МАТЛАБИ МАТБУОТӢ
оид ба оғози семинарҳои омӯзишӣ барои тренерони кормандони муваққатӣ барои баргузории ИМД-2018
Душанбе, 14-уми майи соли 2018
Мутобиқи банди 46-уми “Тартиби гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми марти соли 2018, № 81 тасдиқ шудааст ва тибқи нақшаи чорабиниҳо оид ба ташкил ва гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2018-2019 бо мақсади омода намудани тренерон дар 4 минтақаи ҷумҳурӣ – Душанбе, Кӯлоб, Бохтар ва Хуҷанд бо шумораи 65 нафар иштирокдор давраи 1-уми семинар- машварати омӯзишӣ барои омода кардани кормандони муваққатӣ ҷиҳати гузаронидани ИМД-2018 баргузор мегардад. Аз рӯйи эълон дар ин бора 44 нафар ба ҳайси тренер ҳуҷҷат супоридаанд. Аз ин 44 нафар мувофиқи нақша 31 нафар ба кор ҷалб карда мешаванд. Инчунин, аз ҳисоби кормандони Марказ 21 нафар дар ин семинар иштирок менамоянд.
Семинар-машварат аз 15-ум то 16-уми майи соли 2018 дар шаҳри Душанбе барои намояндагони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз 18-ум то 19-уми май дар шаҳри Хуҷанд барои намояндагони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, дар шаҳри Кӯлоб барои намояндагони шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ва дар шаҳри Бохтар барои намояндагони шаҳру ноҳияҳои водии Вахши вилояти Хатлон баргузор мегардад.
Ҳайати гурӯҳи корӣ барои ташкил ва баргузории семинар-машварати омӯзишӣ барнома ва модули омӯзишӣ ва маводи иловагии ёрирасонро омода намудааст.