Душанбе, 2-юми июни соли 2022
Ба таваҷҷуҳи довталабоне, ки ба гурӯҳҳои соҳибимтиёз дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дохиланду то ҳол дар ин бора ҳуҷҷати тасдиқкунандаро пешниҳод накардаанд, расонида мешавад, ки муҳлати пешниҳоди чунин ҳуҷҷатҳо то 1-уми июл муқаррар гардидааст.
Таъкид мекунем, ки пас аз оғоз шудани корҳо барои эълони натиҷаҳо (баъд аз 1-уми июл) ворид кардани ҳар тағйироте ба маълумоти бақайдгирии довталаб баъзе аз равандҳои дигари имтиҳонҳоро халалдор месозад.
Инчунин, “кӯдакони маъюб”, ки то 15-уми июни соли 2022 ба синни 18 расида, барои муайян кардани гурӯҳи маъюбиашон бояд аз муоинаи тиббии навбатӣ гузаранд ва маъюбони гурӯҳи 1-ум ва 2-юме, ки тибқи маълумотномаи силсиладор дар бораи маъюбӣ муҳлати муоинаи тиббии навбатӣ барояшон то таърихи мазкур муқаррар гардидааст, аз муоинаи тиббии навбатӣ гузашта, маълумотномаи силсиладорро тибқи ин натиҷаҳои муоина дар муҳлати нишондода ба Марказ пешниҳод карданашон зарур аст.
Бинобар ин, агар довталаб ба яке аз гурӯҳҳои шахсони дорои ҳуқуқ ба гирифтани имтиёз дохил бошад ё бо сабаби дигар баъд аз бақайдгирӣ ба чунин гурӯҳ дохил шуда бошад, барои гирифтани имтиёз ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаро бояд на дертар аз 1‑уми июл пешниҳод намояд.
Хотиррасон мекунем, ки маълумоти муфассалро дар бораи имтиёзҳо аз дастури иттилоотию методии “Роҳнамои довталаб”, ки гунаи электронии он дар сомонаи Марказ (https://ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html) ҷой дода шудааст, дастрас кардан мумкин аст.