Душанбе, 15-уми майи соли 2026
Муҳлатҳо ва ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои баргардонидани маблағи ҷиҳати иштирок дар ИМД пардохташуда тибқи “Тартиби баргардондани маблағҳои барои хизматрасониҳо дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ пардохтшуда”, ки бо фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23-юми апрели соли 2025, № 488 тасдиқ ва дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми майи соли 2025, № 1345 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст.
|
Р/т |
Ҳолатҳое, ки маблағи барои иштирок дар ИМД пардохтшуда баргардонда мешаванд |
Муҳлати пешниҳоди ариза |
Ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда |
Маблағи бозпасшаванда (МБ) |
|
1 |
Агар шахсе, ки маблағи барои хизматрасонӣ дар ИМД муқарраршударо пардохтааст, аз расид истифода накарда бошад |
Бе маҳдудият |
1. Ариза (шакли АБМ-1) 2. Расид ё рақами он 3. Нусхаи корти “Амонатбонк” 4. Нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти аризадиҳанда ва инчунин, соҳиби расиди бонкӣ1 |
МБ = Маблағи пардохтшуда – Ҳаққи хизматрасонии Бонк2 |
|
2 |
Агар довталабе, ки маблағи барои азнавбақайдгирӣ муқарраршударо пардохтааст, аз нав номнавис нашуда бошад |
Бе маҳдудият |
1. Ариза (шакли АБМ-1) 2. Расид ё рақами он 3. Нусхаи корти “Амонатбонк” 4. Нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти аризадиҳанда ва инчунин, соҳиби расиди бонкӣ1 |
МБ = Маблағи пардохтшуда – Ҳаққи хизматрасонии Бонк2 |
|
3 |
Агар довталабе, ки маблағи хизматрасониро барои иштирок дар даври дуюми имтиҳонҳо пардохтааст, ба Марказ аризаро барои иштирок дар ин давр дар муҳлати муқарраргардида пешниҳод накарда бошад |
Бе маҳдудият |
1. Ариза (шакли АБМ-1) 2. Расид ё рақами он 3. Нусхаи корти “Амонатбонк” 4. Нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти аризадиҳанда ва инчунин, соҳиби расиди бонкӣ1 |
МБ = Маблағи пардохтшуда – Ҳаққи хизматрасонии Бонк2 |
|
4 |
Агар довталаб аз иштирок дар ИМД даст кашад |
Барои давраи 1-уми бақайдгирӣ – то 20.05.2026 |
1. Ариза (шакли АБМ-2) 2. Варақаи бақайдгирии довталаб 3. Нусхаи корти “Амонатбонк” 4. Нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти аризадиҳанда ва инчунин, соҳиби расиди бонкӣ1 |
МБ = Маблағи пардохтшуда – Ҳаққи хизматрасонии Бонк2 –Хароҷоти бақайдгирӣ3 |
|
5 |
Агар довталаб бо сабаби узрноки4 аз ӯ вобастанабуда дар ИМД иштирок карда натавонад |
Барои давраи 1-уми бақайдгирӣ – то 31.07.2026 |
1. Ариза (шакли АБМ-2) 2. Варақаи бақайдгирии довталаб 3. Нусхаи корти “Амонатбонк” 4. Нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти аризадиҳанда ва инчунин, соҳиби расиди бонкӣ1 5. Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи сабаби узрнок |
МБ = Маблағи пардохтшуда – Ҳаққи хизматрасонии Бонк* |
|
6 |
Агар довталаби хатмкунандаи муассисаи таълимии таҳсилоти умумии асосӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ё миёнаи касбӣ, бинобар аз аттестатсияи хатм ё ҷамъбастӣ нагузаштанаш, дар ИМД иштирок карда натавонад |
Барои давраи 1-уми бақайдгирӣ – то 25.06.2026 |
1. Ариза (шакли АБМ-2) 2. Варақаи бақайдгирии довталаб 3. Нусхаи корти “Амонатбонк” 4. Нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти аризадиҳанда ва инчунин, соҳиби расиди бонкӣ1 5. Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳолати зикршуда (аз аттестатсияи хатм ё ҷамъбастӣ нагузаштан) |
МБ = Маблағи пардохтшуда – Ҳаққи хизматрасонии Бонк2 – Хароҷоти бақайдгирӣ3 – Хароҷоти корҳои омодагию ташкилӣ |
|
7 |
Агар довталаб, бинобар ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуданаш, дар ИМД иштирок карда натавонад |
Барои давраи 1-уми бақайдгирӣ – то 30.06.2026 |
1. Ариза (шакли АБМ-2) 2. Варақаи бақайдгирии довталаб 3. Нусхаи корти “Амонатбонк” 4. Нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти аризадиҳанда ва инчунин, соҳиби расиди бонкӣ1 5. Маълумотнома дар бораи дохил шудани довталаб ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мақомоти маҳаллии идоракунии маорифи шаҳр ё ноҳияи ҷойи истиқомат |
