Душанбе, 2-юми майи соли 2024
2-юми майи соли 2024 дар маҷлисгоҳи дафтари асосии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Марказ) барои дар амал татбиқ намудани Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ) ҷаласа доир гардид.
Дар он Парвиз Асилзода, нозири калони Раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шодиниё Абдулбосит Шодӣ, муовини якуми директори Марказ вобаста ба татбиқи дурусти Методологияи мазкур суханронӣ намуданд.
Шодиниё Абдулбосит Шодӣ, муовини якуми директори Марказ вобаста ба коррупсия ва хавфҳои он суханронӣ карда, гуфт: “Коррупсия ҳамчун зуҳуроти номатлуб пайомадҳои зиёди ногувор дорад ва он метавонад, ки садди рушду суботи иҷтимоӣ ва паст кардани сатҳи иқтисодии давлат гардад. Имрӯз дар тамоми сатҳ нисбат ба ин амали номатлуб муборизаи беамон бурда мешавад. Муқовимат ба ин амали хавфовар танҳо кори як ниҳод набуда, ҳар як шахси ватандӯст вазифадор аст, ки барои пешгирии он саҳмгузор бошад”.
Ҳамчунин, Парвиз Асилзода, нозири калони Раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, вобаста ба татбиқи дурусти Методологияи зикргардида, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016, № 465 тасдиқ гардидааст, ибрози андеша кард. Ӯ зикр намуд, ки мақсад аз анҷом додани корҳо дар доираи методологияи мазкур, пеш аз ҳама, баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии хизматчиёни давлатӣ ва кормандони мақомоти давлатӣ, муайян ва пешгирии сабабу шароитҳое, ки ба содиршавии ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта оварда мерасонад, ба ҳисоб меравад.
Ҷаласа бо саволу ҷавоб оид ба масъалаҳои марбут ба коррупсия ва пешгирии ин амали номатлуб дар корхонаҳо ба охир расид.