Душанбе, 27-уми июни соли 2021
Ба таваҷҷуҳи довталабоне, ки ба гурӯҳҳои шахсони соҳибимтиёз дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дохиланду то ҳол дар ин бора ҳуҷҷати тасдиқкунандаро пешниҳод накардаанд, расонида мешавад, ки муҳлати пешниҳоди чунин ҳуҷҷатҳо то 10 июл муқаррар гардидааст.
Таъкид мекунем, ки пас аз оғоз шудани корҳо барои эълони натиҷаҳо баъд аз 10 июл ворид кардани ҳар тағйироте ба маълумоти бақайдгирии довталаб баъзе аз равандҳои дигари имтиҳонҳоро халалдор месозад.
Инчунин, “кӯдакони маъюб”, ки то 30 июни соли 2021 ба синни 18 расида, барои муайян кардани гурӯҳи маъюбиашон бояд аз муоинаи тиббии навбатӣ гузаранд ва маъюбони гурӯҳи 1-ум ва 2-юме, ки тибқи маълумотномаи силсиладор дар бораи маъюбӣ муҳлати муоинаи тиббии навбатӣ барояшон то таърихи мазкур муқаррар гардидааст, бояд аз муоинаи тиббии навбатӣ гузашта, маълумотномаи силсиладорро тибқи ин муоина дар муҳлати нишондода ба Марказ пешниҳод намоянд.
Бинобар ин, агар довталаб ба яке аз гурӯҳҳои шахсони дорои ҳуқуқ ба гирифтани имтиёз дохил бошад ё бинобар ба миён омадани ҳолати муайян баъд аз бақайдгирӣ ба чунин гурӯҳ дохил шуда бошад, барои гирифтани имтиёз ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаро бояд на дертар аз 10 июл пешниҳод намояд.
Хотиррасон мекунем, ки маълумоти муфассалро дар бораи имтиёзҳо аз дастури иттилоотию методии “Роҳнамои довталаб”, ки гунаи электронии он дар сомонаи Марказ (https://ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=701) ҷой дода шудааст, дастрас кардан мумкин аст.