Душанбе, 16-уми сенятбри соли 2024
Ба таваҷҷуҳи довталабони дар давраи сеюми бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон номнависшудае, ки ба гурӯҳҳои соҳибимтиёз дар имтиҳонҳои мазкур дохиланду то ҳол дар ин бора ҳуҷҷати тасдиқкунандаро пешниҳод накардаанд, расонида мешавад, ки муҳлати пешниҳоди чунин ҳуҷҷатҳо то 20-уми сентябр муқаррар гардидааст. Таъкид мекунем, ки пас аз оғоз шудани корҳо барои эълони натиҷаҳо (баъд аз 20-уми сентябр) ворид кардани ҳар тағйироте ба маълумоти бақайдгирии довталаб баъзе аз равандҳои дигари имтиҳонҳоро халалдор месозад.
Инчунин, “кӯдакони маъюб”, ки то 10-уми сентябри соли 2024 ба синни 18 расида, барои муайян кардани гурӯҳи маъюбиашон бояд аз муоинаи тиббии навбатӣ гузаранд ва маъюбони гурӯҳи 1-ум ва 2-юме, ки тибқи маълумотномаи силсиладор дар бораи маъюбӣ муҳлати муоинаи тиббии навбатӣ барояшон то таърихи мазкур муқаррар гардидааст, аз муоинаи тиббии навбатӣ гузашта, маълумотномаи силсиладорро тибқи ин натиҷаҳои муоина дар муҳлати нишондода ба Марказ пешниҳод карданашон зарур аст.
Бинобар ин, агар довталаб ба яке аз гурӯҳҳои шахсони дорои ҳуқуқ ба гирифтани имтиёз дохил бошад ё бо сабаби дигар баъд аз бақайдгирӣ ба чунин гурӯҳ дохил шуда бошад, барои гирифтани имтиёз ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаро бояд на дертар аз 20‑уми сентябр пешниҳод намояд.
Хотиррасон мекунем, ки маълумоти муфассалро дар бораи имтиёзҳо аз дастури иттилоотию методии “Роҳнамои довталаб”, ки гунаи электронии он дар сомонаи Марказ (https://ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=701) ҷой дода шудааст, дастрас кардан мумкин аст.