Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯ – ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД

Нашр шуд: 09 Феврали 2022
Диданд: 1153

Душанбе, 9-уми феврали соли 2022

Коррупсия, фасоду ришвахорӣ аз зуҳуроти номатлуби ҷаҳони имрӯз ва гузашта буд.  Ин мушкил имрӯз ҷомеаи башариро ба таҳлука овардааст, зеро он садди пешрафти давлату мамлакатҳо ва ноқизи ҳуқуқу озодиҳои инсон аст. Дунёи муосир дар радифи зуҳуроти дигари хатарнок, амсоли экстремизму терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ғайра бо коррупсияву аъмоли дигари ба он шабеҳ мубориза мебарад.

Мубориза бо он вазифаи танҳо як ниҳод ё гурӯҳи алоҳида нест, балки рисолати инсонии тамоми аҳли ҷомеа мебошад, зеро бо густариши ин зуҳуроти нанговар зиёни он тамоми соҳаҳои ҷамъиятию давлатиро фаро мегирад ва  паёмадҳои басо хатарнокро ба бор меоварад.

Бо таъсис ва фаъолияти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалҳои коррупсионӣ ва фасод дар самти дохил шудан ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз байн рафт.

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо татбиқи принсипҳои адолату шаффофият дар фаъолияти худ ва таъмини дастрасии баробари хоҳишмандон ба таҳсил омилҳои коррупсиониро вобаста ба имтиҳонҳои дохилшавӣ ба донишгоҳу донишкада ва коллеҷҳо батамом рафъ кард.

 Марказ дар ҳамаи давру марҳилаҳои имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаю олии касбии ҷумҳурӣ корҳои иттилоърасонию тарғиботиро ба таври назаррас амалӣ карда, дар ҷараёни онҳо, бахусус ба масъалаҳои пешгирӣ аз коррупсия таваҷҷуҳи беш медиҳад. Кормандони Марказ тибқи нақшаи муайян дар суҳбату вохӯриҳо, ҷаласаю семинарҳо довталабон ва умуман, ҳамаи алоқамандони имтиҳонҳои номбурдаро ҳамеша огаҳӣ медиҳанд, ки ҳаргиз фирефтаи қаллобии ҳеҷ шахсе нашаванд.

Зеро  бо вуҷуди корҳои зиёди тарғиботию иттилоърасонии Марказ боз ҳам гоҳо хабару овозаҳо дар бораи ҳолатҳои фиреб додани довталабон дар масъалаи дохил намудани онҳо ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаю олии касбии ҷумҳурӣ аз тарафи шахсони қаллоб ба гӯш мерасад. Чунин ашхоси барои амалӣ намудани ниятҳои нопоки худ бо номҳои бардурӯғ ва сохтакорона ва “муаррифӣ”‑и худ, ки гӯё “дар Маркази миллии тестӣ кор мекунанд” ва ё бовар мекунонанд, ки бо “ин” ё “он” корманди Марказ ҳамкорӣ доранд, ноогаҳонро ба доми фиребашон афтонда, ба обрӯ ва эътибори Маркази миллии тестиро доғдор мекунанд, боварии ҷомеаро нисбат ба низоми нави имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ коста менамоянд.

Марказ ҳамасола ба ғайр аз корҳои маъмулии иттилоърасонию таблиғотии худ тавассути муроҷиатнома бо тамоми масъулият ба мардуми шарифи Тоҷикистон, алалхусус довталабон, изҳор менамояд, ки имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ комилан ба таври шаффоф ва одилона ба роҳ монда шуда, имконияти дахолати беруна ва тақаллуб дар он ҷой надорад.

Тавре худи довталабон, омӯзгорон, падару модарон, фаъолони ҷамъиятӣ, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва дигар алоқамандон бевосита соли нуҳум аст, шоҳиданд, ки имтиҳонҳои номбурда ҳамасола шаффофу одилона ташкил ва баргузор гардида, ҳамчунин дар арзёбии донишу маҳорати довталабон низ ин принсипҳо комилан риоя мегардад.

Аз ин рӯ, ҳамеша таъкид мегардад, ки ба ҳар гуна шахсоне, ки оид ба расонидани ёрӣ дар дохилшавии довталабон ваъда медиҳанд, касе бовар накунад, чунки иҷрои чунин ваъда ва кафолатҳо аз ҷиҳати дастрасӣ ва техникию технологӣ аз имкон берун аст, ин танҳо қаллобӣ ва амалҳои коррупсионӣ асту тамом.

Дар низоми ИМД барои аз байн бурдани ҳар гуна амалҳои номатлуб, бахусус барои ба ҳадди ақал расонидани таъсири омилҳои инсонӣ дар равандҳои гуногун чораҳои зарурӣ андешида шуда, бо ин мақсад шароит ва имкониятҳои созгор фароҳам оварда шудааст. Сохтани кабинети инфиродӣ барои ҳар як довталаб ва дар он ҷой додани маълумот аз давраи бақайдгирӣ то эълони натиҷаҳо, ба таври мунтазам дар сомонаи Марказ ҷойгир кардани маводу матлабҳои гуногун ва додани иттилооти саривақтӣ вобаста ба ҳар як давру марҳила аз ҷумлаи онҳоянд. Ба ин қонеъ нашуда маъмурияти муассиса пайваста ҷиҳати пешгирӣ аз амалҳои коррупсионӣ, ташаккули тафаккури зиддикоррупсионӣ, тақвияти одобу рафтори накӯи кормандон; таҳияи санадҳои меъёрию ҳуқуқии батанзимоварандаи фаъолияти ин ниҳод ва истифода аз технологияҳои муосир ва худкорсозии равандҳо тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Коррупсия имрӯз ҳамчун яке аз мушкилоти замони муосир ва зуҳуроти манфии дорои хусусияти миллию байналмилалӣ аст ва ба яке аз масъалаҳои глобалии ҷаҳон табдил ёфтааст. Ин масъала аксари давлатҳои ҷаҳонро ба ташвиш овардааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон низ истисно нест. Бинобар ин, Марказ кору тадбирҳои зидди коррупсиониашро танҳо дар доираи нақша-чорабиниҳо маҳдуд накарда, дар ҳамаи давру марҳилаҳои  фаъолияташ тарғиботи зиддикоррупсионишаро вусъат медиҳад.

Кормандони Марказ бо софдилона ва беғаразона иҷро кардани уҳдадориҳои мансабии худ минбаъд низ дар муқобилат бо коррупсия ва пешгирӣ аз амалҳои фасодкорӣ ва ба ин васила, аз ҷумла дар татбиқи “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025)” ҳиссагузор хоҳанд шуд.

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Коэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳоКоэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳо
  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон