Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф ва илм
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

МУЛОҚОТИ ДИРЕКТОРИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО ДИРЕКТОРИ РАЁСАТИ ТАДҚИҚОТИ МУҚОИСАВИИ БАЙНАЛХАЛҚӢ

Нашр шуд: 27 Июли 2024
Диданд: 2524

Душанбе, 27-уми июли соли 2024

27-уми июли соли 2024 дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон директори Марказ Сабзалӣ Ҷаъфарзода бо директори Раёсати тадқиқоти муқоисавии байналхалқии назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Казоқистон Карбаева Галия ва коршиноси Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо оид ба таҳсилоти миёнаи умумӣ, Айгул Казжанова мулоқот кард. Мавзуи ин мулоқот омодасозии ҳамоҳангсозони мактабҳо барои баргузории пажӯҳиши асосии Барномаи байналмилалии арзёбии хонандагон (PISA 2025) буд.

Лозим ба зикр аст, ки бо мақсади роҳандозии Барномаи байналмилалии арзёбии хонандагон (PISA 2025) дар назди Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази миллии PISA фаъолият мекунад.

Директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабзалӣ Ҷаъфарзода иброз дошт, ки иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар PISA 2025 барои арзёбии сифати таҳсилот дар асоси муносибати босалоҳият, ислоҳоти соҳаи маориф, ҷорӣ намудани низоми самараноки таълим, ки дар Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 зикр мешавад, иқдоми хубу саривақтӣ ва натиҷаовар хоҳад буд.

Директори Раёсати тадқиқоти муқоисавии байналхалқии назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Казоқистон Карбаева Галия иброз доштд, ки мақсад аз иштирок дар барномаи мазкур на танҳо арзёбии дониши азхудкарда, инчунин арзёбии салоҳият (малакаю маҳорату қобилият)-и истифодаи дониш дар шароити наву гуногун ва ҳолатҳои воқеиро мавриди андозагирию арзёбӣ қарор медиҳад.

Дар мулоқот Айгул Казжанова, коршиноси Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо оид ба таҳсилоти миёнаи умумӣ дар бораи таҷриба ва натиҷаҳои иштироки Ҷумҳурии Қазоқистон дар барномаҳои байналмилалии арзёбии сифати таҳсилот, ҳамоҳангсозони воситаҳои арзёбӣ ва тартиби баргузории таҳқиқоти PISA ибрози назар кард.

Бояд гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пажӯҳиши PISA бори аввал иштирок менамояд ва Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъули гузаронидани PISA 2025 таъйин гардидааст.

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Коэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳоКоэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳо
  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон