Душанбе, 2-юми майи соли 2025
Озмоиши маҳаллии арзёбии байналмилалии PIRLS 2026 (Progress in International Reading Literacy Study – Таҳқиқоти байналмилалии пешрафти саводи хондан), ки 14-уми апрели соли 2026 оғоз гардида буд, имрӯз ба анҷом расид.
Озмоиши мазкур дар 42 муассисаи таълимии таҳсилоти умумии 25 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ бо иштироки 1181 нафар хонандаи синфи 4-ум гузаронида шуд. Соли чоруми таҳсил марҳалаи муҳимми рушди кӯдакон маҳсуб мешавад, зеро дар ин марҳила хонандагон бояд малакаҳои хонишро то ба дараҷае рушд диҳанд, ки он василаи таҳсил дар омӯзиши минбаъдаи онҳо гардад.
Бояд қайд намуд, ки озмоиши мазкур дар байни хонандагони синфи 4-уми зиёда аз 60 кишвари дунё бо истифода аз таҷҳизоти компютерӣ ба таври бархату берунхат (онлайн ва офлайн) баргузор мегардад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ин таҳқиқот бори аввал доир гардид, ба таври берунхат гузаронида шуд.
Ҳамзамон, дар баробари баргузории озмоиши маҳаллии PIRLS, дар байни маъмурияти муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорон, хонандагон ва падару модарон бо мақсади муайян кардани омилҳои ба раванди таълиму тарбияи хонандагон таъсиррасон пурсиш доир карда шуд, ки дар он зиёда аз 1000 нафар иштирок карданд.
Дар ҷаҳони муосир, ки рушди иҷтимоиву иқтисодӣ беш аз пеш ба дониш, малака ва қобилиятҳои зеҳнии шаҳрвандон вобаста аст, сифати таҳсилот ба сифати ҳаёти инсон ва пешрафти кишвар таъсири мустақим мерасонад. Дар ин замина, арзёбиҳои байналмилалии сифати таҳсилот, аз ҷумла PIRLS (Progress in International Reading Literacy Study), ба ҳайси як воситаи муҳимми муқоисавӣ ва таҳлилӣ барои санҷиши сатҳи саводи хондани хонандагони синфи 4-уми мактабҳо ба ҳисоб меравад.
PIRLS як ташаббуси муҳимми Ассосиатсияи байналмилалии арзёбии дастовардҳои таҳсилӣ (IEA) мебошад, ки ҳар 5 сол дар кишварҳои гуногун гузаронида мешавад ва имкон медиҳад, ки сатҳи саводи хондани кӯдакон дар синфҳои ибтидоӣ, махсусан дар синфи 4-уми, бо истифода аз равишҳои илмӣ ва меъёрҳои байналмилалӣ арзёбӣ гардад. Ин арзёбӣ на танҳо фаҳмишу дарки хонандагонро аз матн, балки қобилияти таҳлил, хулосабарории онҳо ва истифода аз маълумотро низ месанҷад.
Иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арзёбии PIRLS як қадами муҳим дар роҳи баланд бардоштани сифати таҳсилоти ибтидоӣ ва мутобиқ намудани он ба стандартҳои ҷаҳонӣ мебошад. Тоҷикистон дар соли 2026 ба таври комил дар арзёбии байналмилалии PIRLS иштирок менамояд ва ин имкон фароҳам меорад, ки маълумоти боэътимод ва муқоисавӣ дар бораи сатҳи саводи хондани хонандагони синфи 4-ум дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ дастрас гардад.
PIRLS имкон медиҳад, ки сиёсати таълимӣ дар соҳаи рушди саводи хондан бар мабнои маълумоти илмӣ ва таҳлилӣ таҳия ва амалӣ гардад. Ба ин васила Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар муассисаҳои дахлдор метавонанд нуқтаҳои заъфро муайян намуда, тадбирҳои муассирро барои такмили барномаҳои таълимӣ, тайёр кардани омӯзгорон ва дастгирии хонандагони камтаваҷҷуҳ роҳандозӣ намоянд.
Синфи 4-ум як марҳалаи калидии таҳсилоти ибтидоӣ аст, ки дар он хонандагон бояд аз марҳалаи «омӯхтан барои хондан» ба марҳалаи «хондан барои омӯхтан» гузаранд. Дар ин син қобилияти хондан ва дарку фаҳмиш аз он ба тамоми фанҳои дигари таълим таъсири мусбат мерасонад ва заминаро барои таҳсили минбаъда фароҳам меорад. Аз ин рӯ, арзёбии сатҳи саводи хондан дар ин синф имкон медиҳад, ки муассирии низоми таҳсилоти ибтидоӣ дар кишвар муайян ва арзёбӣ гардад.
Иштироки хонандагони синфи 4-ум дар арзёбии PIRLS, аз як тараф, кумак мекунад, то омӯзгорон ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ аз сатҳи воқеии фаҳмиши матн дар байни хонандагони мактабҳои худ огоҳ гарданд ва аз тарафи дигар, ҷалби хонандагон ба чунин таҳқиқоти байналмилалӣ ҳисси масъулият, шавқу рағбат ба мутолиа ва худкорагиро дар онҳо таҳким мебахшад.
PIRLS як воситаи стратегӣ барои кишварҳоест, ки дар пайи беҳтар намудани сифати таҳсилоти ибтидоӣ мебошанд. Иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин арзёбии бонуфуз, бахусус бо ҷалби хонандагони синфҳои 4-ум, на танҳо нишондиҳандаи омодагии кишвар ба ҳамгироӣ бо низоми ҷаҳонии таълим, балки иқдоми амалӣ дар роҳи баланд бардоштани сифат ва муассирии таҳсилот мебошад.
Дар ниҳоят, маълумот ва натиҷаҳои бадастомада аз PIRLS метавонанд дар сиёсагузории миллӣ, тарҳрезии барномаҳои омӯзишӣ, рушди малакаи омӯзгорон ва беҳбудии муҳити хондан дар мактабҳо нақши ҳалкунанда дошта бошанд. Аз ин лиҳоз, иштироки фаъолонаи Тоҷикистон дар арзёбии PIRLS як зарурати стратегӣ ва кафолати рушди устувори соҳаи маориф ба шумор меравад.