Душанбе, 25 феврали соли 2014. Маркази миллии тестӣ аз тобеияти Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ бароварда шуд. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10-уми феврали соли 2014, таҳти №138 дар заминаи Муассисаи давлатии “Маркази миллии тестӣ” Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Ин тасмим дар ҷаласаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ки дар таърихи 21.02.2014 баргузор гардид, эълон шуд. Дар ҷаласаи мазкур ҳамчунин роҳбарияти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иваз гардид. Хуршед Тешаев директор ва Сабзалӣ Ҷаъфаров ба вазифаи муовини якуми директори марказ таъйин шуданд.