МУРОҶИАТНОМАИ
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
дар бораи натиҷаҳои таҳлили давраи асосии бақайдгирӣ
Душанбе, 21-уми апрели соли 2015
Чи тавре ки довталабон ва дигар алоқамандони имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар соли 2015 иттилоъ доранд, давраи асосии бақайдгирии довталабон 15‑уми апрел ба охир расида буд. Бояд қайд намуд, ки Марказ маълумоти омории бақайдгириро дар чор шакл: вобаста ба шаҳру ноҳияҳо; интихоби муассисаҳои таълимӣ; дар муқоиса бо нақшаи қабули донишҷӯён ва интихоби ихтисосҳои муассисаҳои таълимӣ таҳия карда, мунтазам дар сомонаи худ ҷойгир менамояд.
Маълумоти оморӣ вобаста ба шаҳру ноҳияҳо, интихоби муассисаҳои таълимӣ ва дар муқоиса бо нақшаи қабули донишҷӯён ҳар рӯз ва вобаста ба интихоби ихтисосҳои муассисаҳои таълимӣ дар давоми ҳар 15 рӯз дар сомона ҷойгир карда мешавад.
Таҳлили маълумоти мазкур нишон медиҳад, ки бо вуҷуди муроҷиатҳои зиёди Марказ вобаста ба масъалаҳои бақайдгирӣ, таъкидҳо дар хусуси ба нақша гирифта нашудани тақсимоти такрорӣ ва шарҳу тавзеҳ додани интихоби дурусти гурӯҳи ихтисосҳо (кластер) ва ихтисосҳо имсол таносуби шумораи довталабони бақайдгирифтаи баъзе аз гурӯҳҳои ихтисосҳо ва ҷойҳои тибқи нақшаи қабули донишҷӯён ҷудогардида зиёд аст.
Агар ба маълумоти омории то 15-уми апрел нигарем, шумораи аз ҳама зиёди довталабони бақайдгирифташуда дар гурӯҳи ихтисосҳо (кластер)-и 5‑ум аст, ки аз ҷойҳои тибқи нақшаи қабул ҷудогардида 117,02 % зиёд мебошад. Дар гурӯҳи ихтисосҳо (кластер)-и 4‑ум низ шумораи довталабон аз ҷойҳои тибқи нақшаи қабул ҷудогардида 102,13 % зиёд аст. Дар гурӯҳҳои ихтисосҳо (кластерҳо)-и 2‑юм ва 3‑юм шумораи довталабон аз ҷойҳои тибқи нақшаи қабул ҷудогардида мувофиқан 18,97 % ва 29,86 % зиёд мебошад.
Шумораи довталабони дар гурӯҳи ихтисосҳо (кластер)-и 1‑ум бақайдгирифташуда 10007 нафар аст, ки ҳамагӣ 89,32 %-и ҷойҳои аз рӯйи нақшаи қабул ҷудогардидаро ташкил медиҳад.
f
Ҷадвали муқоисаи шумораи довталабони бақайдгирифташуда бо ҷойҳои нақшавии қабули донишҷӯён дар доираи гурӯҳҳои ихтисосҳо (кластерҳо)f
Кластер (гурӯҳи ихтисосҳо) |
Нақшаи қабул |
Довта-лабон |
Нафар зиёд(+) / кам(-) |
Дарсад зиёд(+) / кам(‑) |
1-ум – Табиӣ ва техникӣ |
11203 |
10007 |
-1196 |
-10,68 |
2-юм – Иқтисод ва география |
12159 |
14466 |
+2307 |
+18,97 |
3-юм – Филология, педагогика ва санъат |
8914 |
11576 |
+2662 |
+29,86 |
4-ум – Ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ |
4126 |
8340 |
+4214 |
+102,13 |
5-ум – Тиб, биология ва варзиш |
10366 |
22496 |
+12130 |
+117,02 |
ҲАМАГӢ |
46768 |
66885 |
+20117 |
+43,01 |
Агар шумораи интихобҳои баъзе ихтисосҳоро таҳлил кунем, озмун барои ихтисоси “Санҷиши (экспертизаи) судӣ”-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо назардошти шакли таҳсили рӯзона ва намуди таҳсили ройгон аз рӯйи шумораи умумии интихобҳо 537 нафар барои як ҷой ва аз рӯйи шумораи интихобҳои якум 22 нафар барои як ҷойро ташкил медиҳад. Барои ихтисоси “Хадамоти гумрукӣ”-и Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо назардошти шакли таҳсили рӯзона ва намуди таҳсили ройгон аз рӯйи шумораи умумии интихобҳо 301 нафар барои як ҷой ва аз рӯйи шумораи интихобҳои якум 62 нафар барои як ҷой аст. Озмун барои ихтисоси “Технологияи мошинсозӣ”-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ бо назардошти шакли таҳсили рӯзона ва намуди таҳсили ройгон аз рӯйи шумораи умумии интихобҳо 174 нафар барои як ҷой ва аз рӯйи шумораи интихобҳои якум 40 нафар барои як ҷойро ташкил медиҳад.
Ҷадвали намунавӣ барои муқоиса кардани озмун барои як ҷой
аз рӯйи шумораи умумии интихобҳо ва шумораи интихобҳои 1‑ум
Чунин ҳолат, яъне зиёд будани шумораи довталабон аз шумораи ҷойҳои нақшавӣ дар ҳар як ихтисос вобаста аз сатҳи дониши довталабон боиси баланд гардидани бали гузариш дар ихтисос ва аз озмун берун мондани довталабони балҳояшон пасттар мешавад. Ва баръакс, агар шумораи довталабон аз шумораи ҷойҳои нақшавӣ кам ё ба он баробар бошад, пас барои гузаштан ба ин ихтисос кофист, ки довталаб соҳиби холҳои гузариш аз ҳамаи субтестҳои дахлдор гардад.
Таҷрибаи соли гузашта нишон дод, ки қисми зиёди довталабони холҳои гузаришро соҳибгардида бинобар баланд будани балҳои гузариш дар ихтисосҳои (кластерҳо)-и 2‑юм, 4‑ум ва 5‑ум аз озмун гузашта натавонистанд. Бинобар кам будани шумораи довталабон дар гурӯҳҳои ихтисосҳо (кластерҳо)-и 1-ум ва 3-юм бали гузариш дар ихтисосҳои ин кластерҳо нисбат ба ихтисосҳои кластерҳои 2-юм, 4-ум ва 5-ум пасттар буд. Бинобар ин, қариб ҳамаи довталабони гурӯҳҳои ихтисосҳои 1-ум ва 3-юм, ки холҳои гузариши фанниро ба даст оварда буданд, дар озмуни тақсимот ба ихтисосҳои интихобкардаашон комёб шуда, донишҷӯ гардиданд. Баръакс, дар гурӯҳҳои ихтисосҳои 2-юм, 4-ум ва 5-ум довталабони зиёди холҳои гузариши фанниро бадастоварда аз озмуни тақсимот ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ берун монда, донишҷӯ нашуданд.
Чуноне ки борҳо қайд карда шуд, агар дар вақти интихоби гурӯҳи ихтисосҳо (кластер) ва ихтисосҳо, пеш аз ҳама, се омили асосӣ – сатҳи дониш ва маҳорату малака, шумораи ҷойҳои нақшавӣ ва шумораи довталабони бақайдгирифташуда ба ҳисоб гирифта шавад, имконияти дар озмуни тақсимот комёб гардидан ва ба яке аз ихтисосҳои интихобкарда гузаштани довталаб афзун мегардад.
Мақсад аз мунтазам дар сомонаи Марказ ҷойгир кардани маълумоти омории рафти бақайдгирӣ низ, аз ҷумла роҳнамоӣ кардани довталабон дар интихоби дурусти гурӯҳи ихтисосҳо (кластер) ва ихтисосҳо аст. Инчунин, яке аз ҳадафҳои ба роҳ мондани азнавбақайдгирӣ низ ҳамин аст, ки довталабон маълумоти омории рафти бақайдгириро ба назар гирифта, дар хусуси гурӯҳи ихтисосҳо (кластер) ва ихтисосҳои интихобкардаашон хулосаи ниҳоӣ бароранд.
Нуктаи дигари муҳим ин аст, ки ихтисос набояд аз рӯйи “ному нуфуз ва ҳавову ҳавас”, балки аз рӯйи талаботи бозори меҳнат нисбат ба он бо назардошти омилҳои муайян интихоб карда шавад. Агар ин нукта ба назар гирифта нашавад, мумкин аст, ки довталаб дар озмуни тақсимот комёб нагардад ва ё агар комёб гардад ҳам, пас аз хатми муассисаи таълимӣ дар бозори меҳнат ёфтани ҷойи кор аз рӯйи ихтисосе, ки мутахассисонаш хеле зиёданд, барояш мушкил хоҳад шуд.
Бори дигар ба тамоми довталабони азқайдгузашта муроҷиат карда тавсия медиҳем, ки масъалаи мазкурро ба назар гиранд ва дар бораи ихтисосҳои интихобкардаи худ хубтар фикр кунанд. Агар шубҳае дошта бошанд, ки сатҳи донишашон барои комёб гардидан дар озмуни тақсимот аз рӯйи ихтисосҳои интихобкардаашон имкон намедиҳад, беҳтар аст, ки аз имконияти азнавбақайдгирӣ истифода намоянд ва дар асоси маълумоти оморӣ вобаста ба зарурат гурӯҳи ихтисосҳо (кластер) ва ихтисосҳои интихобкардаашонро тағйир диҳанд. Инчунин ба нафароне, ки хоҳиши аз қайд гузаштанро доранд, низ тавсия медиҳем, ки ин нуктаҳоро ба назар гиранд.
Таъкид менамоем, ки имсол тақсимоти такрорӣ ба нақша гирифта нашудааст ва мувофиқи мақсад аст, ки ҳар як довталаб бо назардошти тавсияю нуктаҳои боло амал намояд.