Душанбе, 3-юми июни соли 2025
Ба таваҷҷуҳи довталабони дар давраи якуми бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон номнависшудае, ки ба гурӯҳҳои соҳибимтиёз дар имтиҳонҳои мазкур дохиланду то ҳол дар ин бора ҳуҷҷати тасдиқкунандаро пешниҳод накардаанд, расонида мешавад, ки муҳлати пешниҳоди чунин ҳуҷҷатҳо то 1-уми июл муқаррар гардидааст.
Таъкид мекунем, ки пас аз оғоз шудани корҳо барои эълони натиҷаҳо (баъд аз 1-уми июл) ҳар тағйироте дар низоми иттилоотии «Довталаб» вобаста ба маълумоти бақайдгирии довталаб сабаби халалёбии баъзе аз равандҳои дигари имтиҳонҳо мешавад.
Инчунин, “кӯдакони маъюб”, ки то 20-уми июни соли 2025 ба синни 18 расида, барои муайян кардани гурӯҳи маъюбиашон бояд аз муоинаи тиббии навбатӣ гузаранд ва маъюбони гурӯҳи 1-ум ва 2-юме, ки тибқи маълумотномаи силсиладор дар бораи маъюбӣ муҳлати муоинаи тиббии навбатӣ барояшон то таърихи мазкур муқаррар гардидааст, аз муоинаи тиббии навбатӣ гузашта, маълумотномаи маъюбии силсиладорро тибқи ин натиҷаҳои муоина дар муҳлати нишондода ба Марказ пешниҳод карданашон зарур аст.
Бинобар ин, агар довталаб ба яке аз гурӯҳҳои шахсони дорои ҳуқуқ ба гирифтани имтиёз дохил бошад ё бо сабаби дигар баъд аз бақайдгирӣ ба чунин гурӯҳ дохил шуда бошад, барои гирифтани имтиёз ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаро бояд на дертар аз 1‑уми июл пешниҳод намояд.
Хотиррасон мекунем, ки маълумоти муфассалро дар бораи имтиёзҳо аз дастури иттилоотию методии “Роҳнамои довталаб”, ки гунаи электронии он дар сомонаи Марказ (https://ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=701) ҷой дода шудааст, дастрас кардан мумкин аст.
Дар зер барои ёдоварӣ ҷадвали «Гурӯҳҳои имтиёздор дар ИМД ва балҳои имтиёзӣ» гузошта мешавад.
Гурӯҳҳои имтиёздор дар ИМД ва балҳои имтиёзӣ
№ |
Имтиёздорон |
1. |
Шахсоне, ки ба натиҷаи имтиҳонҳояшон 150 бал илова мешавад: |
1.1. |
Ятимон (бе падару модар) ва бепарасторони то 22-сола (яъне, ба синни 22 нарасида) бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ. |
1.2. |
Маъюбони гурӯҳҳои 1-уму 2-юм ва “кӯдакони маъюб”. |
2. |
Шахсоне, ки ба натиҷаи имтиҳонҳояшон 100 бал илова мешавад: |
2.1. |
Фарзандони ба синни 22 нарасидаи хизматчиёни ҳарбие, ки дар иҷрои уҳдадории хизмати ҳарбӣ ҳалок гардидаанд, ё ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои хизмати ҳарбӣ маъюб ё бемор шуда, бар асари он фавтидаанд. |
2.2. |
Ғолибони олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалии хонандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ (ба ғайр аз озмунҳои фосилавӣ), ки соҳиби медал барои ҷойи 1‑ум шудаанд*. |
2.3. |
Ғолибони озмуну фестивалҳои бадеӣ ва эҷодии байналмилалии соҳаи фарҳанг ва санъат бо тавсияномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон. |
2.4. |
Дорандагони унвони “Устоди варзиши дараҷаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Устоди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон”. |
3. |
Шахсоне, ки ба натиҷаи имтиҳонҳояшон 75 бал илова мешавад: |
3.1. |
Ғолибони олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалии хонандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ (ба ғайр аз озмунҳои фосилавӣ), ки соҳиби медал барои ҷойи 2‑юм гаштаанд*. |
3.2. |
Ғолибони озмуну фестивалҳои бадеӣ ва эҷодии ҷумҳуриявии соҳаи фарҳанг ва санъат бо тавсияномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон. |
3.3. |
Дорандагони унвони “Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон”. |
3.4. |
Довталабоне, ки 2 соли пурра хизмати ҳарбиро дар Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон адо кардаанд. |
4. |
Шахсоне, ки ба натиҷаи имтиҳонҳояшон 50 бал илова мешавад: |
4.1. |
Ғолибони олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалии хонандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ (ба ғайр аз озмунҳои фосилавӣ), ки соҳиби медал барои ҷойи 3‑юм шудаанд*. |
4.2. |
Дорандагони дараҷаи “Номзад ба устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон”. |