Душанбе, 6-уми марти соли 2026
6-уми марти соли 2026 дар толори муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе бо иштироки кормандони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди Рӯзи модар ҳамойиши идона баргузор гардид.
Модар бузургтарин офаридаи Худо, азизтарин мавҷуд барои инсон, неъмати ноёб баҳри одамиён, бахшандаи ҳаёт ба ҳамагон ва фарзандонро нирӯи дилу ҷон ва муҳаббати бекарон аст. Аз бузургии меҳру сахои ӯ ба фарзанд, ба ҷуз худи ӯ, дигар ҳар касе дар замину осмон, дар ҷаҳони ҷовидон аз тасаввураш оҷиз аст ва ин розест ниҳон барои дигарон. Гармию нур, хушию сурур ва тавону зӯр барои фарзанди инсон – ҳама аз ин муъҷизаи Илоҳӣ – аз Модар аст.
Воқеан, мо дар зиндагӣ ҳеҷ гоҳ наметавонем муҳаббатеро беҳтар ва ҳақиқиву самимитар аз муҳаббати модар дарёбем. Аз ин рӯ, модар на танҳо азизтарин шахс барои ҳар як фарзанд аст, балки мураббии беҳтарини ҳар як халқу миллат мебошад.
Модар аввалин мураббии башарият аст ва тарбияи инсон аз домони поки ӯ оғоз мешавад. Зан мураббии инсон аст, аммо на мураббӣ ва муаллиме, ки фақат сухан гӯяд, балки ҳамчун модар тамоми хислатҳои неки инсониро ба кӯдак ба таври табиӣ интиқол медиҳад. Рафтору ахлоқи модар дар сифати сирати фарзанд таъсири бевосита мегузорад. Маҳз модар дар қалби фарзандон тухми меҳру муҳаббат, дӯстиву рафоқат ва некиву накӯкориро мекорад, то насли оянда масъулиятшиносу меҳнатқарин бошад, ободкору инсондӯст ва ватанпарвар ба камол расад. Зане, ки соҳибмаърифату соҳибҳунар аст, ба масъалаи пешбурди ҳадафҳои ҷомеа низ эҳтироми хос мегузорад.
Дар оғози ҳамойиш навори табрикоти роҳбарияти Марказ ба муносибати Рӯзи модар пахш гардида, сипас аз ҷониби директори Марказ Ҷаъфарзода Сабзалӣ Файзалӣ ба чор нафар бонувон барои саҳми арзандаашон дар рушди соҳа сипоснома тақдим карда шуд. Ба ҳамаи занону бонувони Марказ туҳфаҳои идона тақдим карда шуд.
Дар идома барои болидаруҳии бонувони Марказ барномаи рангини фарҳангӣ бо иштироки аҳли санъату ҳунари кишвар пешниҳоди аҳли толор гардонида шуд.
















