Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати довталабон мерасонад:

Нашр шуд: 16 Июли 2014
Диданд: 944

Душанбе, 16 июли соли 2014

Муҳлати пешниҳоди аризаҳо оид ба иҷозат додан ба имтиҳонҳои иловагӣ барои довталабоне, ки бо сабабҳои узрнок дар даврҳои асосии имтиҳонҳо – қисми А (имтиҳони умумӣ) ва қисми Б (имтиҳони ихтисос) иштирок карда натавонистанд 16 июли соли 2014 сипарӣ шуда, бинобар омодагӣ ва оғоз гардидани равандҳои технологии навбатии имтиҳонҳои иловагӣ аризаҳо дигар барои иҷозат додан ба имтиҳонҳои мазкур қабул карда намешаванд.

Имтиҳонҳои иловагӣ барои довталабоне, ки дар хусуси бо сабабҳои узрнок иштирок карда натавонистан қаблан ариза ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда пешниҳод кардаанд ва тибқи қарори комиссияи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имтиҳонҳои иловагӣ иҷозат дода шудаанд, барои ҳамаи кластерҳо дар маркази имтиҳонии № 01/02  рӯзҳои 22 июл (аз рӯйи қисми А) ва 23 июл (аз рӯйи қисми Б) баргузор мегарданд. Чуноне ки аксарият медонанд, тибқи тартиби тасдиқгардида, имтиҳонҳои иловагӣ вобаста ба теъдоди довталабони иҷозатдодашуда танҳо дар марказҳои имтиҳонии шаҳри Душнабе гузаронида мешаванд.

Макони ҷойгиршавии маркази имтиҳонии № 01/02–шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 59 (мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 25 ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, шафати муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино, рӯ ба рӯи Беморхонаи марказии Қаряи Боло).

Довталабон барои воридшавӣ ба маркази имтиҳонӣ бояд бо худ шиноснома ё ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият бо сурат ва даъватнома дошта бошанд. Ҳозиршавӣ ба имтиҳон – на дертар аз соати 7:30. Барои истифода дар имтиҳон инчунин ручкаи шаффофи рангаш сиёҳ низ гирифтан лозим аст.

Лозим ба қайд аст, ки имтиҳонҳои иловагӣ тибқи тартиби тасдиқнамудаи Марказ ташкил карда шуда, ҷиҳати таъмини шаффофият ва афзудани боварии ҷомеа нисбати низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ имтиҳонҳои иловагӣ таҳти назорати қатъӣ ва ҷиддӣ бо риояи тартиби муқарраргардидаи гузаронидани имтиҳонҳо баргузор шуда, тамоми раванди имтиҳонҳо тавассути камераҳои назорати видеоӣ наворбардорӣ ва сабт карда мешавад.

 

Дар сурати пайдо шудани саволҳо метавонед бо телефонҳои 224-53-66, 224-53-67, 915-98-00-64 дар тамос шавед.

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон