Душанбе, 9-уми июни соли 2022
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад: довталабоне, ки тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ дохил шудаанд, маблағи барои хизматрасонӣ дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) дар соли 2022 пардохтаашонро бозпас гирифта метавонанд.
Хотиррасон мекунем, ки тибқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳлати пешниҳоди ариза оид ба масъалаи мазкур барои чунин довталабон то оғози имтиҳонҳои даври асосӣ (то 30-юми июн) муқаррар гардидааст.
Вобаста ба ин, агар довталаб, бинобар ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуданаш, дар имтиҳонҳо иштирок карда натавониста, маблағи пардохтаашро баргардонидан хоҳад, ӯ бояд ба Марказ ё бахши минтақавии он бо ариза (хаттӣ – бо истифода аз шакли АБМ-2) дар бораи баргардонидани ин маблағ муроҷиат намояд. Ба ариза варақаи бақайдгирӣ ва ҳуҷҷати дахлдори тасдиқкунандаи ҳолати зикршуда бояд замима карда шаванд. Ариза тибқи тартиби муқарраргардида баррасӣ карда мешавад ва аз маблағи пардохтшуда 1 % (ҳаққи хизматрасонии Бонк) ва 25 сомонӣ барои хароҷоти бақайдгирӣ, инчунин, агар азнавбақайдгириро гузашта бошад, 25 сомонии дигар барои хароҷоти ин марҳала боздошта шуда, маблағи боқимонда дар давоми 1,5 моҳ ба довталаб баргардонида мешавад.
Дар ариза оид ба баргардонидани маблағи барои хизматрасонӣ пардохтшуда бояд маълумоти шахсии аризадиҳанда ва сабаб барои баргардонидани маблағ, имзои аризадиҳанда ва таърихи пешниҳоди ариза қайд гардида, ба он ҳуҷҷат(ҳо)-и дахлдор замима карда шаванд. Дар зарурат чунин аризаро метавонад хешованди наздики соҳиби расиди бонкӣ ё довталаб пешниҳод намояд.
Маълумоти муфассалро дар бораи муҳлат ва шартҳои пешниҳоди ариза барои баргардонидани маблағи барои хизматрасонӣ дар ИМД-2022 пардохтшуда аз дастури иттилоотию методии “Роҳнамои довталаб” (https://ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=686) ва эълони “Маблағи барои хизматрасонӣ дар ИМД пардохтшуда ба кӣ ва дар кадом ҳолатҳо баргардонида мешавад” (https://ntc.tj/tj/hamai-khabarho/e-loni-mabla-i-baroi-khizmatrason-dar-imd-pardokhtshuda-ba-k-va-dar-kadom-olat-o-bargardonida-meshavad.html), ки дар сомонаи Марказ ҷойгир карда шудааст, дастрас кардан мумкин аст.