Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

МУҲЛАТИ ДАВРАИ ЧОРУМИ БАҚАЙДГИРИИ ДОВТАЛАБОН БАРОИ ИШТИРОК ДАР ИМД 2024

Нашр шуд: 05 Декабри 2024
Диданд: 930

Душанбе, 5-уми декабри соли 2024

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шахсони хоҳишманди таҳсил дар гурӯҳҳои ғоибона ва фосилавии муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ мерасонад, ки давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД дар соли 2024 рӯзи 7-уми декабр ба охир мерасад.

Хотиррасон мекунем, ки барои бақайдгирии довталабон (давраи чорум) дар 8 шаҳру ноҳияи интихобшудаи ҷумҳурӣ – Душанбе, Хоруғ, Хуҷанд, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб, Данғара ва Рашт, ки рӯйхати онҳо дар зер оварда шудааст, нуқтаҳои бақайдгирӣ ташкил карда шудаанд.

Шахси хоҳишманди иштирок дар даври чоруми ИМД 2024 бояд бо ҳуҷҷатҳои зарурӣ, ки рӯйхати онҳо дар зер оварда шудааст, дар яке аз нуқтаҳои бақайдгирӣ ҳозир шавад, зеро мувофиқи тартиби муқарраргардида бақайдгирӣ бо ҳузури ҳатмии довталаб сурат мегирад.

 

 Нишонии нуқтаҳои бақайдгирӣ

1. Душанбе– Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 192 (боғи фарҳагӣ-фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ, истгоҳи охирини троллейбусҳои № 1);

- телефонҳо: (+992 37) 224-53-68, 224-53-73, 224-53-67, 224-53-66.

 2. Хоруғ– бахши минтақавии раёсати ташкил ва идораи имтиҳони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

 - шаҳри Хоруғ, кӯчаи Шоҳқирғизов, 11 (Муассисаи таълимии давлатии “Мактаби Президентӣ барои кӯдакони болаёқат дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон”);

 - телефон: 915-20-72-29, 915-28-00-55.

 3. Хуҷанд – бахши минтақавии раёсати ташкил ва идораи имтиҳони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Мадади Сино, 5 (маҳаллаи Бофанда – Шелкокомбинат);

- телефон: 915-98-00-49.

4. Панҷакент – бахши минтақавии раёсати ташкил ва идораи имтиҳони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- шаҳри Панҷакент, кӯчаи Лоиқ Шералӣ, 105 (муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 30-и ба номи Исмоили Сомонӣ, тарабхонаи “Обод”);

- телефон: 915-63-51-00, 917-06-10-05.

5. Бохтар – бахши минтақавии раёсати ташкил ва идораи имтиҳони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- шаҳри Бохтар, кӯчаи Аминҷон Расулов, 35 (Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 4, боғчаи кӯдаконаи № 10, комбинати орд);

- телефон: 777-07-77-26, 935-44-95-05.

6. Кӯлоб – муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1-и шаҳри Кӯлоб:

- шаҳри Кӯлоб, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 40 (оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, (боғи фарҳангӣ);

- телефон: 915-57-90-77, 985-01-82-09.

7. Данғара – бахши минтақавии раёсати ташкил ва идораи имтиҳони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- ноҳияи Данғара, кӯчаи Марказӣ, 32 (шуъбаи маориф, Донишгоҳи давлатии Данғара);

- телефон: 939-32-55-65, 553-55-95-52.

8. Рашт – бахши минтақавии раёсати ташкил ва идораи имтиҳони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

 - ноҳияи Рашт, шаҳраки Ғарм, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 79 (шуъбаи маориф, ҷамоати шаҳраки Ғарм);

 - телефон: 919-18-86-78, 911-11-07-43.

 

Ҳуҷҷатҳое, ки барои бақайдгирӣ бояд пешниҳод карда шаванд

 1. Шиносномаи миллӣ ё маълумотнома бо муҳру сурат аз ШВКД ва нусхаи он – барои шахсоне, ки синнашон ба 16 расидааст (барои шахсони то 16-сола – шаҳодатномаи таваллуд, маълумотнома бо муҳру сурат аз ҷойи зист ва нусхаи онҳо).

 2. Ҳуҷҷат дар бораи таҳсилот:

- аттестат (шаҳодатнома) дар бораи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва нусхаи он (барои онҳое, ки синфи 11-умро хатм кардаанд);

3. Рақами расид (квитансия)-и пардохти маблағи хизматрасонӣ барои иштирок дар ИМД тавассути филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” ё тавассути барномаи мобилии “Амонат мобайл”, инчунин Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Бонки Эсхата”: барномаи мобилии “Эсхата онлайн”. Ҳаҷми маблағ ‒ арзиши хизматрасониро Марказ ҳар сол, то оғози давраи бақайдгирӣ, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

4. Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи имтиёзҳо (агар дошта бошад).

Арзиши хизматрасонӣ барои шахсоне, ки бо мақсади иштирок дар ИМД – 2024 аз қайд гузаштан мехоҳанд, тибқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шахсони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ё миёнаи касбӣ 330 сомонӣ муқаррар гардидааст. Маблағи барои азнавбақайдгирӣ дар ин давра пардохтшаванда 30 сомонӣ аст.

 

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон