурӣ, ки вобаста ба ҳар як раванду марҳалаи ин имтиҳонҳо дар сомонаи Марказ ҷойгир карда мешавад, бояд шинос шуд. Марказ дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ саҳифаҳои худро дорад, ки боздид кардан аз онҳо ва мутолиаи матлабҳои дар онҳо нашршаванда ба манфиати довталаб аст.

Аз маҷмуаи саволу масъалаҳои таҳиякардаи Марказ истифода кардан низ барои тайёр шудани довталабон ба ин имтиҳонот қисман кумак мекунад. Бояд қайд кард, ки дар ҳар яке аз субтестҳои имтиҳонҳои воқеӣ (ИМД) соли ҷорӣ низ қариб 40 %-и саволу масъалаҳо аз ҳамин маҷмуаҳо такроран истифода мешаванд. Истифода аз хидматрасонии “Худро бисанҷ” низ барои тайёр шудани довталаб ба имтиҳонҳо воситаи ёрирасон аст. Аммо танҳо ба ин хидматрасонию маҷмуаҳо маҳдуд шудану такя кардан маънои пурра омода шудани довталабонро ба ИМД надорад. Барои тайёрии комил ба имтиҳонҳо барномаи таълимӣ ва мавзуъҳоро аз ҳамаи китобҳои дарсии дахлдор бояд пурра омӯхту азхуд кард.

Аз довталабон ва алоқамандони ИМД даъват мекунем, ки дар ҳолати шоҳиди қаллобию фиреб шудан ё кӯшиши ба амалҳои номатлуб даст задани шахсе дар робита ба ИМД бетараф набошанд ва бо телефонҳои 224-53-68 ё 224-53-73 ба Марказ хабар диҳанд.

Барои супоридани имтиҳонҳо ба ҳамаи шумо комёбӣ мехоҳем, довталабони гиромӣ!

Маркази миллии тестии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Коэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳоКоэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳо
  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон