Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2023
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2023
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2023-2024 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
  • Саволу ҷавоб

МАРОСИМИ СУПОРИДАНИ МУКОФОТИ ДАВЛАТӢ

Нашр шуд: 05 Сентябри 2023
Диданд: 1494

Душанбе, 5-уми сентябри соли 2023

4-уми сентябри соли 2023 дар дафтари асосии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Марказ) бо иштироки кормандон ҷаласа баргузор гашт, ки ба супурдани мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як нафар корманди Марказ ихтисос дода шуда буд. Дар он сармутахассиси таҳриру тарҳрезии корҳои табъу нашр (сармуҳаррир)-и Марказ Фазлиддинзода Абдулбосит Фазлиддин бо мукофоти давлатӣ – медали “Хизмати шоиста” қадрдонӣ карда шуд.

Дар ҷаласаи ифтихорӣ Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа ва Оқилзода Нурулло, мушовири калони бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун намояндаи Президенти Ҷумҳурӣ, барои супоридани медали “Хизмати шоиста” ба корманди мазкур ширкат ва суханронӣ карданд.

Ҷаласаро Ҷаъфарзода Сабзалӣ Файзалӣ – директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сухани муқаддамотӣ кушода, оид ба сиёсати илму маорифпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурӣ таҳти сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастгирии аҳли зиёву фарҳанг аз ҷониби Пешвои миллат, дастовардҳои даврони истиқлол дар соҳаи маориф мухтасар ибрози назар кард.

Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз 21.08.2023, № 618 дар бораи бо медали “Хизмати шоиста” сарфароз карда шудани Фазлиддинзода Абдулбосит Фазлиддин хонд ва мукофоти мазкурро ба Абдулбосит Фазлиддин ба таври мутантан супорид.

Насриддинзода Э. С. таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба Маркази миллии тестӣ ва сарфарозгардонии як нафар корманди онро боз як нишони ғамхориҳои Президенти кишвар нисбат ба нирӯҳои зеҳнии мамлакат, нисбат ба мутахассис, нисбат ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ ҳисобид. Чунин ғамхориҳо омили ҳавасмандии табааи кишвар, омили ангезиши ҳар як шаҳрванд баҳри кӯшишу талошҳои нав ба нав дар арсаи ободию пешрафти ватан хоҳад шуд, – гуфт ӯ.

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (даври сеюм)Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (даври сеюм)
  • Рӯйхати ихтисосҳои дорои ҷойҳои холӣ (бақайдгирии давраи 3-юм)Рӯйхати ихтисосҳои дорои ҷойҳои холӣ (бақайдгирии давраи 3-юм)
  • Балҳои гузариш дар комбинатсияи ихтисосҳо дар ИМД-2023Балҳои гузариш дар комбинатсияи ихтисосҳо дар ИМД-2023
  • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо – 2023Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо – 2023
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2023ТАҚВИМИ ИМД – 2023
  • Феҳристи ихтисосҳо ва вазни субтестҳоФеҳристи ихтисосҳо ва вазни субтестҳо
  • Тарзи истифодаи кабинети инфиродӣТарзи истифодаи кабинети инфиродӣ

Мақолаҳо

 Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2023 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон