Душанбе, 25-уми майи соли 2026
Ба таваҷҷуҳи довталабони дар давраи якум (асосӣ)-и бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон номнависшудае, ки ба гурӯҳҳои соҳибимтиёз дар имтиҳонҳои мазкур дохиланду аммо дар ин бора то ҳол ҳуҷҷати тасдиқкунандаро пешниҳод накардаанд, расонида мешавад, ки муҳлати пешниҳоди чунин ҳуҷҷатҳо то 1-уми июл муқаррар гардидааст. Таъкид мекунем, ки пас аз оғоз шудани корҳо барои эълони натиҷаҳо (баъд аз 1-уми июл) ворид кардани ҳар тағйироте ба маълумоти бақайдгирии довталаб баъзе аз равандҳои дигари имтиҳонҳоро халалдор месозад.
Инчунин, “кӯдакони маъюб”-е, ки то санаи мазкур ба синни 18 расида, барои муайян кардани гурӯҳи маъюбиашон бояд аз муоинаи тиббии навбатӣ гузаранд ва маъюбони гурӯҳҳои 1-ум ва 2-юме, ки тибқи маълумотномаи силсиладор дар бораи маъюбӣ муҳлати муоинаи тиббии навбатӣ барояшон то таърихи мазкур муқаррар гардидааст, аз муоинаи тиббии навбатӣ гузашта, маълумотномаи маъюбии силсиладорро тибқи ин натиҷаҳои муоина дар муҳлати нишондода ба Марказ пешниҳод карданашон зарур аст.
Бинобар ин, агар довталаб ба яке аз гурӯҳҳои шахсони дорои ҳуқуқ ба гирифтани имтиёз дохил бошад ё бо сабаби дигар баъд аз бақайдгирӣ ба чунин гурӯҳ дохил шуда бошад, барои гирифтани имтиёз ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаро бояд на дертар аз 1‑уми июл пешниҳод намояд.
Хотиррасон мекунем, ки маълумоти муфассалро дар бораи имтиёзҳо аз дастури иттилоотию методии “Роҳнамои довталаб”, ки гунаи электронии он дар сомонаи Марказ (https://ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=701) ҷой дода шудааст, дастрас кардан мумкин аст.