МБ = Маблағи пардохтшуда – Ҳаққи хизматрасонии Бонк2 – Хароҷоти бақайдгирӣ3 – Хароҷоти корҳои омодагию ташкилӣ |
|
8 |
Агар довталаби аз пардохти маблағ барои хизматрасонӣ дар ИМД озод маблағро қисман ё пурра пардохта бошад |
Барои давраи 1-уми бақайдгирӣ – то 31.07.2026 |
1. Ариза (шакли АБМ-3) 2. Варақаи бақайдгирии довталаб 3. Нусхаи корти “Амонатбонк” 4. Нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти аризадиҳанда ва инчунин, соҳиби расиди бонкӣ1 5. Нусхаи ҳуҷҷат (ҳуҷҷатҳо)-и тасдиқкунандаи имтиёзи дахлдор |
МБ = Маблағи пардохтшуда – Ҳаққи хизматрасонии Бонк2 |
|
|
Агар довталаби аз пардохти қисме аз маблағ барои хизматрасонӣ дар ИМД озод маблағро пурра пардохта бошад |
Барои давраи 1-уми бақайдгирӣ – то 31.07.2026 |
1. Ариза (шакли АБМ-3) 2. Варақаи бақайдгирии довталаб 3. Нусхаи корти “Амонатбонк” 4. Нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти аризадиҳанда ва инчунин, соҳиби расиди бонкӣ1 5. Нусхаи ҳуҷҷат (ҳуҷҷатҳо)-и тасдиқкунандаи имтиёзи дахлдор |
МБ = Маблағи пардохтшуда – Ҳаққи хизматрасонии Бонк2 – Қисми маблағ (50 %) |
|
9 |
Агар довталаб аз миқдори маблағи барои хизматрасонӣ дар ИМД муқарраршуда барзиёд пардохта бошад |
Бе маҳдудият |
1. Ариза (шакли АБМ-3) 2. Варақаи бақайдгирии довталаб 3. Нусхаи корти “Амонатбонк” 4. Нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти аризадиҳанда ва инчунин, соҳиби расиди бонкӣ1 |
МБ = Маблағи пардохтшуда – Ҳаққи хизматрасонии Бонк2 – Маблағи муқарраршуда |
|
10 |
Агар ташкилоти қарзии молиявӣ маблағро барои хизматрасониҳо дар ИМД саҳван пардохта бошад |
Бе маҳдудият |
1. Мактуб 2. Расиди бонкӣ 3. Забонхати шахсе, ки расид саҳван ба номи ӯ ба расмият дароварда шудааст 3. Нусхаи корти “Амонатбонк” |
МБ = Маблағи пардохтшуда – Ҳаққи хизматрасонии Бонк2 |
ЭЗОҲ:
1. Агар аризаро ба ҷойи соҳиби расиди бонкӣ (довталаб) хешованди наздикаш (падар, модар, бародар, хоҳар, ҳамсар ё фарзанд) пешниҳод карданӣ бошад, дар ин ҳолат бояд нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти соҳиби расиди бонкӣ, яъне шахсе, ки расиди бонкӣ ба номаш ба расмият дароварда шудааст, низ замима карда шавад.
2. Ҳаққи хизматрасонии Бонк барои қабули маблағҳои хизматрасониҳои Марказ 1 % ва барои интиқоли маблағи бозпасшаванда ба шаҳрванд 0,6 % муқаррар карда шудааст. Масалан, агар довталаб бо 370 сомонӣ барои иштирок дар ИМД 2026 номнавис шуда бошад, аз ин маблағ 1 % (3,7 сомонӣ) хизматрасонии Бонк гирифта шудааст. Аз маблағи боқӣ боз 30 сомонӣ барои хароҷоти бақайдгирӣ тарҳ карда мешавад. Маблағи боқӣ (336,30 сомонӣ) бо тарҳ кардани 0,6 % (2,01 сомонӣ) ҳаққи хизматрасонии Бонк барои интиқол, яъне 334,28 сомонӣ ба шахси аризадода баргардонда мешавад.
3. Агар довталаб аз нав бо мақсади иваз кардани интихобҳои аввалии худ аз қайд гузашта бошад, маблағи барои азнавбақайдгирӣ пардохтааш, ки барои ин кор аллакай харҷ гардидааст, баргардонда намешавад.
4. Аз ҷумлаи сабабҳои узрноки аз довталаб вобастанабуда бемории вазнини довталаб, ба хизмати ҳарбӣ даъват шудани довталаб, ки бояд бо ҳуҷҷат тасдиқ шуда бошад, ба назар гирифта мешаванд.
ТАВАҶҶУҲ! Агар маблағи барои хизматрасониҳо дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ пардохтшударо ташкилоти молиявии қарзӣ ба суратҳисоби Марказ нагузаронда бошад, маблағи пардохтшуда ба шахсе, ки аз расидаш дар имтиҳонҳои мазкур истифода кардан намехоҳад ё наметавонад, аз ҷониби ташкилоти молиявии қарзии маблағро пардохта бо бекор кардани пардохт баргардонда мешавад.
Бо “Тартиби баргардондани маблағҳои барои хизматрасониҳо дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ пардохтшуда”, ки бо фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23-юми апрели соли 2025, № 488 тасдиқ ва дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми майи соли 2025, № 1345 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, дар сомонаи Марказ (https://www.ntc.tj/images/tartibi-bargardonudani-mablagh-03052023.pdf) шинос шудан мумкин аст.





