Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф ва илм
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯ-ОМИЛИ ПЕШРАФТИ ҶОМЕА

Нашр шуд: 23 Июли 2024
Диданд: 862

Душанбе, 27-уми июли соли 2024

Имрӯзҳо дар қатори дигар зуҳуроти хавфноку номатлуб, аз ҷумла терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир, инчунин масъалаҳои дигари ташвишовар барои ҳаёти сиёсиву иҷтимоии ҳар давлату миллат  фасод ё худ коррупсия мебошад. Коррупсия, ҳамчун падидаи ношоиста ва хатарнок, барои рушди соҳаҳои сиёсиву иқтисодӣ, некуаҳволии мардум ва суботу оромӣ монеа эҷод карда, нобовариро дар ҳама давру замон нисбат ба ҳукумат ва мақомоту сохторҳои давлатӣ зиёд месозад.

Коррупсия, дар баробари дигар хатарҳои ҷаҳонӣ, ба як масъалаи глобалӣ табдил ёфта, ба раванди иқтисодию иҷтимоии ҷомеа, бахусус мафкураи инсоният, таъсири манфӣ мерасонад. Дар шароити имрӯза пайдо кардани кишварҳои озод аз амалҳои коррупсионӣ қариб ғайриимкон гашта, ин падидаи номатлуб хусусияти умумибашариро касб кардааст.

Коррупсия яке аз намудҳои нави таҳдиди ҷаҳонӣ ба амнияти сиёсии кишварҳо буда, ба рушди тамоми самтҳои давлатдорӣ халал ворид месозад. Фаромӯш набояд кард, ки фасод ё худ коррупсия ба унвони вабои аср шинохта шуда, дар мубориза бо ин зуҳуроти хатарнок бояд мо дар якҷоягӣ саҳмгузор бошему барои бартараф кардани амалҳои коррупсионӣ талош намоем. Чунон ки 26-уми январи соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» қайд карданд: “Коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди он вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини кишвар мебошад. Аз ин лиҳоз, барои пешгирӣ кардани кирдорҳои коррупсионӣ, фароҳам овардани фазои оштинопазир ба он ва ба ин раванд ҷалб намудани тамоми мақомоти давлатӣ, воситаҳои ахбори омма ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ҷониби субъектҳои мубориза бар зидди коррупсия бояд чораҷӯӣ карда шавад.

Бо ба даст овардани истиқлоли давлатӣ ва шинохта шудани  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол ва узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ мамлакати мо муҳиму саривақтӣ ва мубрам будани мубориза бо коррупсияро ҳамчун яке аз самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии худ дониста, баҳри пешгирӣ ва аз байн бурдани он як қатор тадбирҳои судмандро роҳандозӣ намуд.

Бояд қайд кард, ки бо мақсади иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ ва ташаккули низоми шаффофи фаъолияти мақомоти идоракунӣ, сарфа ва истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ ва таъмини рушди устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10-уми январи соли 2007, №143 Политсияи андоз ва Кумитаи назорати давлатии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки то ин замон ҳамчун мақомотҳои муборизабаранда бо коррупсия амал менамуданд, барҳам дода шуда, мақомоти махсуси муборизабаранда бо коррупсия - Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри аз байн бурдани  ин раванди мураккаб ва амалҳои ношоистаи коррупсионӣ чораҳои саривақтиву лозимиро роҳандозӣ карда, барои пешгирии он як қатор қонуну санадҳои танзимкунандаро қабул кардааст. Аз ҷумла, оид ба масъалаи мубориза ва муқовимат бо ин зуҳуроти номатлуб Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» аз 25-уми июли соли 2005, № 100 қабул шуд.

Бо таъсисёбии Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 20-уми марти соли 2008, № 374 ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо коррупсия» аз 7-уми августи соли 2020, № 1714 заминаҳо барои коҳиш додани кирдорҳои коррупсионӣ мустаҳкам карда шуд.

Қабул гардидани санадҳои дигари умумидавлатӣ, аз ҷумла: «Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012» аз 26 январи соли 2008, № 34; «Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» аз 30-уми августи соли 2013, № 1504 ва «Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» аз 3-уми августи соли 2021, № 222 барои муборизаи оштинопазир бо он ва коҳиш додани сатҳи амалҳои номатлуби коррупсионӣ дар кишвар заминаи мусоид фароҳам овард.

Мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомотҳои дахлдори соҳа нест, балки ҳар як шаҳрванди ҷумҳуриро зарур аст, ки барои мубориза бар зидди ин падидаи ношоиста дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои ваколатдори соҳа ҳиссагузор бошад.

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Коэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳоКоэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳо
  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон