Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

МО ЗИ ВАҲДАТ ХЕШРО БИШНОХТЕМ

Нашр шуд: 27 Июни 2024
Диданд: 5548

Душанбе, 26-уми июни соли 2024 

Ваҳдати миллӣ дастовард ва бозёфти арзишмандтарин барои Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳсуб меёбад. Ваҳдати миллӣ, ҳамчун ҷашни давлатӣ, ҳамасола 27- уми июн дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мешавад. Ба ҳамин муносибат Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Марказ) бо иштироки садорат ва кормандонаш 26-уми июни соли 2024 дар толори дафтари асосии худ ҷаласа баргузор кард. Дар ҷаласа, ҳамчунин ширкати сардорони бахшҳои минтақавии Марказ ба таври бархат (онлайн) таъмин гардид.

 

Ҷаласаро директори Марказ Ҷаъфарзода Сабзалӣ Файзалӣ кушода, баъди ҳозиринро ба муносибати ҷашни Ваҳдати миллӣ таҳният гуфтан пиромуни ин дастоварди даврони соҳибистиқлолии кишвар, ки яке аз идҳои асосии давлатӣ дар Тоҷикистон ба шумор меравад, изҳори назар кард.

Ҷаъфарзода С. Ф., аз ҷумла гуфт, мардуми Тоҷикистон бо мафҳуми “Ваҳдат” танҳо дар забон ва истилоҳу луғат не, балки дар зиндагиаш, дар рӯзгору дар амалаш ошно аст ва он ба муқаддасоташ табдил ёфтааст. Ваҳдати миллӣ, яъне ваҳдати тамоми тоҷикистониён, ваҳдати ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ягонагии ҷамъи мардуми кишвар, иттиҳоди ҳамаи халқу миллату қавмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Ваҳдати миллӣ афкору андеша, ҳадафу ният, ормону орзуи ягонаву  воҳид доштани кулли мардуми кишвар, тамоми ҷомеаи мамлакат барои пос ва нигаҳдории арзишҳои милливу давлатӣ, ҳифзи истиқлоли давлатӣ ва  дастовардҳои он, муттаҳид будан бо ғояву армонҳои ягона баҳри ободиву пешрафти ҳамаҷонибаи давлату мамлакат, шинохти бештари таъриху фарҳанги миллат бо мақсади ҳифозати он аз харобию нобудӣ, иттиҳоди тому куллӣ доштан ва рушди мафкураи миллӣ бо мақсади тараққиёти комилу ҳаматарафаи давлати миллӣ ва амсоли ин аст.

Дар бунёду пойдории ин Ваҳдати миллӣ, пеш аз ҳама, саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиёду намоён аст. Маҳз кӯшишу талоши беандоза, ҷасорату фаросати сиёсии Президенти мамлакат буд, ки ҷои ҷангу хунрезию нифоқу адоватро дар кишвари мо сулҳу амну оромӣ гирифт. Ваҳдати миллӣ таъмингари истиқлоли давлатӣ ва тамомияти арзӣ, якпорчагии Ватан, суботу пойдории давлати Тоҷикистон, таҳкими демократия, рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ҳифзи арзишҳои таърихии давлатдории миллӣ низ шуд. Мо бояд ба қадру манзалати сулҳу субот, истиқлоли давлатдории миллии худ расем, худро ҳамтақдир ва ҳаммароми миллати хеш донем ва аз неъмати бузурги Ватану ватандорӣ ифтихор намоем. Ҳифзи дастоварди нодир ва таърихии халқамон, яъне ваҳдати миллӣ вазифаи муҳимтарин ва аввалиндараҷаи тамоми мардуми Тоҷикистон аст, – қайд кард директори Марказ Ҷаъфарзода С. Ф.

Дар ҷаласа сардори раёсати маводди имтиҳон Азимов Ҷ. ва сармутахассиси фанни таърихи ин раёсат Зарифов Н. дар бораи  Ваҳдати миллӣ, ҳамчун рӯйдод, дастовард, муқаддасоти миллию давлатӣ ва аҳаммияти он барои иттиҳоди халқу миллат ва ҳифзи арзишҳои миллӣ ибрози андеша карда, аз ҷумла таъкид карданд, ки маҳз ба шарофати истиқлоли давлативу ваҳдати миллӣ заминаҳои рушду пешрафти кишвар фароҳам омад ва мамлакат ба комёбиҳои назарраси сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ ноил шуд.  Ваҳдати миллӣ барои амалисозии ормонҳои миллӣ ва ҳадафҳои бузурги давлатӣ заминаи воқеӣ гузошт.

Дар идомаи ҷаласа чанде аз кормандони дигари Марказ низ дар атрофи Ваҳдати миллӣ ибрози назар карданд.

 

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон