Душанбе, 12-уми январи соли 2018
Адабиёти ҳар миллат яке аз унсурҳои муҳими ифодакунандаи афкору андешаи он ба шумор меравад. Адабиёти тоҷик ба унвони беназиртарин адабиёт, муаррифгари андешаҳои солиму созанда ва башардӯстонаи фарзандони фарзонаи миллат ба ҷаҳониён аст, ки гӯяндагонаш ҳамвора ҳамдиливу меҳрубонӣ ва оромишу суботи оламро талқин менамуданд.
Дар раванди ҷаҳонишавӣ таваҷҷӯҳ ба адабиёт ва фарҳанги миллӣ беш аз ҳар вақти дигаре ниёзи ҷомеа мебошад. Зеро таҳоҷуми фарҳанги бегона имкон дорад, ки бедорӣ ва ҳувияти миллии халқҳоро аз байн барад ва мафҳумҳои арзишманде аз қабили забон, фарҳанг, Ватан, миллат ва амсоли инро барои насли ҷавон беарзиш ҷилва диҳад, ки хатари бузурге барои амнияти миллӣ дорад. Набояд фаромӯш кард, ки ин мафҳумҳои муқаддас дар назди ниёгони мо ҳамеша гиромӣ будаанд ва далели онро метавон дар ашъору осори эшон возеҳу ошкор мушоҳида кард. Дар тӯли таърихи мавҷудияти миллати тоҷик касе натавонистааст, ки миллати бофарҳанги моро инкор намояд, агарчи талошҳои хеле зиёде ҳам дар тӯли таърих сурат гирифтааст. Далели аслии он фарзандони донишманд ва шуҷоъ ва шоирону нависандагони бузурге мебошанд, ки осори эшон ба унвони сипари муҳкаме дар баробари таблиғоти нодурусти бегона истодагӣ кардааст. Фирдавсӣ бо шиори маъруфи худаш вақте мегуфт:
Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,
Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.
Ин паём дар дили ҳозорон тоҷик ҳисси мардонагиву шуҷоатро бедор месохт то Ватанашро аз бегонагон ҳифз намуда, амнияти кишварашро аз ҷонаш ҳам муқаддас дорад. Адабиёти тоҷик ба унвони ғизои маънавии гузаштагони мо дар вуҷуди наслҳо ҳисси ватандӯстиву ватанпарастиро пайваста тараннум менамудааст.
Тақрибан ҳамаи шоирони тоҷик ба масъалаи амнияти миллӣ ва ҳамдилӣ дар осрашон таъкидҳои фаровон доштаанд ва онро ба унвони як мавзӯи муҳим баррасӣ намудаанд. Мазомин ва мафоҳими бештари ашъори классикони мо тарғиби амнияту субот ва ҳамдиливу ҳамзистӣ ба шумор меравад. Ин мафҳум бештар бо мафҳуми ваҳдату иттиҳод миёни мардум дар шеъри форсӣ корбаст гардидааст.
Яке аз шоирони бузурги мо Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар китоби хеш «Маснавии маънавӣ», ки муаррифгари фарҳангу тамаддун ва адабиёти ғании мо дар арсаи ҷаҳон мебошад, тарғиботи зиёде ба масъалаи амнияту субот ва ҳамдилӣ намуда, тафриқа ва ифротгароиро бо тамсилҳои бисёр зебое маҳкум кардааст. Вай омилони тафриқаро бебаҳра аз «руҳи инсонӣ» дониста, онҳоро баҳравар аз «рӯҳи ҳайвонӣ» мепиндорад, ки аз имтиёзи инсонӣ бархӯрдор нестанд ва мисли «сафоле ҷомид»-анд:
Тафриқа дар рӯҳи ҳайвонӣ бувад,
Нафси воҳид рӯҳи инсонӣ бувад.
Рӯҳи инсонӣ «канафсин воҳид» аст,
Рӯҳи ҳайвонӣ сафоли ҷомид аст.
Ақл ҷуз аз рамзи ин огоҳ нест,
Воқифи ин сир ба ҷуз Аллоҳ нест.
Аз дидгоҳи Мавлавӣ инсони ҳақиқӣ он аст, ки рӯҳи инсонӣ дошта бошад ва бо инсонҳои дигар пайваста дар дӯстӣ ва ҳамдилӣ бошад ва амнияти касеро дар хатар наандозад ва ба касе озору азият нарасонад ва ин ҳикматро танҳо касоне, ки аз ақли инсонӣ баҳра доранд, метавонанд дарк кунанд.
Ҳофизи Шерозӣ низ дар девони худ таъкидҳои фаровоне бар масъалаи амнияту субот ва ҳамдилии байни инсонҳо дорад. Вай мегуяд:
Мабош дар пайи озору ҳарчи хоҳӣ кун,
Ки дар шариати мо ғайр аз ин гуноҳе нест.
Яъне меҳвари тамоми бадбахтиҳо ва гуноҳони бузург ин озор расонидан ба мардум ва барҳам задани амнияту субот дар ҷомеа мебошад. Мегӯяд ҳар коре, ки мехоҳӣ бикун, аммо ин нуктаро мадди назар дошта бош, ки зарар ба мардум нарасонӣ. Ҳофиз хеле моҳирона ва дар зеботарин шакл фикрашро баён доштааст. Дарвоқеъ, мардумозорӣ сарчашмаи тамоми нобасомониҳост. Вақте инсон аз мардумозорӣ даст мекашад ва ба инсонҳо дар фазои дӯстиву бародарӣ зиндагӣ мекунанд, дигар кори баде аз ӯ сар намезанад, зеро ҳар кори баде дар дунё натиҷааш ба озори мардум хатм мешавад. Ҷойи дигар бо андешаи риндонаи худаш фаротар рафта ва мегӯяд:
Май бихур, Мусҳаф бисӯзу оташ андар Каъба зан,
Сокини бутхона бошу мардумозорӣ макун.
Албатта ғарази аслии шоир ин нест, ки Мусҳафро бисӯз, ё оташ дар Каъба андозем, балки Лисону-л-ғайб мехоҳад бигӯяд, ки бадтарин гуноҳҳо ва бузургтарини айбҳо ин мардумозорист.
Ҳофиз мегӯяд, ҳеҷ амале дар дунё бидуни посух намемонад. Агар аъмоли баде аз ту сар зад, мутамаин бош, ки дер ё зуд он амали бади ту аз ҷониби касе ошкор хоҳад шуд. Вай барои касоне, ки фикр мекунанд, аъмоли бади онҳо гӯё ҳамеша пинҳон мемонад, бо тамсили бисёр зебое рафтор ва пиндори ононро ба тире ташбеҳ мекунад, ки пас аз раҳо шудан аз камон чанд масофаеро тай мекунад, вале саранҷом ҳатман ба замин меафтад:
Ба болу пар марав аз раҳ, ки тири партобӣ
Ҳаво гирифт замоне, вале ба хок нишаст.
Ҷойи дигар андешаашро тақвият дода, худкомагиро нишони бадбахтӣ ва сабабгори аслии барҳамзадани оромиш медонад ва таъкид мекунад, ки одами худкома кораш оқибат ба бадномӣ кашида хоҳад шуд:
Ҳама корам зи худкомӣ ба бадномӣ кашид охир,
Ниҳон кай монад он розе, к-аз ӯ созанд маҳфилҳо.
Масъалаи созиш ва мадоро дар осори Ҳофиз ҷойгоҳи махсус дорад. Вай таъкид мекунад, ки одамон бояд бо якдигар мудоро ва муросо дошта бошанд, то амният ва субот дар ҷомеа халалдор нагардад. Вақте амнияту субот дар ҷомеа халалдор гардид, ҳама бо ҳам дар оташи бало хоҳанд сӯхт. Аз ин рӯ, шоир дар ҳама ҳолат ҷангу ҷидол ва ҳар чизе, ки боиси барҳам задани оромиш мешавад, ҳатто агар маломат бикашад, ба хушӣ ва оромиш даъват мекунад:
Вафо кунему маломат кашему хуш бошем,
Ки дар тариқати мо кофарист ранҷидан.
Вай мардумро ба сабру бурдборӣ даъват мекунад, чунончӣ:
Агар дашном фармоӣ вагар нафрин, дуо гӯям,
Ҷавоби талх мезебад, лаби лаъли шакархоро.
Барои оромиш ва барҳам нарехтани амният, агар дашном ҳам бишнавӣ, боз ҳам бояд сабр кард ва гуфт «ҷавоби талх мезебад лаби лаъли шакархоро». Ин мисраъ нишондиҳандаи таваҷҷӯҳи бисёр зиёди Ҳофиз ба масъалаи оромиш аст.
Ё ҷойи дигар мегӯяд:
Ҳофиз аз боди хазон дар чамани даҳр маранҷ,
Фикри маъқул бифармо, гули бехор куҷост?.
Агар як зуҳуроте туро нороҳат кард, зуд ба хотири он чизи камарзиш амнияти ҷомеаро набояд барҳам занӣ ва барои хоҳиши худат ва ё манфиати як гурӯҳи муайян набояд кореро кунӣ, ки оромиши ҷомеа барҳам зада шавад. Бо ибораи дигар, одам агар камбудие дар зиндагиаш ба вуҷуд омад, набояд ба хотири он коре кунад, ки оқибат ба барҳам задани назми ҷомеа оварда расонад.
Муҳимтарин омили мадоро аз дидгоҳи Ҳофиз эҳтирм гузоштан ба андешаҳои солим аст. Агар инсонҳо ба андешаҳои хуби якдигар эҳтиром гузоранд, ҷомеа ба оромиши комил даст хоҳад ёфт. Барои ҳамин ҳам мегӯяд:
Биё ки навбати сулҳ асту дӯстиву сафо,
Ки бо ту нест маро ҷангу моҷаро, Ҳофиз.
***
Як ҳарфи сӯфиёна бигӯм, иҷоза ҳаст?
Ин нури дида сулҳ беҳ аз ҷангу доварӣ!
Аз баррасии анҷомшуда метавон ба натиҷае расид, ки дар ашъори классикони мо масъалаи амнияту субот дар ҷойи аввал қарор дошта, ҳифзу нигаҳдории ин неъмати бебаҳо бо ҳар қимате, ки набошад, арзиш дорад. Аз ин рӯ, мо пайравону ворисони ин ниёгони бузургро мебояд барои оромиву осудагии кишварамон ҳарчи аз дастамон ояд анҷом диҳем, зеро пешрафти модииву маънавии ҷомеа аз амнияту субот дар кишвар вобастагӣ дорад.
Абдувалӣ Сатторов,
унвонҷӯи ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров
Бознашр аз сомонаи Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (http://din.tj/?q=node/448).