Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

МОРО ДУШМАН НАСОЗЕД!

Нашр шуд: 17 Сентябри 2022
Диданд: 1531

Душанбе, 17-уми сентябри соли 2022

Шиддат гирифтани даргириҳои мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки боиси талафоти ҷонии сарҳадбонон ва афроди мулкӣ, ба коми оташ рафтану нобуд гардидани биноҳои истиқоматӣ ва иншооти таъйиноти иҷтимоӣ мегардад, тамоми мардуми Тоҷикистонро сахт ба ташвиш оварда аст.

Мутаассифона, амалҳои тахрибкорона ва дасисаву иғвоҳои низомиёни қирғиз дар давраи ба сари ҳокимият омадани ҳокимияти феълии  Қирғизистон, ки дар таъйин намудани муносибат ба ҳалли мушкилоти марзӣ ва ба расмият даровардани хатти сарҳади давлатӣ байни ду кишвар асосан раиси Кумитаи амнияти Қирғизистон Қ. Тошиев нақши калидӣ мебозад, вусъат гирифта, солҳои охир бар хилофи манфиатҳои ду миллати ҳамсоя сиёсати инкори роҳҳои осоишта ва истифода аз усулҳои тавсеаталабона дар ҳалли мушкилот ошкоро мушоҳида мешавад.

Сабаби аслии сар задани даргириҳои мусаллаҳона байни Тоҷикистону Қирғизистон асосан масъалаҳои дастёбӣ ба захираҳои табиӣ (замину об ва шабакаҳои обрасонӣ) ва шабакаҳои ҳамлу нақл (роҳҳо, пулҳо ва сохтмони самтҳои нави онҳо) бо мақсади таъмини эҳтиёҷоти рӯзафзуни мардуми ду тарафи марз аст. Аксари ин захираву шабакаҳо солҳо қабл, ҳанӯз дар замони шуравӣ сохта шуда, аҳолии чанд ноҳияи Тоҷикистону Қирғизистон аз онҳо бо роҳи осоишта ва ба таври муштарак истифода менамуданд. Дарвоқеъ истифодаи онҳо танҳо дар шароити сулҳу субот, таъмини амният дар марз имконпазир аст, зеро дар шароити ҷанг ва даргириҳои мусаллаҳона аз ин захираву шабакаҳо истифода бурдан ғайриимкон аст ва аз тарафи дигар бар асари ин даргириҳо онҳо аз байн бурда мешаванду ба харобазор табдил меёбанд.

Барои ҳар шахси огоҳ аз мушкилоти имрӯзаи ҷаҳони муосир, аз ҷумла минтақаи сукунати мо – Осиёи Марказӣ равшан аст, ки дар шароити шиддат гирифтани рақобатҳои геополитикӣ дар ҷаҳон ва вусъат ёфтани буҳрони иқтисодӣ ва низомӣ-сиёсӣ, хеҷ кишвари минтақа манфиатдори амиқ гардидани тамоилоти буҳронӣ ва мухолифат байни кишварҳои Осиёи Марказӣ намебошад, зеро ихтилофот ва даргириҳои низомӣ мушкилоти минтақаро боз ҳам бештару вазнинтар мегардонанд. Ҳодисаҳои дар нимаи аввали имсол дар ҷумҳуриҳои Қазоқистон ва Ӯзбекистон рухдода аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар дохили ҷомеаи ин кишварҳо тазодҳои зиёд вуҷуд дорад. Қирғизистон ҳам аз ин лиҳоз истисно нест, зеро рушди равандҳои сиёсӣ дар ин кишвар нишон дод, ки суботи низомҳои ҳоким нисбат ба дигар кишварҳои минтақа нигаронкунанда аст. 

Илова бар ин, бо дар назар доштани таъсири хатарҳои геополитикӣ аз ҷануби Осиёи Марказӣ, ки пас аз барқарор гардидани қудрати дубораи низоми тундрави толибонӣ дар Афғонистон эҳтимоли онҳо даҳчанд боло рафта аст, халалдор намудани амнияти минтақа ва доман задан ба ихтилофоти байни кишварҳо, дар асл теша задан ба манфиатҳои муштарак аст. Агар нухбагони сиёсии Қирғизистон дар хаёли он бошанд, ки толибон танҳо нисбат ба Тоҷикистон хусумат доранд, пас иштибоҳи бузург менамоянд.

Пас аз даргириҳои ду рӯзи охир саволҳои зиёд пайдо мешаванд, ки чаро дар лаҳзаи тақдирсози минтақа, дар замоне, ки роҳбарони ҳамаи панҷ кишвари Осиёи Марказӣ барои ҳалли масъалаҳои муҳимми сиёсӣ ва иқтисодӣ дар мулоқоти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри бостонии Самарқанд ҷамъ омадаанд, дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон даргириҳои мусаллаҳона сар мезананд. Лозим ба таъкид аст, ки аз ҷумлаи  нуктаҳои асосии эъломияе, ки кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ахиран бо номи эъломияи Самарқанд ба имзо расониданд, муосидат ба рушди муносибатҳои хайрхоҳона байни кишварҳо ва ҳалли муноқишаҳо танҳо бо роҳи дипломатӣ аст.

Оё пас аз ин, даст задани ҷониби Қирғизистон ба амалҳои харобиовар ва ба ташвишу нигаронӣ овардани мардуми осоиштаи ҳам Қирғизистону ҳам Тоҷикистон ба маънии ворид кардани латма ба обрӯю эътибори ин созмони бонуфуз, ки Қирғизистон низ узви он буда, дар баробари кишварҳои дигари минтақа, дар саммити охири он (15-16-уми сентябр) иштирок дошт, нест.

Ҳамзамон саволе беҷавоб мемонад, ки чаро пас аз ба тавофуқ расидан ба оташбас дар мулоқоти президентони Тоҷикистону Қирғизистон дар Самарқанд, низомиёни қирғиз бар хилофи аҳду паймонҳои бадастомада ба дасисаву найрангҳои худ идома медиҳанд.

Аз нигоҳи мантиқ метавон ба чунин хулоса расид: дар байни роҳбарони имрӯзаи  Қирғизистон ашхосе вуҷуд доранд, ки бо ҳар роҳу восита, аз ҷумла бо роҳи ҷангу низоъ бо ҳамсояҳои худ, мехоҳанд мавқеи худро дар саҳнаи сиёсии ин кишвар устувор сохта,  ҳатто ба презденти Қирғизистон қудрати худро нишон диҳанд. Ба назари мо ин шахси худхоҳу мансабталошу хунрези мардуми бегуноҳ раиси кумитаи амнияти кишвар Тошиев мебошад. Хотиррасон мекунем, ки воситаҳои ахбори оммаи Федератсияи Россия соли ҷорӣ Тошиевро ба чандбурдорӣ муттаҳам карда, қайд намуда буданд, ки нозирон афзоиши нашри маводди бар зидди Россия низ равонагардида дар воситаҳои ахбори оммаи Қирғизистон ва суханони тумтароқи зиддирусиро дар интернет ба ӯ рабт медиҳанд.

Бисёр ҷойи таассуф ва нигаронӣ аст, ки давлатмардони кишвари ҳамсоя бо мақсади расидан ба ҳадафҳои сиёсии хеш хуни ҳамватанон ва ҳамсоягони бегуноҳи худро мерезонанд. Коштани тухми кинаву адовату душманӣ бар зарари мардуми ҳар ду кишвар аст. Бо бовари пурра гуфта метавонем, ки мардуми одии Қирғизистон тарафдори ҷангу ҷидол ва душманӣ бо ҳамсояҳои худ нест, зеро бо шарофати сулҳу субот ва ҳаёти осоишта мардумони Осиёи Марказӣ ба пешрафту тараққиёт расида, тоҷикону қирғизҳо аз ҳаёти осоиштаи худ дар тӯли асрҳо ифтихор мекарданд ва онро посу гиромӣ медоштанд.

Дар чанд сатри дар боло оварда хостем ба эҳсосот дода нашуда, андешаи худро дар ин марҳилаи тақдирсози Тоҷикистони азизамон дар робита бо муноқиша ва даргириҳои мусаллаҳона дар марз бо Қирғизистон, ки боиси қурбон гардидани ҳамватанони мо ва мардуми кишвари ҳамсоя гардиданд, иброз намоем. Дар навбати худ ба ашхоси ҷоҳталаб ва дасисабоз дар роҳбарияти имрӯзаи Қирғизистон муроҷиат намуда, таъкид менамоем: аз гузаштаи начандон дури худ сабақ бигиред, зеро пас аз соли 1991, баъд аз соҳибистиқлол гардидани кишваратон чандин сарони давлататон бинобар ба назар нагирифтани манфиатҳои воқеии мардуми қирғиз аз мансаб барканор шуданду аз кишвар фирор ва маҳбасӣ гаштанд. Ба тақдири ояндаи миллати худ бетафовут набошед! Мардуми тоҷик барои худ ва халқи ҳамсояи қирғиз сулҳу осоиш мехоҳад. Моро душман насозед!

Коллективи кормандони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон