2–юми апрели соли 2014 соати 09:00 дар маҷлисгоҳи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи “Қабули имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорат дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон”бо иштироки ректорон ва намояндагони масъули 14 муассисаи таҳсилоти олии касбие, ки имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорат қабул менамоянд, гузаронида шуд.
Дар ҷамъомад масъалаҳои омодагӣ барои гузаронидани ИЭМ баррасӣ гардид. Аз ҷумла, лоиҳаи ҷадвали гузаронидани имтиҳонҳои мазкур муҳокима ва қабул гардид, ки барои тасдиқ ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол мегардад.